Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) — яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ҷойгир аст.

*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
(ДДҲБСТ)
ДДХБСТ.jpg
Соли таъсисёбӣ 1993
Навъ Давлатӣ
Донишҷӯён беш аз 6400
Омӯзгорон 349
Мавқеъ ш. Хуҷанд,  Тоҷикистон
Сайт tsulbp.tj

Бинои асосии ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд

ТаърихВироиш

Донишгоҳ тибқи Қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1993 ва қарори Кумитаи Шӯрои депутатҳои вилояти Ленинобод аз 31.03.1994 таъсис дода шуда, аз ибтидои фаъолият ру ба инкишоф ниҳод. Микдори умумии донишҷӯён дар ДДҲБСТ дар соли таҳсили 2011-2012 5497 донишҷӯёнро ташкил медод. Аз он 3012 донишҷўён дар шуъбаи рӯзона ва 2485 донишҷӯ дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамояд. Айни ҳол теъдоди умумии донишҷӯён дар донишгоҳ 6411 нафарро ташкил медиҳад. Донишҷӯён аз рўи 22 ихтисосҳои хубу забонавӣ таҳсил менамоянд. Донишгоҳ дорои 3 бинои таълимӣ, 1 китобхонаи марказии таълимию илмӣ, 1 хобгоҳ, 4 нуқтаи хўроки омма, 1 кабинети махсусгардонидашуда, 3 толори маҷлис, 4 синфхона- маркази компютерӣ мебошад. Дар донишгоҳ 349 нафар омўзгорони штатӣ, аз ҷумла 17 нафар докторони илм ва 122 нафар номзадҳои илм фаъолият мебаранд.[1]

ФакултетҳоВироиш

  • Факултети ҳуқуқшиносӣ
  • Факултети бизнес ва идоракунӣ
  • Факултети молия
  • Факултети баҳисобгирӣ ва андоз


МаъмуриятВироиш


ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш