Гулистон (шаҳр)
Гулистон (то 2016 — Қайроққум) — шаҳр дар вилояти Суғд. Шаҳр дар соҳили дарёи Сир, дар масофаи 15 км аз шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Масоҳаташ 13525,6 га мебошад. Аҳолии шаҳр беш аз 41 700 нафарро ташкил медиҳад. Зичии он дар 1 км мураббаъ 308,4 нафар аст.
Шаҳр | |
Гулистон | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина |
то 1957 — Қайроққум |
Масоҳат | 3,314 км² |
Баландии марказ | 349 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 50200[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикҳо, ӯзбекҳо |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3443 |
Нишонаи почта | 735750 |
guliston.tj | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишДар охири ҳазорсолаи III ва дар аввали ҳазорсолаи II то милод, дар соҳили рости дарёи Сир, дар тарафи ғарбии Хуҷанди ҳозира, дар нимбиёбони Қайроққум қабилаҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Онҳо асосан ба чорводорӣ, кишоварзӣ ва оҳангари машғул буданд.
Дар асрҳои VI ва V то милод ин кабилаҳо ба давлати Ҳахоманишиён вобастагӣ доштанд. Дар асри IV то милод бошад Искандари Макдунӣ ба Ҳахоманишиён ҳамла карда, онро забт карда гирифт. Дар асрҳои дигар низ ба ин замин, ки ҳоло дар онҷо шаҳри Гулистон ҷойгир аст, кабилаҳои араб дар асрҳои VIII то милод, муғулҳо дар асри VIII ҳамла карданд.
Бо номи Қайроққум ҳамчун шаҳр дар таърихи 4 январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 номи шаҳр ба Гулистон иваз шудааст.
Мавқеи ҷойгиршавӣ
вироишГулистон дар ҷое, ки табиаташ зебо, дар соҳили баҳри тоҷик ҷойгир шудааст. Аз қадим бо ҷойҳои истироҳатӣ ва осишгоҳҳои бачагонаи худ машҳур аст. Гулистон дар баландии 450 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ба шаҳри Гулистон инчунин шаҳракҳои Консой, Навгарзан, Адрасмон, Чоруқдайррон, Зарнисор ва Сирдарё, ки аз шаҳр дар масофаи то 260 км дуртар ҷойгир шудаанд, дохил мешаванд. Зимистонаш кутоҳи хунук, тобистонаш гарм аст. Соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» манзараи бисёр ҳам зебо дорад, барои истироҳат ҷои хуб аст. Дар фасли зимистон барф кам меборад, ки баландии он 2-5 см ташкил медиҳад. Барф ба замин нарасида тез об мешавад. Дар солҳои 1951 — 1957 дар ин шаҳр НБО "Дӯстии халқҳо" дар дарёи Сир сохта шуда буд, ва ин ба машҳур шудани шаҳр мусоидат кард.
Аҳолӣ
вироишсол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
---|---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
43,0 | ↗43,4 | ↗48,2 | ↗49,2 | ↗49,8 | ↗50,2 |
Тақсимот
вироишНом | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
---|---|---|---|---|
шаҳри Гулистон | 17,7 | 18,0 | 16,7 | 16,7 |
шаҳраки Адрасмон | 15,5 | 15,8 | 9,8 | 9,9 |
шаҳраки Зарнисор | 2,3 | 2,4 | 2,3 | 2,3 |
шаҳраки Навгарзан | 0,4 | 0,5 | 0,4 | 0,5 |
шаҳраки Сирдарё | 2,7 | 2,8 | 3,7 | 3,8 |
шаҳраки Консой | 5,9 | 6,0 | 6,1 | 6,2 |
шаҳраки Чоруқдайррон | 3,7 | 3,7 | 4,0 | 4,0 |
Истироҳатгоҳҳо
вироишШаҳри Гулистонро инчунин шаҳри туризм ва истироҳат низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва соҳавии мухталиф фаъолият доранд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари кишвар ва дунё барои истироҳат ва табобат дар боду ҳавои тоза ба ин мавзеи хушманзараи табиӣ меоянд. 15 — истироҳатгоҳ ҳар тобистон дарҳои худро барои меҳмонон боз мекунанд, ки ин истироҳатгоҳи “Шифо’’ ва осоишгоҳҳои "Баҳористон" ва "Соҳил" мебошанд. Дар онҷо одамон метавонанд табобат ва истироҳат кунанд.
Иқтисод
вироишКорхонаи калонтарини шаҳри Гулистон ҶСШКТ "Қолинҳои Гулистон", ки ба баровардани маҳсулоташ, яъне қолинҳо, аз соли 1959 шурӯъ карда буд, қолинҳои сифаташ олиро мебаровард. Соли 1974 қолинҳои корхона дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Олмон иштирок карда, сазовори медали тило гардидаст.
Баъди бунёд кардани обанбор, аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Гулистон бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шуҳратманд гардидааст. Имрӯзҳо кормандони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Суғдмоҳӣ» дар давоми сол шикори моҳиро қариб то 110 тонна расондаанд. Зиёда аз 2 миллион моҳичаҳо дар обанборҳои махсус парвариш карда мешаванд.
Дар шаҳри Гулистон корхонаи мевабарорие сохта шуд, ки маблағгузораш корхонаи қолинҳои шаҳр мебошад. Корхона намудҳои гуногуни меваро парвариш ва истеҳсол мекунад: себ, шафтолу, анор, ангур, анҷир ва ғайраҳо.
Ҳамчунин нигаред
вироишМанобеъ
вироишСомонаи шаҳри Қайроққум Бойгонӣ шудааст 11 сентябри 2015 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.