Мирзо Насруллоҳ Баҳори Шервонӣ (форсӣ: میرزا نصرالله بهار شروانی‎; 1834, Шамохӣ1883, Табрез) — шоир ва нависандаи форсигӯи озарбойҷонӣ.

Баҳори Шервонӣ
Таърихи таваллуд: 1834
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1883
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: озарбойҷонӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Шервон (Шарвон)-и Қафқоз ба дунё омадааст. Пас аз касби камол, дар айёми ҷавонӣ, ба Ҳиндустон сафар кардааст. Мақсади сафарашро муаллифони баъзе манобеи адабӣ сайру саёҳат, дигарон тиҷорат гуфтаанд. Ба Эрон баргашта, ба чанде аз шаҳрҳои он сафар карда, дар чанде аз онҳо муддате мезист ва бо адибону донишмандон мулоқот мекард. Соли 1859 ба Теҳрон омада, ба дарбори Носируддиншоҳи Қоҷор (ҳукм 1848—1895) роҳ меёбад унвони маликушшуаро мегирад. Баъди муддате ба Хуросон — Машҳад омада, дар манзили Сабурӣ-падари Муҳаммадтақӣ Баҳор зиндагӣ мекунад. Мухолифони Муҳаммадтақӣ Баҳор овозаҳо паҳн мекарданду менавиштанд, ки Баҳори Шервонӣ дар манзили Сабурӣ вафот карда, девонашро Баҳори ҷавон соҳиб шуду шеърҳояшро чун маҳсули эҷоди худ пешниҳод намуд. Баҳор ба ин туҳматҳо ҷавоби сазовор дода, дар ҳузури ашхосе, ки аслӣ будани шеърҳояшро донистан мехостанд, бадоҳатан шеъри баланду латифе гуфта, дар баъзе ашъораш мухолифонашро мазаммат мекунад. Дар китобе бо номи «Баҳор ва адаби форсӣ» (Теҳрон, 1371 ҳ. ш.) аз қавли Муҳаммадтақӣ Баҳор ва Эраҷ Мирзо омадааст, ки Баҳори Шервонӣ дар Теҳрон вафот карда, завҷааш дороию китобҳову ашъорашро ба Табрез бурдааст. Охири умри Баҳори Шервонӣ дар Табрез гузаштааст (муҳаққиқи эронӣ Маҳдии Бомдод дар китобаш «Шарҳи ҳоли риҷоли Эрон», Т., 1373) овардааст, ки Баҳори Шервонӣ дар Табрез вафот кард. Дар ин ҷо ӯ муншии консулгарии Фаронса дар Табрез буд. Инчунин, тарбияти Эраҷ Мирзоро ба уҳда доштааст.

Баҳори Шервонӣ ба забонҳои форсӣ ва туркӣ шеър менавишт. Аз ӯ девони ашъор, маснавиҳои «Туҳфату-л-Ироқайн» (дар пайравии Хоқонӣ), «Гулу Наргис» боқӣ мондаанд, ки дар китобхонаҳои Эрон (девонаш) ва Лондон (маснавиҳояш) маҳфузанд. Ба Баҳори Шервонӣ, инчунин, «Фарҳанги фаронсавӣ-форсӣ» нисбат дода мешавад, вале муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ин асар моли корманди консулгарии Фаронса дар Табрез Жан Батист Николо мебошад.

Адабиёт

вироиш