Баҳодур Файзуллонависандаи муосири тоҷик, аз соли 1957 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Баҳодур Файзулло
Баҳодур Файзулло
Таърихи таваллуд: 26 сентябр 1933(1933-09-26)
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 2008(2008)
Маҳалли даргузашт: Истаравшан
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома

вироиш

Баҳодур Файзулло 26 сентябри соли 1933 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Истаравшан ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1957 хатм намуд. Фаъолияти кориашро соли 1957 дар маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз карда, то соли 1991 чун мухбири сайёр, ходими адабӣ ва муҳаррири калони шуъбаи адабӣ хидмат намуд. Соли 1991 ба зодгоҳаш - шаҳри Истаравшан баргашт ва чун раиси бахши шаҳрии Бунёди забони тоҷикӣ фаъолият кард.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи китобҳои «Ками мову карами Шумо», «Як дақиқа берун бароед», «Обсофкунак», «Камкори сертарадуд», «Бандаи ханда» ва ғайраҳо мебошад. Навиштаҳояш дар маҷаллаҳои «Крокодил», «Журналист», «Звезда Востока», «Шарқ Юлдузӣ», «Гулистон» чоп шудаанд. Дар ҷамъоварии осори парокандаи Зуфархони Ҷавҳарӣ хидматҳои назаррас карда, осори шоирро бо номи «Мунтахаби осор» пешкаши хонандагон намудааст. Аз ҳаёт ва фаъолияти шахсони барӯманди диёр очеркҳо навишта, муаллифи зиёда аз 200 адад фелетонҳои хурду калон мебошад. Баҳодур Файзулло соли 1957 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Баҳодур Файзулло соли 2008 аз олам чашм пӯшид.

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.