Баҳриддин Азизӣ
Баҳриддин Азизӣ (1895, Ӯротеппа — 1944, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1895 |
---|---|
Зодгоҳ: | Истаравшан |
Таърихи даргузашт: | 1944 |
Маҳалли даргузашт: | Истаравшан |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишБаҳриддин Азизӣ соли 1895 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Падараш Мулло Абдулазиз аз аҳли саводу қалам ва мударрис буда, бо тахаллуси «Ҷазмӣ» шеър эҷод мекардааст. Маълумоти ибтидоиро аввал аз падараш омӯхта, то 15-солагӣ дар мадориси гуногуни зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна озими Бухоро гардида, бо намояндагони пешқадами замон ошноӣ пайдо карда, ба туфайли рӯзномаю маҷаллаҳои миллии Туркистон аз сиёсату воқеаҳои даврон воқиф гардидааст. Дар замони истибдоди амирӣ, ки таассуби динӣ ниҳоят пурқувват буд, бо тахаллуси «Азмӣ» шеърҳои зиддитаассубӣ ва зиддимирӣ навиштааст. Аз ин рӯ, соли 1916, амири Бухоро барои қатли ӯ фармон содир кардааст. Азизӣ барои аз чанги амиру дарбориёни ӯ ҷон ба саломат бурдан ба Тошканд гурехта, муддате дар Тошканду Самарқанд рахти иқомат густардааст. Инқилоби Октябрро дар ҳамон шаҳрҳо пешвоз гирифта, ба курси муаллимтайёркунӣ дохил шудаву бомуваффақият тамом кардааст. Баъдан ба Ӯротеппа баргашта, мудири маориф шуда кор кардааст. Бо ташаббуси ӯ дар шаҳри қадимӣ чанд мактаби нав ифтитоҳ ёфтааст. Ҳамчунин, чанде дар Комиҷроияи шаҳр ва Суди олии ҷумҳурӣ дар вазифаҳои гуногун адои хидмат кардааст. Аз соли 1934 то 1937 котиби масъули журнали ҳаҷвии «Бигиз» будааст. Аммо бештар саргарми фаъолияти адабӣ журналистӣ шуда, ҳамчун ҳаҷвнависи моҳир эҷодиёташро бо ҳикояҳои хуби ҳаҷвӣ ғанӣ гардондааст. Мавсуф дар қатори дигар бегуноҳон қурбони дасисаҳои соли 1937 шуда, аз дасти бемории тӯлонӣ соли 1944 дар маҳбас вафот кардааст. Баъд аз вафоташ, бо Қарори Суди Олӣ, бегуноҳ бароварда, дар зодгоҳаш кӯчаи истиқоматиашро ба номи ӯ гузоштаанд. Сад афсӯс, ки бисёр китобу дастнависҳои адиб ҳамон солҳо несту нобуд шудаанд.
Эҷодиёт
вироишҲикояҳои ҳаҷвии ӯ дар саҳифаи рӯзномаю маҷаллаҳои «Овози тоҷик», «Мулло-Мушфиқӣ», «Раҳбари дониш» ва «Бигиз» таҳти имзоҳои мустаори «Тарсончак», «Тарсакӣ», «Шаккок», «Нотарс», «Афандӣ» ва «Дадаи Мусаддиқа» ба табъ расидаанд. Шеърҳои ҳаҷвии ӯ ба танқиду мазаммати майпарастон, ҳатӯлкорон, мансабпарастон, бадахлоқон ва вайронкорони тартиботи ҷамъиятӣ бахшида шудаанд. Дар ҳикояҳои ӯ, ҳамчунин, мавзӯъҳои озодии занон, корнамоиҳои одамон дар замони нав, танқиди баъзе урфу одатҳои нозарури замони гузашта мавқеи махсус доранд. Азизӣ на танҳо нависандаи моҳир, балки шоири хушсалиқае ҳам будааст. Соли 1931 шеъри публитсистии «Вахшстрой»-и ӯ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шудааст. Осори боқимондаи Баҳриддин Азизӣ дар маҷмӯаҳои «Зарбдор» (1932), «Ғалаба» (1932), «Ду ҳариф», «Як қубба кӯкнорӣ» (1933), «Тоҷихон», «Қурбонӣ» (1933), «Ҳасани якдаста» (1936, 2004), «Ҳикояҳо» (1962), «Зани директор» (1985) ва ғ. гирдоварӣ чоп шудаанд.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 28-29 ISBN 978-99947-2-379-9