Баҳоия
Баҳоия (форсӣ: بهائیه) — як шохаи бобия, ки муассисаш Мирзо Ҳусайналии Нурӣ мулаққаб ба Баҳоуллоҳ (1817—1892) мебошад.
Он дар садаи 19 аввал дар Ироқ ва баъдтар дар Эрон арзи вуҷуд намуд. Баҳоуллоҳ тақрибан дар 30-солагӣ бобияро пазируфта, худро яке аз муридони наздики Боб эълон кард. пайравонаш ӯро «Алвоҳи илоҳӣ» меномиданд. Ӯ дар Теҳрон бо туҳмати сӯиқасд ба Шоҳ Аббос ҳабс карда шуд. Баъди аз маҳбас баромаданаш ба Бағдод рафта, дар Сулаймония иқомат ихтиёр кард ва дар он ҷо ба Баҳоия асос гузошт. Баҳоуллоҳ с. 1863 худро ҳамон пайғамбаре эълон кард, ки Боб дар бораи риҷъаташ хабар дода буд. Баҳоия усулан шакли буржуазии ислоҳгароёнаи динӣ буд. Баъди вафоти Баҳоуллоҳ роҳбарии равияи мазкурро писараш Аббос Афандӣ мулаққаб ба «Абдулбаҳо» ба уҳда гирифт.
Таълимоти Баҳоия дар «Китобу-л-акдас» ва «Инсон»-и Баҳоуллоҳ, ки он бояд «Қуръон» ва «Баён»-и бобияро иваз менамуд, ифода ёфтааст. Баҳоия баъзе унсурҳои таълимоти бобия, махсусан баромади мусаллаҳона бар зидди ҳокимиятро рад намуда, манфиатҳои буржуазияи тозабунёдро ифода мекард ва роҳи тарғиби ғояҳои динию баробарии ҳамаи мардумро пеш гирифт. Он тарафдори моликияти хусусӣ ва таъсиси давлату забони ягонаи ҷаҳонӣ ва дини ягонаи умумиинсонӣ буд. Баҳоия таълимоти худро, ки аз ақидаҳои Аҳмади Ақсоӣ ғизои маънавӣ гирифтааст, воситае мешумурд, ки дар сурати интишор ёфтанаш на фақат ҷойи дигар динҳоро бояд мегирифт, балки ҳудуди миллию давлатию иҷтимоиро низ аз байн мебурд. Баҳоия таассуби диниро рад намуда, созиши дини ислом бо дигар динҳоро талқин мекард, нуктаҳои аҳкомпарастонаи исломро намепазируфт.
Илоҳиётшиносон ва пайравони ин дин Баҳоияро дини сифатан нав талаққӣ кардаанд. Муътақидони он якдигарро озор надода, дӯстию рафоқатро тарғиб менамуданд, зидди зулму истибдоди Қоҷориён дар Эрон буданд ва хайру накӯ¬кориро тарғиб менамуданд.
Дар Баҳоия мисли бобия мансабу мартаба вуҷуд надошт ва тамоми умурро аъзои маҷлис озодона ва бо ҳамкории якдигар идора мекарданд. Ҳамаи аъзои маҷлис дар «Байтуладл», ки дар деҳкадаҳо ва шаҳрҳо таъсис дода мешуданд, зиндагӣ мекарданд, масъалаҳои ҳуқуқиро тибқи анъанаҳои бобия дар амал ҷорӣ менамуданд, ҷавру зулм ва умуман зӯровариро дар таълимоташ рад мекарданд. Баҳоия дар Миср, Амрикои Шимолӣ ва Аврупо низ паҳн шуд.
Тарафдоронаш дар он ҷойҳо ғояи ваҳдати инсониятро тарғиб намуда, ба таълимоти худ ҷанбаи байналмилалӣ медоданд. Бино ба маълумоти муҳаққиқон, дар Чикаго маъбади баҳоиён мавҷуд аст. Баҳоия барои ноил шудан ба ойину осоиши умумӣ, баробарӣ ва интишори дини умумиинсонӣ, ки моҳиятан манфиати буржуазияи навтавлид дар мамолики Шарқро ифода мекард, аз роҳи мусолиҳакорӣ мубориза мебурд. Ташкилоти Баҳоияро баъди писари Баҳоуллоҳ наберааш Шавқи Раббонӣ (Афандӣ) идора мекард. Дар солҳои 20 садаи 20 фаъолияти Баҳоия дар Ашқобод ба мушоҳида мерасид, вале он фаъолияти худро бо таҳкими ҳокимияти шӯроҳо дар он ҷо ба куллӣ қатъ намуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳоия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.