Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Самарқандӣ!

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 03:02، 23 августи 2017 (UTC)

Викифонидан

вироиш

Мӯҳтарам корбар Самарқандӣ! Барои иқдоми аввалинатон дар вироиши мақолаҳо ташаккур. Шумо узви ҷомеаи Википедиаи Тоҷикӣ гардидед. Дӯсти гиромӣ, Шумо зери ҳамин Ник дар ҳамаи Лоиҳаҳои Викимедиа фаъол ҳастед.

Бо мақсади викифонидани мақолаҳои нави эҷодгардида ба талаботи «Роҳнамо»-и Википедиаи тоҷикӣ риоя кунед.

  1. Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедӣ ягон арзише дорад ё не?
  2. Барои вироиши мақола ба саҳифаи Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт ва ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо ‎нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед.
  3. Барои эҷоди мақолаи нав аз мақолаҳои вироишгардидаи Википедиа ҳамчун намуна истифода баред.
  4. Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (бе сарчашмаи боэътимод), яъне бе сабт намудани номи саҳифа аз сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо таълифи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) чунин вироишот ҳатман пок (ҳазф) карда мешавад; (мақолаҳои ВП-и русӣ ё англисӣ агар ба заб. тоҷикӣ тарҷума шуда бошанд, сарчашмаҳои аслиашро (русӣ ё анг) нусха намуда гузоред);
  5. Дар охири мақола бояд ба кадом гурӯҳи мавзуотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 03:15، 23 августи 2017 (UTC)