Баҳоуддин Хурамшоҳӣ

Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ (форсӣ: بهاءالدین خرمشاهی‎; апрели 1945, Қазвин, Эрон) — нависанда, мутарҷим, рӯзноманигор, танзпардоз, фарҳангнавис, ҳофизпажӯҳ ва шоири эронӣ[2].

Баҳоуддин Хурамшоҳӣ
Таърихи таваллуд 1945[1]
Кишвар

Зиндагинома

вироиш

Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар Қазвин гирифт. Сипас ба таҳсил дар риштаи пизишкӣ пардохт, аммо таҳсил дар ин риштаро дар соли сеюм нимакора раҳо кард ва ба ҳамроҳи Комрони Фонӣ, Саъид Ҳамидиён ва Қадамалии Саромӣ ба таҳсил ба риштаи адабиёти форсӣ пардохт. Сипас аз Донишгоҳи Теҳрон фавқулисони китобдориро гирифт. Аз устодони вай дар риштаи адабиёти форсӣ метавон ба Сайид Манучеҳри Муртазавӣ, Забеҳулло Сафо, Маҳдии Муҳаққиқ, Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Сайид Содиқи Гавҳарин, Абулҳасани Шуаронӣ ва Абдулҳамид Бадеъуззамонии Курдистонӣ ишора кард. Ӯ тавфиқи худро дар масири пажӯҳишҳои қуръонӣ, мадюни китоби «Қонуни тафсир» ва муаллифаш Сайидалӣ Камоли Дизфулӣ медонад.

Қуръоншиносӣ

вироиш

Хуррамшоҳӣ яке аз қуръонпажӯҳон ва мутарҷимони Қуръони карим ба забони форсӣ аст. Фаъолитҳои қуръонпажӯҳии вайро метавон ба се ҳавза тақсим кард; нахуст китобҳо ва мақолаҳои умумӣ, дувум нигориши мақолаҳои интиқодӣ ва нақди тарҷумаҳои мавҷуди Қуръон ва севум тарҷумаи Қуръони карим. Хуррамшоҳӣ Қуръонро бо насри равон, имрӯзӣ ва дар айни ҳол адабӣ тарҷума кардааст. Илова бар тарҷума ва тафсири ин асар дорои пайвастҳои шомили гуфтори мутарҷим, мақолаҳое бо унвонҳои Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, таҳрифнопазирии Қуръон, фаҳми Қуръон бо Қуръон, калимаҳои форсӣ дар Қуръони маҷид ва вожанома аст.

Ҳофизшиносӣ

вироиш

пажӯҳиш дар шеър ва зиндагии Ҳофизи Шерозӣ ҳавзаи тахассусии кори пажӯҳишии Хуррамшоҳӣ аст. Хуррамшоҳӣ то кунун беш аз дувоздаҳ китоб дар бораи Ҳофиз навишта ва дар он миён китоби «Ҳофизнома» дар заминаи шарҳи алфоз, эълом, мафҳумҳои калидӣ ва байтҳои душвори Ҳофиз беш аз ҳама шуҳрат дорад.

  • Фарҳанги мавзӯии Қуръон
  • Баррасии тарҷумаҳои имрӯзини Қуръони карим
  • Қуръон, шинохт
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ
  • Қуръонпажӯҳи (2 ҷ.) (маҷмӯаи мақолоти қуръонпажӯҳӣ)
  • Доираиолмъорифи ташайюъ
  • Чаҳордаҳ ривоят
  • Катибае бар бод
  • Аз шак то яқин
  • Сайри бесулук (маҷмӯаи мақола)
  • Позитивисми мантиқӣ
  • Тарҷумаковӣ
  • Танз ва трагедӣ
  • Кажтобиҳои зеҳн ва забон
  • Фурсати сабзи ҳаёт
  • Фарҳанг-Донишномаи коро
  • Аз вожа то фарҳанг
  • Ҳазор ҳикоят ва ҳазор иборати ирфонӣ (бо ҳамкории Ориф ва Шиҳобуддини Хуррамшоҳӣ)[3]