Мехостам рочеъ ба сарчашмахои вуруди макола ба Википедиа, роххои номатлуби муаллифсозии ин сомонаи (сайти) бесомон маколае нависам. Агар сохибмакола шудани шумоён бо чунин роххои дузди сурат гирад, вой бар холи ин гуна сомона... Ин чи гуна комус аст, ки маколаи мардум бе зикри номи муаллиф айнан руйбардор мегардад. Субхони Аъзамзод шуморо ба сомон даъват мекунад. Агар чигар дошта бошед, бахс кунед!

Салом 217.11.181.136! Дар системаи Википедиаи Тоҷикӣ номнависӣ кунед. Дар Донишномаи Википедиа, бо қадри имкони сарчашмаҳо ёдовар мешаванд. Мақолаҳое, ки муаллифи онҳо намехоҳанд дар Википедиа ҷой диҳанд ва ё нусхабардори шудааст, аз Википедиа аз рӯи дархости муаллиф ҳазв карда мешаванд. Агар мақолаи Шумо дар Википедиа ҷой дода шуда бошад, ҳатман дар саҳифаи баҳси он нависед. Дар Википедиа ҳеч кас мақсади соҳибмақола шуданро надорад. Ҳамаи мақолаҳо оммавианд. Маълумоти бештарро дар бораи Википедиа аз Википедиаи Англисӣ ва Русӣ метавонед дастрас кунед. --ibrahim 11:00, 2 Ноябр 2007 (UTC)
"Субхони Аъзамзод шуморо ба сомон даъват мекунад. Агар чигар дошта бошед, бахс кунед!" - Ҳеҷ боварии касе намеояд, ки Субҳони Аъзамзод, устоди мактаби олӣ дар Интернет бо ҳамин роҳ муносиба кунад. Бо Википедиа бо наздик шинос шавед. "Субҳони Аъзамзод Википедиаро танқид мекунад" мақолаи хубе дар яке аз рӯзномаҳои тоҷик.

Агар имконият бошад, хоҳиш мекунем дар дар Википедиа номнавис шавед. Шумо дар бораи Википедиа на он қадар хуб зикр кардед. Википедиа ин донишномаи озод аст. Википедиачиён мехоҳанд, ки Дониш бар шабакаи ҷаҳонӣ ройгон, яъне озод бошад. Ҳамаи бахшҳои Википедиа бо забонҳои гуногун ҳаракат мекунад, ки бештар одамон барои он ҳиссагузори кунанд ва дониш маълумоти лозимӣ бештар бошадю. Нигаред Википедиа бо забони англисӣ яз ҳама калонтарин донишнома дар ҷаҳон ба шумо меравад. Маводҳои Википедиаро дуздӣ гуфтан хатост. Масалан, википедиачиён аз бахши Викпедиаи англисӣ мақолаҳоро тарҷума мекунанд ва маводҳои Википедиаи англисӣ ройгон аст. Наход, мақолаҳои Википедиа англисӣ ва Википедиа форсӣ дуздӣ бошад. Хоҳишмандон метавонад мақолаҳои нопурраро пурра кунанд.--195.140.128.203 15:52, 2 Ноябр 2007 (UTC)


Ин саҳифаи баҳс барои як корбари гумном (аноним) аст, ки ҳанӯз ҳисоби ҷадид эҷод накардааст ва ё аз он истифода намекунад. Бинобар ин барои шиносоиаш маҷбурем аз нишонаи IP рақамии вай истифода баред. Чунин нишонаи IP шояд аз сӯи чандин корбарон ба шакли муштарак истифода шавад. Агар шумо корбари гумном ҳастед ва ҳис мекунед, ки изҳори назари номарбуте ба шумо сурат гирифтааст, лутфан ҳисоберо эҷод кунед ё вуруд шавед барои пешгирӣ аз нофаҳмиҳои оянда бо корбарони гумном.