Баҳодур Зиёмидинов

Баҳодур Мирзомидинович Зиёмидинов (тав. 17.04.1967) ноҳияи Ашт , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои физика-математика (2016), дотсент

Баҳодур Зиёмидинов
Баҳодур Мирзомидинович Зиёмидинов
Таърихи таваллуд 17 апрел 1967(1967-04-17) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Ҷойҳои кор Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов,Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Баҳодур Зиёмидинов соли 1992 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси омӯзгори математика хатм кардааст.

  • Солҳои 1992-1998 – Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 - и ноҳияи Ашт
  • Солҳои 1998-2004 – Муҳандис-барномасоз, ассистенти кафедраи математикаи олии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
  • Солҳои 2004-2005 – Коромўзи Донишгоҳи давлатии техникии ш. Вологдаи Федератсияи Россия
  • Солҳои 2005-2006 – Муаллими калони кафедраи фанҳои умумитаълимии коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов
  • Солҳои 2006 - 2008 – Сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
  • Солҳои 2008 - 2009 – И.в. мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ
  • Солҳои 2009-2012 – Сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ
  • Солҳои 2012-2013 – Сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДКМТ
  • Солҳои 2013-2018 – Сармуаллими кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ
  • Солҳои 2018-2019 – Сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
  • Аз соли 2019 – то ҳоло – Дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон[1]

Эзоҳ вироиш