Баҳри Ҷопон (ҷопонӣ: 日本海 нихонкай, куриёӣ: 동해 тонхе — «баҳри шарқӣ», дар ҶХДК маъруф ба куриёӣ: 조선동해, 朝鮮東海 чосон-тонхе) — баҳри нимкушода дар Уқёнуси Ором, байни қитъаи Аврупо ва ҷазираҳои Ҷопону Сахалин.

Баҳри Ҷопон
?
Sea of Japan Map en.png
Характеристики
Площадь1 062 000 км²
Объём1 630 000 км³
Наибольшая глубина3 742 м
Средняя глубина1 753 м
Расположение
40° с. ш. 135° в. д.HGЯO
Парвандаҳо дар Викианбор

Бо соҳилҳои Россия, Корея, Ҷопон иҳота шудааст. Дар Шим. ба воситаи гул-ҳои Невел ва Лаперуз бо Баҳри Охота, дар Ш. ба воситаи гул. Сангар бо Уқёнуси Ором, аз Ҷ. ба воситаи гул. Корея бо Баҳри Шарқи Хитой мепайвандад. Масоҳ. 1062 ҳазор км2, умқаш то 3742 м. Қисми шимолии баҳр зимистон ях мебандад. Халиҷҳои бузургаш: Ш. Корея ва Пётри Кабир. Иқлими Б. Я. муссонӣ, дар қисми ҷан. шарқии баҳр зуд-зуд тӯфонҳо ба амал меоянд. Ҳарор. об зимистон аз 00, 1–30С дар Шим. то 120С дар Ҷ.; тобистон аз 170 то 260С. Дар Ҷ. ба гул. Корея (Гузаргоҳи шарқӣ) аз ҷараёни гарми Курошио (ҷараёни Сушима) шохае ҳамроҳ гардида, қад-қади соҳилҳои Ҷопон равон мешавад. Дар назди соҳилҳои Осиё ҷараёни хунук аз Шим. ба Ҷ. ҳаракат мекунад. Шӯрии оби баҳр 33,7–34,3 дарсад. Мадди баҳр номураттаб буда, то 8–10 м, зимни тӯфонҳо то 12 м баланд мешавад. Дар Б. Я. хорпушти баҳрӣ, харчанг, ёрш, трепанг ва ғ. мавҷуданд. Дар соҳилҳои баҳр корхонаҳои калони саноати моҳидорӣ ва коркарди он ҷойгиранд. Б. Я. аҳаммияти нақлиётӣ дорад. Бандарҳои бузургаш: Владивосток, Находка, Шарқӣ, Гавани Шӯравӣ, Ванино, Александровскии Сахалин (Россия), Отару, Ниигата, Суруга, Майзуру (Ҷопон), Вонсан, Хиннам, Чонҷин (Корея).

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

ПайвандҳоВироиш


Шаблон:Баҳрҳои Уқёнуси Ором