Рахмонзода Каздони (Амбиё)
Дехаи Каздон дар Совети рустои Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Сугд
Дехаи Каздон яке аз дурдасттарин деҳаҳои ноҳияи Айнии вилояти Сугд буда, дар Совети рустои Шамтуч колхози «Тоҷикистон» ҷойгир аст. То маркази Совети русто 12 км, то маркази ноҳияи Айни 60 км, роҳаш хоки. Ахолиаш 2545 нафар дар соли(2010), ба пурраги миллаташон тоҷикон хастанд. Дехаи Каздон дорои мактаби миёнаи №-48, клуб, пунк¬ти тибби, ошхона, устохона, сартарошхона, китобхона мебошад. Сохаҳои асосии хочаги — богдори, картошкапарвари, чорводори. Заминхо аз дарёи Каздон обёри мешаванд.
Рахмонзода Каздони (Анбиё)
ЗАХМАТОБОД, номи пештараи ноҳияи Айни (солҳои 1930—1955)
АЙНИ (Захматобод 1930-1955 - ), район дар вилояти Ленииободи ҶШС Тоҷикистон, дар кисми болооби дарёи Зарафшон. 23.11.1930 ташкил ёфтааст, 26.01. 1955 номи Айниро гирифт. Аз маркази ноҳия то ш. Хучанд 177 км, то ш. Душанбе 165 км, то истгохи рохи охани Самарканд 165 км. Масоҳаташ - 5,2 хаз. км2. Ахолиаш 41,1 хазор нафар (1976). Ахолии ноҳия асосан тоҷикон буда, инчунин русхо ва намояндагони миллиатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳоли дар 1 км2 - 7,9 кас. ноҳияи Айни дорои 7 Совети қишлоқ: Айни, Анзоб, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарё, Шамтуч ва як шаҳрак — Зарафшон мебошад. Маркази ноҳия — шаҳраки Айни. Айни ноҳияи кухи буда, сатҳаш хеле нохамвор аст. Масоҳати онро аз Шарк ба Гарб каторкухҳои Туркистон, Зарафшон ва Хисор бурида мегузаранд. Тегаҳои кух аз сатҳи баҳр. 3500—4000 м, Куллаҳои алохида то 5000 м ва аз он хам баландтаранд (Ар-арасанг дар деҳаи Каздон, 5494 м). Нуқтаи пасттарин (дар гарбтари деҳаи Урметан) 950 м. Водии дарёхо танг ва чукуранд. Дехаҳои калон ва заминҳои корам асосан дар водихо, суфаҳои бостони дарёи Зарафшон ва Фон ҷойгиранд. Иқлими ноҳия, тобистони водиҳои Зарафшону Фон гарму хушк, зимистон муътадил. Дар водихо харорати миёнаи июл 17, 21° С, январ —1, —3°С. Дар куххо тобистон салкин ва нисбатан кӯтоҳ, (харорати миёнаи июл 15—18° С), зимистон хунук (харорати миёнаи январ. —7, —13° С); микдори бориши солона дар водихо 160—190 мм, дар куххо аз 230—350 мм то 400 мм. Дар минтакаи ноҳияи Айни хелҳои гуногуни хоки хокистарранг, дар баландкуххо хоки чигарранг вомехурад. Набототи водихою адирхо (то 1500 м) хусусияти биёбони ва нимбиёбони дорад. Дар богу рог дарахтони тут, зардолу, себу олуболу, беду сафедор, ток ва г. меруянд. Болотар аз он — дар доманаи куххо рустаниҳои дашти, арча ва дар баландкуххо маргзорҳои алафи вомехуранд. Олами хайвонот гуногун, дар куххо харгушу сугур, хирсу гург, рубох, гуроз, оху,Паланг аз паррандахо — кабк, мурги хилол, кабутар, укоб, гоз ва г. дучор мешаванд. Нохияи Айни сероб аст, дарёҳои калонаш Фон ва Зарафшон. Аз куххо дарёчаҳои бисьёре чорианд,сарчашмаи асосии дарёи Зарафшон,ки аз ноҳияи Айни сар мешавад ин дарёи рустои Шамтуч ва Шаршараи баландтарини ноҳия аз Каздон сар мешавад ки як кисми онҳо барои обёрии заминҳои корам истифода мешаванд. Дар худуди Айни яке аз кулҳои зеботарин — Искандаркул воқеъ буда, чои сайру тамошои туристон гардидааст. Нохияи Айни конҳои сурма, симоб, ангишт дорад. Айни — ноҳияи зироаткор ва чорводор. Дар соли(1977).ноҳияи Айни дорои 7 колхоз мавчуд буд. Колхозхо ва маркази онҳо: ба номи (шаҳраки Айни), (деҳаи Рарз), «Урметан» (деҳаи Урметан), «Тоҷикистон» (деҳаи Шамтуч), ба номи Лохути (деҳаи Шурмашк), «Россия» (деҳаи Такфон), Анзоб (деҳаи Анзоб). Сохаҳои мухими хочаги — картошкапарвари, галлакори, чорводори, кирмакдори, богдори. Тамоми заминҳои хочагии русто 91540 га (1976), аз ҷумла майдони кишти галла (асосан гандум, чав) 1841 га, картошка — 638 га, бог — 340 га, чарогох, — 84351 га. Нохияи Айни соли 1976 ба давлат 1276 сентенер галла, 304 сентенер пилла, 2017 тон картошка, 1198 тон гушт, 2858 литр шир, 1264 сентенер пашм ва махсулоти дигари хочагии русто фурухт. Шумораи хайвонот дар хамаи хочагихо соли(1976): чорвои калони шохдор 20474 сар, гусфанду буз — 55059 сар. Истеҳсоли маъдани кухи низ соҳаи мухими хочагии ноҳия мебошад. Корхонаи калони саноати — комбинати маъдантозакунии Анзоб. Солҳои хониши 1976/2011 ноҳияи Айни 57 мактаби миёна, 18 мактаби ҳаштсола ва 5 мактаби ибтидои, як мактаби мусикии бачагона дошт. Дар райони Айни 10 кинотеатр, 9 нуктаи кинонамоишдихи, 35 клуб, 75 китобхона, 13 чойхона- кироатхона, хонаи маданият, 13 беморхона, амбулатория, таваллудхона, 5 дорухона, 37 пункти фелдшери-акушери, 116 пункти хидмати маиши, 295 нуқтаи савдо, 110 нуқтаи хуроки умуми, идораи сохтмон, ташкилоти сохтмони байниколхози, идораи сохтмону таъмир, хочагии чангал, матбаа, шуъбаи районии иттиходияи «Точикселхозтехника» мавчуд аст. Наклиёт — худрави ва ҳавои. Фурудгох дорад. Аз Айни рохи мошингарди Душанбе — в.Сугд, Душанбе — Самарканд мегузарад. Рохҳои асоси мумфарш. Газетаи район — «Мехнат».
Рахмонзода Каздони
Масчиди Каздон солҳои 1720-1725 сохта шудааст.
Дар миёначои деҳа дар сари чорроха масчиди деҳа сохта шудааст, ки он таърихи хосаи худро дорад. Масчиди деҳаи Каздон аз рўи гуфтаи Гулмухаммади Шоди (аз Каздон) ва Авезмухаммад (аз деҳаи Дарғ) нисбат ба масчиди деҳаи Дарғ қадими буда, тахминан солҳои , то соли 1800 борхо тағйири шакл кардааст. Аз рўи нақли мўйсафедон Гули Шоди, Муллавазии Сафар, Махсуми Миролим, Муллохочии Сафари Сангин, Муллонадири Сафар маълум мешавад, ки то солҳои 1813-1815 дар ин чо масчиди хурд барои 30-40 нафар чои намозгузори мавчуд будааст. Аз эхтимол дур нест, ки он борхо дар хамин хачм аз нав сохта шуда бошад. Соли 1900 шумораи аҳолии деҳа зиёд мешаваду масъалаи васеъ кардану сохтани масчид ба миён меояд. Соли 1914 бо сарварии Махсуми Миролим ин масчид аз нав сохта мешавад. Сохтмони он се сол (1914-1917) давом меёбад. Бинои масчидро усто Сафар (падари устои баруманди ин деҳа Муллонодир) сохта будааст, ки он дорои 2 офоқ, 2 сутун, айвонаш иборат аз 2 офоқу 4 сутун, мустахабхона, хаммом, аловхона иборат буда, дар он 70 нафар намоз мегузоштанд. Дар сохтмони масчид Махсуми Миролим, Миршарифбой, Боймахмад, Сафар-бой, Муломирбоқии Мирсиддиқ, эшони Хочи Рўзаи Аён (Сайидамир), Эшони Саидмир, (табиб), Домулло-хочи сахми босазо гузоштаанд. Дар ин чо муддати 13 сол муллоҳои деҳа Муллобердию Мулломахмади имоми карданд.Домулло Хочи баъд аз хатми мадрасаи Бухоро чанд сол дар Бухоро кор карда, соли 1928 бо ахли оилааш кўчида ба деҳаи Каздон омад. Аз соли 1928 то соли 1965 имомии ин масчидро бар ўхда дошт. Ў солҳои Чанги Бузурги Ватани ва пас аз он барои мардуми Каздону Дарғ хидмати шоиста кард. Баъди Домулло Хочи фарзанди баруманди ин деҳа Муллосаидмурод солҳои 1965-1974 имоми кард. Аз соли 1974 то ба имрўз Хочи Махсум имомии масчидро бар дўши худ доранд. Он кас хамрохи Хочи Муллошомахмади Халифа дар тарбияи ҷавонон адои хидмати мардум корҳои муфидро ба чо меоранд. Бояд бигўем, ки аз сабаби зиёд шудани аҳоли, афзудани сафи ибодаткунандагон талаботро қонеъ гардонда натавонист, ҳаёт тақозо кард, ки ибодатхона васеъ карда шавад. Аз сабаби дар намозҳои идҳои Фитру Ќурбон ва Чумъа кифоят накардани чой барои ибодаткунандагон зарурияти васеъ кардани масчид ба миён омад. Соли 2000 васеъ кардани масчид тахти сарварии домулло Хочи Махсум ва Зубайдулло Зубайдов оғоз гардида, он соли 2002 ба анчом расид. Масчид аз 14 офоқ, 13 сутун иборат аст. Барои васеъ кардани бинои масчид 2 сотих замин аз хисоби боғи шахсии Муллосаидмурод дар рохи худои таъоло дода шуд. Мохи апрели соли 1998 дар тахти рохбарии имоми масчид – Хочи Махсум ва сардори бригадири деҳа Тўрақул Рахмонов азнавсози бинои масчид оғоз ёфт, чўби онро худи халқ дод. Бинои масчидро устоҳои деҳа усто Ќурбон Атоев, Нарзулло Сафаров, Ќурбони Розия, Бурхони Ќурбони Аваз ва Азизмурод Файзуллоев бо ҳунари волои хеш бино кардаанд. Масчидро устои гачкори чирадаст Сайидакбари Сайидбурхон, писари Хочи Сайидбурхони гачкор бо як махорати хоса гачкори кардааст. Дохили Масчид аз 14 офоқ, 13 сутун, дари даромад, айвони он аз 6 офоқ, 5 сутун иборат буда дар як вақт 250-300 нафар одамон намоз мегузоранд.
Кароматулло МИРЗОЕВ, Шабе дар Каздон
Кароматулло МИРЗОЕВ, нависандаи халқии Тоҷикистон
Шабе дар Каздон
Порча аз китоби «Ситораҳои паси абр»
Ахли қариб хамаи деҳаҳои нохяи Айни устод Ќутби Киромро ба рўзи мавлудашон муборак мегуфтанд, ба меҳмонии мехонданд. Бо устод вомехурданд, маърака меоростанд. Базми суруд, мусиқи, шеърхони. Дар хамаи базму маъракахо устод гули сари сабат. Ба хаёлам устодро мисли он рўзхо ба он дарача шоду мамнун надида будем. Шоири хамдиёрашонро мардум хуш пазирои доштанд. Баъди як-ду рўзи дар Айни буданамон ба деҳаи аз маркази ноҳия хело дур ба Каздон омадем. Каздон зодгохи яке аз шогирдони устод, шоири ҷавон Махсум Олими, инсони ба дўстон мехрубон, дидадаро. Андаке пеш китоби шеърхояшро ба нашриёт оварда буд. Дўсташ медошт. Махсум Олими бандаро хам борхо ба зодгохаш ба меҳмони хонда буд. Вале холо дар рўзхое ба Каздон омада будем, ки ў дар қайди ҳаёт набуд. Дар рўзҳои ноороми, дар рўзхое, ки баъзе хамзабонои мо хамдигарро намешинохтанд, кушта гашта буд. Хамдеҳагон он рўз маъракаи ёдбуди ўро мегузаронданд, хуб тйёри дида будаанд. Дар он рўз ахли деҳа қариб хама аз хавлихо бурун омада. Ба деворҳои хавлихо аз ҷониби кўча қолинхо овехта. Дегхо болои дегдонхо. Ош мепўхтанд, аз Ќуръони карим оятхо хонда ба рўхи мархум мебахшиданд. Гўристони деҳа рў ба хавлихо, дар баланди. Нурҳои офтоби пагох болои деҳа ва рўи гўрхо парешон мегашт. Ва нурҳои заросои офтоб болои гўри Махсум Олимии шоир хам афтода. Манзили абадии ў мармарпўш, мармари сиёх. Мо дўсти ҷавонамонро ба ёд меоварем. Устод худашон «Аузу бикалимотуллохи томотул ва бобаракотул куллахо мин шарри халақ»,ояти хамеша зикр менамудаашонро хонданд, хамрохашон савоби дуоро ба рўхи Махсум Олими бахшидем, даст ба рў бурдем. Шаб меҳмони каздонихо будем. Мехмонхонаи калону зебо ва васеъ. Ахли Каздон пазирои мекарданд моро. Дастхо пеши бар дар дами дар ва беруни он истода буданд. Хама гўё бо як по ба хидмат омада. Ба оташдон хезум мемонданд, шохаҳои арча, чўби заранг алов гирифта месўхтанд, бўи хуши хезуми кўхи ба машом меомад, дар берун барф меборид. Хона гарм, сўхбати ахли давра гарм. Таом меоваданд. Ќурутоб, чанголи, фатирмаска, кабоб. Ва қадаххо гохе пурмай мешуданд. Устод Ќутби Киром аз меҳмоннавозии каздонихо хело шод гашта буданд. Сарашон гўё ба осмон расида. Ахли деҳа хам адабиётдўст, ба мисле хама шоир. Шеър мехонданд, шеър мегуфтанд. Харфу суханашон бо шеър. Устодро хуш омада шеъргўихо, хуш омада мухосибон. Ва сархуш гашта буданд. -Биллох шумо каздонихо маро шод кардед. Як чи гўям, ки шумохо ворисони хақиқии одамушуарро Абўабдуллохи Рўдаки хастед. Шояд устод Рўдаки аз хамин деҳаи шумо, аз Каздон хастанд,-устод қадах бардоштанд: - Барои устод Рўдаки, барои каздонихо, -ва дар хотирамон монда, ки дар холати хушнудии беинтихо: - медонед чи, бачахо? – ба чамъи ахли меҳмонхона мурочиат карданд. – ман як чи мегўям. -Гап занед, мулло Ќутби, шумо харчи ки гўед, мо гўш мекунем, шумо холо хоким, шумо сарвари мо, мураматон шумо сохибчашн, - шоир Субхон Тўйғун аз чой бархостанд. -Ман як чи мегўям, - боз ба сухан омаданд устод ва афзуданд: - Мучассамаи устод Абўабдуллохи Рўдакиро аз Панчакент ба Каздон мебиёрем. Ана хамин хел мекунем, - биллох хамин каздонихо ворисони аслии Рўдакианд. Инсонҳои баланданд, - гуфтанд ва бо хохиши устод Ќутби Киром қадах бардоштанд ва қадах чанг андохтанд… Дар бозгашт аз ноҳияи Айни рохамон боз ба Панчакент ва баъд ба Самарқанд ва аз он чо бо қатора ба Душанбе буд. Дар Панчакент шаб дар манзили хамкорамон Фарход хуфтем. Ва ханўз устод зери таъсири меҳмоннавозии каздонихо буданд. «Биллох, ки каздонихо ворисони Рўдакианд», мегуфтанд. Ханўз устод дар хамон ақида, ки мучассамаи Абўабдуллохи Рўдаки ба Каздон бурда шавад. Ва хотирашон дар манзили Фарход бештар шод гашта. Шаб мегузашт. Базм, хурсанди давом меёфт. Риштаи сухан дар ихтиёри сохибчашн устод Ќутби Киром, Лоиқу Убайд Рачаб ва Гулназар. Бо хохиши ончо ҳофизони панчакенти Авзалшох, Олимчон, Абўбакр суруд мехонданд. Сурудхо аз «Шашмақом», аз ашъори бузургони адабиётамон, гох-гохе айни сурудхонии ё баъди анчоми суруд нидои устод Ќутби Киром баланд мегашт. «Ќурбон! бах ,бах, ахсанат!».Аз асари охангҳои шево, рўхафзо хама ба вачд омада, маст ва сархуш гашта. Ва ба-дин минвол шаб сахар мешуд. Осмон софу беғубори нилии Кулоли камситора гашта. Вале чароғи кулбаи Фарход фурўзон. Садои танбуру рубоб, доира ва овози хуши ҳофизон баланд. -Устод, устоди азиз, Ќутби Киром,-касе аз панчакентихо қадахи пурмай дар даст баланд шуд,-ичозат мешавад аз шумо як чи пурсам? -Мархамат, пурсед, ман қурбонатон. -Ҳофизони Панчакент ба шумо писанд шуданд? -суол кард аз устод ў. -Чои гап нест, қурбонашон мешавам, хидмат карданд, зинда бошанд. -Хазрати Рўдаки хам ҳофиз буданд, менавохтанд… Устод аз мақсади бародари панчакентии мо огах гаштанд. -Мегўед, ки шумохо ворисони Рўдаки хастед? -Ќурбонатон шавам. -Мегўед,ки мучассамаи устод Рўдакиро ба Каздон набарем? – Бо шавқ харф мегуфтан устод Ќутби Киром. -Илтичо дорем. -Хамин тавр мешавад, ба хотири Авзалшох, ба хотири Олимчон, ба хотири Абубакр. Зинда бошанд, базми мо гарм шуд. Рохат кардем, хуш гаштем. -Ќадах мебардорем? -Мебардорем. -Мучассамаи устод ба Каздон бурда намешавад? -Бале. -Мо ворисони устод Рўдаки? – Авзалшох, Олимчон, Абўбакр рў ба устод меистоданд. -Чои гап, чои шубха нест. -Ба ин муносибат қадах мебардорем. -Мебардорем. Садои ба хам бархўрдани қадаххо баланд гашт. Дар миёни ахли маърака устод Ќутби Киром бештар аз хама шод буданд. Он лахзахо лахзаҳои хушнудии устод Ќутби Киром ва шодмониашон буд. Бо овози баланд такроран мегуфтанд: -Панчакентихо ворисони устод Абуабдуллохи Рўдакианд, мучассамаи устод Рўдаки ба Каздон бурда намешавад, Рўдаки аз Панчакент, Рўдаки аз они худи Панчакентихо…аммо мардуми Каздон бояд як нимпайкараи устод Рудакиро монанд, чун,ки Каздонихохам ворисони асли Рудакианд.
ambiorahmonov@mail.ru
(Ин макола дар китоби Сохибихтиёр “ Каздон “дар сахифаҳои 347-351 дарч гардидааст.)
Start a discussion with Рахмонзода Каздони (Амбиё)
Talk pages are where people discuss how to make content on Википедиа the best that it can be. Start a new discussion to connect and collaborate with Рахмонзода Каздони (Амбиё). What you say here will be public for others to see.