Баҳром писари Гударз

Баҳром (форсӣ: بهرام‎) — паҳлавони эронӣ, писари Гударз дар достонҳои бостонии эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Баҳром писари Гударз
Наҳви марг қатл[d]
Кушта шудааст аз тарафи Tazhāv[d]
Бародар/хоҳар Гев
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Баҳром аз авлоди Гударзиён, писари Гев аст. Дар чанде аз набардҳо бо душманони Эрон қаҳрамониҳо кардааст. Баҳром дӯсти Сиёвуш буд. Вақте Сиёвуш хост ба Турон биравад, ихтиёри лашкарро ба Баҳром дод. Корномаҳои Баҳром дар набард бо сарлашкари туронӣ Тажов идома ёфтанд. Дар яке аз набардҳо писари Кайковус — Рев, ки дар сар тоҷи шоҳӣ дошт, кушта шуд. Агар ин тоҷ ба дасти душман меафтод, боиси шармсорӣ ва шикасти лашкар мегардид. Баҳром ҳангоми ҷанги тезе аз байни куштагон Ревро пайдо кард, бо нӯги синон тоҷи Ревро бардошта ба лашкаргоҳ овард. Шабонгоҳ пай бурд, ки дар майдони набард тозиёнаашро, ки дар дастааш номаш навишта буд, гум кардааст. Гарчанде бобояш Гударз ва падараш Гев розӣ набуданд, ӯ ба ҷустуҷӯи тозиёна рафт. Тозиёнаро пайдо кард, вале сипоҳиёни душман аз омадани ӯ Тажовро огоҳ сохтанд. Дар набарди нобаробар Баҳром, ки пиёда меҷангид, ба дасти Тажов захмӣ шуд ва аз пой афтод. Падараш ба майдони набард омад ва Баҳром-ро бо дасти аз бозу бурида дарёфт. Тажовро овард ва дар назди Баҳром ба қатл расонид. Бар асари захм Баҳром низ вафот кард. Фирдавсӣ дар симои Баҳром шахси бохираду ҳушманд, дӯсти вафодор, ҷанговари далеру диловар, шахси ватанхоҳу дӯстдори муқаддасоти миллиро тасвир кардааст.

Ин Баҳром нахустин шахсест, ки бо ин ном дар «Шоҳнома» омадааст. Ба ғайр аз ӯ Фирдавсӣ, махсусан дар бахши таърихии «Шоҳнома», аз 12 нафари дигар, ки Баҳром ном доштанд, ёд кардааст:

  • Баҳроми писари Урмузд,
  • Баҳроми Баҳром (шоҳи Сосониён)
  • Баҳроми Гӯр
  • Баҳроми Сиёвушон (сипоҳие дар лашкари Баҳроми Чӯбина)
  • Баҳром — сипоҳие дар замони Ҳурмузд писари Анушервон ва диг.

Адабиёт

вироиш