Баҳористон (осоишгоҳ)
«Баҳористон» — осоишгоҳ дар вилояти Суғд. 22 майи 2011 дар соҳили обанбори Қайроққум сохта шудааст. Масоҳат 22 га. Масофа аз Гулистон то Баҳористон — 20 км.
Табиат
вироишИқлими маҳал континентӣ ва хушк буда, вобаста ба фаслҳо тағйир меёбад. Ҳарор. миёнаи январи — 4 — +10 °C, июл 16-29 °C. Дар ҳудуди «Баҳористон» 5 бинои замонавӣ қомат афрохтааст. Дар бинои асосии «Баҳористон» 61 утоқи зисти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамчунин китобхона, сартарошхона, машшотахона, толори билиардбозӣ ва ғ. қарор доранд. Бинои якум аз 46 утоқ иборат буда, дар он 92 нафар ҷой мешавад. Бинои дуюми «Баҳористон» барои фароғат ва муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар он утоқҳои табобат, ошхона, толори варзиш ва ғ. ҷойгиранд. Бахши муолиҷавии осоишгоҳ аз 5 утоқи муоинаву ташхис ва 17 утоқи табобати бемориҳо иборат аст; барои 96 нафар ҷойи зист дорад. Бинои табобатии "Баҳористон" бо таҷҳизоти замонавии физиотерапиявӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ин ҷо ба беморон гиёҳчой ва доруҳои наботии тақвиятбахш низ медиҳанд. Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис, шиноварӣ ва ғ. шароити мусоид фароҳам овардаанд. Маҷлисгоҳи «Баҳористон» дорои компютерҳои замонавӣ ва васоити электронӣ буда, дар мизи мудаввари он барои 30 нафар ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар «Баҳористон» ҳамчунин 2 бинои тобистона сохта шудааст, ки дар онҳо 104 нафар одамон ҷой дода мешаванд.
Табобат
вироишБа омилҳои табобатии «Баҳористон» мансубанд: гармишифоӣ (лойқашифоӣ, регшифоӣ, мумшифоӣ ва ғайра), барқшифоӣ (муолиҷа бо ултрасадо, электрофорез, индуктотерапия ва ғайра), лазершифоӣ, обшифоӣ (души мудаввар, обзани «марворидӣ», обзанҳои табобатӣ ва ғайра), намакшифоӣ, масҳ (аз ҷумла масҳи барқӣ), сӯзаншифоӣ ва ғ. Воситаи асосии муолиҷа лойқаи шӯри кӯли Сакии ш. Саки (Украина) мебошад. Лойқаи кӯл хосса барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, селлюлит, мӯйрезӣ, нохун, артритҳо, остеохондроз, ниқрис, бенаслии зану мард, сусткамарӣ, простатит, псориаз, шукуфа, қубоъ, моҳипӯстӣ, неврит, радикулит, асабдард, дарди нимсара, сарчархӣ, ғамбеморӣ, бехобӣ, назла, гайморит, гулӯдард, пневмония, бронхит, зиқи нафас, пародонтоз, гингивит, стоматит, гепатитҳо, илтиҳоби талхадон, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби рӯда, бемориҳои гӯшу даҳон ва ғ. муфид аст. «Б.» тамоми сол фаъолият мекунад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баҳористон / А. Тошев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.