Баҳси корбар:AryanSogd/Бойгонӣ 2014
Temp adminship
вироишAccording to User Hibraim opinion, I am granting a six month temp adminship on this wiki, expiring on July 3rd. I'd like to encourage you to continue your work on tg.wiki and to setup an election at the end of this term, following your colleague instructions. Please feel free to contact me at meta.wiki if there is any question.
Маҳаллаҳои аҳолинишин
вироишСалом AryanSogd, лутфан дар вақти эҷоди саҳифаҳои нав дар бораи деҳаҳои Русия, аз шаблонҳои {{ибҳомзудоӣ}} ва {{Дигар мазмунҳо}} истифода кунед, чун бисёр деҳаҳо дар Русия ва Украина як хел ном доранд. Нигаред ба ин саҳифаҳо ва ба номҳои онҳо: Чесноково ва Чесноково (вилояти Амур); Ярославка ва Ярославка (вилояти Амур) Ташаккур! --ibrahim (talk) 00:53، 5 январи 2014 (UTC)
- Салом ibrahim (talk). Шумо дуруст мегуед, лекин ман барои шитоби кор суст нашудан, ният доштам, ки аввал деҳаҳоро эҷод кунам ва пас аз шаблонҳои пешниҳод кардаатон истифода барам. Бояд ёдовари кунам, ки деҳаҳои ҳамном на фақат дар кишварҳо балки дар худи вилоятҳои Русия бисёр ҳастанд. Мисол деҳаҳои Яр, дар худи вилояти Амур як чанд ҳаст, ё ки деҳаҳои Ивановка, Антоновка, Петровка ва дигарҳо дар тамоми вилоятҳои Русия мумкин аст зиёда аз 100 ҳамном бошад. Пас аз эҷод кардан маълум мешавад ки кадом деҳа ба кадом ноҳия, вилоят ва кишвар дахолат дорад ва ҳамаи ин деҳаҳои ҳамномро ба мисли саҳифаи эҷод кардаатон бояд гирд овард. Хуб мешавад агар саросемагӣ дар боби {{ибҳомзудоӣ}} ва {{Дигар мазмунҳо}} накунем ё ин ки агар вақт дошта бошед, метавонед деҳаҳои ҳамномро гирд оваред. Бо эҳтиром,--AryanSogd 04:57، 5 январи 2014 (UTC)
Деҳаҳои (Деҳоти Русия)
вироишСалом AryanSogd Ташаккур барои саҳмгузорӣ ба Википедиа ба забони тоҷикӣ. Чун яке аз мудирони бахши тоҷикии Википедиа ба Саҳифаҳои вижа як назар кунед ва ба комил гардонидани саҳифаҳои бемаъно кӯмак расонед. Як пешниҳоде дорам оиди Деҳаҳо. Як чанд рӯз ин тараф ҳамаи саҳифаҳое ки дар бораи деҳаҳо инҷо эҷод шуд аз назар мегузаронам ва бо бахшии русии Википедиа муқоиса мекунам. Дар номгузории саҳифаҳо ягон бахши Википедиа аз вожаҳои Деҳа (село ё деревня) истифода намебарад. Нигаред ба саҳифаҳои зерин:
Пешниҳод дорам, ки саҳифаҳои, ки дар номашон вожаи Деҳа вуҷуд дорад ба Номи деҳа (Вилоят) тағйир дода шавад. Ташаккур --ibrahim (talk) 04:39، 10 январи 2014 (UTC)
- Салом Иброҳим. Ман қариб ки ҳаррӯз ба саҳифаҳои вижа назар карда, саҳифаҳои бо забони русӣ ва бемаъно эҷод шударо ҳазф карда истодаам, аммо на ҳамаи онҳо бе маъно ҳастанд ва барои комил гардондани ин гуна мақолаҳо ки дар донишнома бояд вуҷуд дошта бошанд, гурӯҳ илова карда викифонида истодаам. Шумо мумкин ки аз сабаби бисёр шудани мақолаҳо ва саҳифаҳо нодида мондед.
- Оид ба деҳаҳо: Бубахшед, лекин рози шуда наметавонам, чун дар як ноҳия то 5 деҳаи ҳамном аст. Яки онҳоро Деҳа (Вилоят) нависам дигарҳоро чи тавр кунам. Ман беҳуда номи деҳаро ба деҳаи деҳа накарда истодаам. Дар оянда ҳамаи саҳифаҳои деҳаҳо ки эҷод шуд, саҳифаҳои номҳои деҳа ба саҳифаҳои {{ибҳомзудоӣ}} ва {{Дигар мазмунҳо}} тағйир дода мешаванд. Бо эҳтиром,--AryanSogd 06:21، 10 январи 2014 (UTC)
- PS. Нав фаҳмидам. Рости гап ҷустуҷӯи мақолаҳо мушкил мешавад. Аз ин рӯ номи деҳа (деҳа), деҳаҳои ҳамном ёфт шавад номи деҳа (деҳа дар ноҳияи ноҳия), ва ғайра... Агар ин тавр кунем шумораи эҷоди мақолаҳо кам мешавад. Агар шумораи мақолаҳоро зиёд кунем, ҳаҷм кам мешавад. Сад афсус. Бо эҳтиром,--AryanSogd 06:40، 10 январи 2014 (UTC)
6 июл
вироишМӯҳтарам AryanSogd Чаро интервики руси ҳазф шудааст? Иброҳим тавсия медиҳанд, ки "дар ҳолати эҷоди гурӯҳ ба мақолаҳо ҳадди ақал ба Википедиаи русӣ ё инглисӣ интервики гузоред. Саҳифаҳое ки ба дигар мақолаҳо пайванд надорад ба ҳисоби умумии мақолаҳо ворид намешавад". Мисол: {{main|28 октябр}} [[Гурӯҳ:Октябр]] [[ru:Категория:28 октября]] Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 17:31، 9 январи 2014 (UTC)
- Салом устод, мӯҳтарам Иброҳим дурӯст мегуянд, лекин интервикиро агар ба тарафи рост нигоҳ кунед, дар таги бо забонҳои дигар тугмачаи Edit links дорад. Ҳамонро ки зер кардед тиреза пешниҳод мешавад, ки ан дарунаш ду қуттӣ дорад. Қуттии боло баро ҷудо кардани забон мисол русский. Қуттии поён баро номи мақоларо ҷой кардан бо забони русӣ. Агар ин корро кунед, мақола бо тамоми забонҳое ки дар он ин мақола эҷод шудааст, якбора якҷоя мешавад. Барои мисол 6 июлро назар кунед, ки чӣ гуна забонҳо ин мақоларо эҷод кардаанд. Амале ки Шумо мекунед, имконияти бо дигар забонҳо павасткуниро мушкил мекунад, зеро ки аввал вироиши Шуморо ботил кардан лозим меояд ва пас аз он пайваст кардан бо дигар забонҳо мумкин мешавад. Бо эҳтиром,--AryanSogd 08:53، 11 январи 2014 (UTC)
Хоҳиш
вироишМуҳтарам AryanSogd
Хоҳиш мекунам ба - Гурӯҳ:Кишоварзӣ пайванди асосиро гузоред. Бо эҳтиром,Ш.С.
- Иҷро шуд. Бо эҳтиром,--AryanSogd 14:56، 12 январи 2014 (UTC)
Дар бораи аксҳо
вироишМӯҳтарам корбар:AryanSogd
Аз Шумо ҳамчун яке аз мудирон хоҳиш мекунам, ки нисбати аксҳои вироишнамудаи ман дар ВК як андеша карда ( бо корбар Иброҳим) баъд ба ҳазф намудан шурӯъ кунед. Ман махсусан зидди ҳазф намудани аксҳои академик Б. Ғафуров мебошам, чунки аз осорхонаи ӯ бо иҷозати бевоситаи директори осорхона нусха кардаам. Дар хазинаи аксҳои ВК тоҷикӣ сурратҳои актёрони Ҳиндустон ва диг. зиёданд,ки чандин сол истодаанд ва то ин дам, касе онҳоро ҳазф накардааст? Чаро ҳоло масъалаи муаллифии аксҳои ворид намудаи камина ба миён омадааст? Аксҳои ворид намудаи камина ягон ғарази худнамоишдиҳӣ нест, танҳо барои ғанӣ гардонидани ВК тоҷикӣ аст.
Бо эҳтиром Шӯҳрат Саъдиев 10:30، 13 январи 2014 (UTC)
- Салом мӯҳтарам Саъдиев, тавсия дода мешавад, ки ҳамаи аксҳои озод ва бо иҷозат дар ҳамаи бахшҳои Википедиа ба Анбори Викимедиа бор шаванд, чун бо ин роҳ ҳамаи бахшхои Википедиа бо забонҳои худ аз аксҳо истифода карда метавонанд. Барои ҳамин ҳамаи аксҳои инҷо боршуда бояд беҳтараш ба Анбор бор шаванд ва ҷавобгӯи ичозатномаҳо бошанд. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 10:41، 13 январи 2014 (UTC)
- Мӯҳтарам устод. Метавонед аксҳоро дар Соммонс бор карда нусхаи иҷозатномаро (копия) ба воситаи емейл ки пас аз бор кардани акс талаб мекунанд равона кунед, агар ба шарте ки иҷозатномаи муаллиф бо иҷозатномаи Соммонс якхел бошанд. Муаллиф барои истифодабарии акс набояд зид бошад, пурратар дар инҷо (рус.) ва ин ҷо метавонед шинос шавед. Бо эҳтиром,--AryanSogd 11:17، 13 январи 2014 (UTC)
Васоити Ахбори Омма ва Номгузории Гурӯҳҳо
вироишСалом AryanSogd, фикр мекунам ин унвоне, ки ба ин гурӯҳ интихоб намудаед нодуруст аст, чун ибораи Васоити Ахбори Омма дар Тоҷикистон бештар истифода мешавад. Дар яке аз баҳсҳои қабли ман оиди истифода хабар ва ахбор навишта будам. Худи вожаи ахбор шакли ҷамъи хабар буда, ниёзе нест ки ахбороташ гӯем. Инчунин, пеш аз эҷоди гурӯҳҳо аз бахши порсии Википедиа низ дидан кунед, чун калка кардан аз номгузориҳои русӣ ғалат аст. Ба қавли яке аз корбарони донишнома рӯзбакӣ мешавад агар аз бахши русии Википедиа номгузориҳоро ба истилоҳ калка кунем. Нусхаи ин баҳс дар инҷост Бо орзуҳои саломатӣ - --ibrahim (talk) 07:35، 19 январи 2014 (UTC)
- Пешниҳоди Шумо нисбати Васоити Ахбори Омма Иҷро шуд. Илтимос, он калимаҳое ки дар Тоҷикистон беш истифода бурда мешаванд, дар ин ҷо ё дар саҳифаҳои баҳси гурӯҳҳои эҷодшуда пешниҳод кунед, то ки ҳамон лаҳза ё дар оянда дуруст карда гурӯҳи иштибоҳшударо ҳазф кунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd 08:05، 19 январи 2014 (UTC)
Аз Шумора ба Сифат
вироишСалом мӯҳтарам AryanSogd, лутфан ба саҳифаҳои солҳо ҳадди ақал як ва ё ду воқеа, зодрӯз ё маълумоти фавтро илова кунед. Ба саҳифаҳои холӣ мисли викиҳои пешрафта набояд инҷо роҳ диҳем. Чӣ хеле ки русҳо мегуянд - (Суть величия — не количество, а качество) Ҳамакнун вақти сифат мақолаҳо расидааст на шумораи мақолаҳои нопурра. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 13:34، 19 январи 2014 (UTC)
- Салом мӯҳтарам ibrahim. 1. Масъалаи сифат, ҳаҷми Википедиаи Тоҷикӣ аз 2,6 ба 3,8 баромад, ана ҳаминро сифат мегуянд. Аз сабаби эҷоди солҳо гурӯҳои дархости зиёд шуданд ва ман гунаҳкор нестам, ки то ҳол ин корҳои оддӣ ва зарурӣ нокардааст. 2. Мақолаҳои солҳо, ки пеш аз ман эҷод шуда буданд, мисол: Соли 1941 ва ин гуна солҳои "сифатнок" бисёр буданд. Агар Шумо фикр карда истода бошед, ки ман аз кору бор монда аз паи шумораям, хато мекунед. Ман аз рӯи номус ин корро карда истодаам. То даме ки шумораи мақолаҳо ва гурӰҳҳо зиёд нашаванд ва бо интервики пайваст накарда бошанд, ба умеди сифат ва маъруф гаштани Википедиаи Тоҷикӣ нашавед. Эҷоди гурӯҳҳои дархостӣ зарур ҳастанд ва ба сифат алоқаи бе восита доранд. Дар ҳол ҳар як вироиш ба вазни зар баробар аст. Бо эҳтиром,--AryanSogd 14:15، 19 январи 2014 (UTC)
- Агар назар кунем, моҳҳои охир бештар гурӯҳҳои холӣ ва мақолаҳои бе ягон манбаъ эҷод шуда истодаанд, ки ягон донише дар онҳо нест, ки сифати донишномаро баланд кунад. Барои сифат бояд ҳар як мақола факт ё далел дошта бошад. Барои ҳамин ин шаблон эҷод шуда буд якчанд сол пеш {{манбаъ}}. Аз ин пас мақолаҳои беманбаъ бе ягон баҳсу мунозира ҳазф мешаванд. Мо бояд эҷоди саҳифаҳои иттилоъдоштаро тарғиб кунем на эҷоди гурӯҳи холиву саҳифаи танҳо унвондошта. Бо орзуҳои нек --ibrahim (talk) 14:24، 19 январи 2014 (UTC)
- Дар забони русӣ ки беш аз мо тафтишкунанда доранд мақолаҳое, ки зарурияти энциклопедӣ дошта бошад, бе сарчашма ҳам ҳазф намекунанд. танҳо шаблони источник мемонанд ва аҳамият додам якеро, қариб як сол гузашта, аммо то ҳол манбаъ ягон кас илова накардааст. Мақолаҳои бе манбаъ, агар зарурияти энциклопедӣ дошта бошанд, ҳазф ва баррасӣ (отпатрулировать) кардан мумкин нест, лекин комил гардондани онҳо, бе шубҳа саҳми бебаҳост. Оё Шумо медонед ки дар мақолаҳо истифода бурдани Википедиаро ҳамчун сарчашма номатлуб аст? Википедиа ҳамчун сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб намеравад ва истифодабарии он нодуруст аст. Бо эҳтиром--AryanSogd 14:51، 19 январи 2014 (UTC)
- Бале, дар ин бора медонам, ки ҳамон манбаъ-ро мегузорем, агар нақзи ҳуқуқи муаллиф шуд, ҳатман саҳифа бояд вироиш шавад ва ё онро ҳазф бояд кард. Солҳои аввали пайдоиши Википедиа иқтибоси Википедиаро дар Донишгоҳҳои Ғарб манъ карда буданд. Ҳоло бошад баракс даъват карда мешавад, ки ҳамчун сарчашма иқтибос карда шавад ва ё дар корҳои илмӣ зикр кардан мумкин аст. Барои ҳамин Википедиа абзоре дорад зери Ҷаъбаи абзор - Ёд кардани пайванди ин мақола. Бо истифода аз ин абзор Википедиа тавсия медиҳад, ки дар ҳолати истифодаи мӯҳтавои Википедиа бояд Википедиа ёдовар шавад ҳамчун Сарчашмаи боэътимод Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 15:02، 19 январи 2014 (UTC)
- Бале, дар ҳолати истифодаи мӯҳтаво, аммо имрӯза мақолаҳои эҷод кардаатон ҳолати мӯҳтаво буд? Магар дар забони англисӣ сарчашмаи боэътимод набуд? Фаромуш накунед, ки тавсия аз дастур фарқи калон дорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd 15:16، 19 январи 2014 (UTC)
- Дар боло ман навиштам, ки ҳадди ақал як иттилоот дар саҳифа бояд ворид карда шавад, фарқ надорад аз русӣ, инглисӣ, туркӣ ё узбакӣ. Саҳифаи холиро роботҳо метавонад эҷод кунад. Ягон ҷо ҳеҷ кас иҷборан дастур намедиҳад, ки аз ин ё он донишнома истифода шавад. Истифодаи маводҳои Википедиа иҷборӣ нест. Ҳар корбари интернет иттилоотро пеш аз истифода бояд худаш ҳаматарафа бояд бисанҷанд. Ягон маводи интернет ва ё адабиёти илмӣ кафолат намедиҳад, ки дуруст бошад, аммо заррае аз иттилоот дошта бошад, ки хонанда истифода барад ва ё эрод бигирад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳои адабиёти илмӣ ҳам зери суол меравад. --ibrahim (talk) 15:28، 19 январи 2014 (UTC)
- Бале, дар ҳолати истифодаи мӯҳтаво, аммо имрӯза мақолаҳои эҷод кардаатон ҳолати мӯҳтаво буд? Магар дар забони англисӣ сарчашмаи боэътимод набуд? Фаромуш накунед, ки тавсия аз дастур фарқи калон дорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd 15:16، 19 январи 2014 (UTC)
- Бале, дар ин бора медонам, ки ҳамон манбаъ-ро мегузорем, агар нақзи ҳуқуқи муаллиф шуд, ҳатман саҳифа бояд вироиш шавад ва ё онро ҳазф бояд кард. Солҳои аввали пайдоиши Википедиа иқтибоси Википедиаро дар Донишгоҳҳои Ғарб манъ карда буданд. Ҳоло бошад баракс даъват карда мешавад, ки ҳамчун сарчашма иқтибос карда шавад ва ё дар корҳои илмӣ зикр кардан мумкин аст. Барои ҳамин Википедиа абзоре дорад зери Ҷаъбаи абзор - Ёд кардани пайванди ин мақола. Бо истифода аз ин абзор Википедиа тавсия медиҳад, ки дар ҳолати истифодаи мӯҳтавои Википедиа бояд Википедиа ёдовар шавад ҳамчун Сарчашмаи боэътимод Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 15:02، 19 январи 2014 (UTC)
Нишонаи ифтихор барои 10000 вироиш!
вироишСалому дуруд AryanSogd! Нишони ифтихор муборак! Узр дер нигоҳ кардам, ҳоло саҳифаи кориамро вироиш кардам ва нишони ифтихорро дида ба хотир расид. Муборак шавад! Рӯзе насиб 15000 ва 20000 вироишро ҷашн хоҳем гирифт! Муваффақ бошед! --ibrahim (talk) 07:22، 27 январи 2014 (UTC)
- Ташаккур. Рости гап чанд вақт шуд худамҳам нигоҳ накарда будам, чун фикр вақтҳои охир парешон шудаст. Ҳақиқатан кор бениҳоят бисьёр будаст. Ҳичи надорем гӯем ҳам хато намекунем. Боз як бори дигар ташаккур. Бо эҳтиром--AryanSogd 07:31، 27 январи 2014 (UTC)
a request
вироишHi, I was reviewing some of your activities and logs from your temporary sysop permission, and I need an English translation and an explanation of the reasons of this indefinite block. Thank you, --M7 (talk) 14:34، 31 январи 2014 (UTC)
- Good evening. For repeated vandalnye Changes in the draft articles concerning the rights of Wikipedia. Delete the text of the rules makes texts biography Iranian Islamic leader. Talk page turned into a place of Islamic Propaganda. Strange that this no one noticed. Sincerely--AryanSogd 14:59، 31 январи 2014 (UTC)
- Okay, thank you. When you use the block page, please remember to include in "Reason:" field something useful for reviewing. Ciao, M7 (talk) 15:07، 31 январи 2014 (UTC)
- Will have an, thank you.--AryanSogd 15:15، 31 январи 2014 (UTC)
- Hi! I've read your message and I can confirm that I did not found any problem in logs. Please try to reach a good degree of collaboration with your colleague and keep up your good work. In every wiki, sometimes, there might arise arguments, but it should not be of any harm! Discuss within your wiki and always listen to other involved people. Thank you, M7 (talk) 10:04، 6 Феврал 2014 (UTC)
- Thank you.--AryanSogd 11:50، 6 Феврал 2014 (UTC)
- Hi! I've read your message and I can confirm that I did not found any problem in logs. Please try to reach a good degree of collaboration with your colleague and keep up your good work. In every wiki, sometimes, there might arise arguments, but it should not be of any harm! Discuss within your wiki and always listen to other involved people. Thank you, M7 (talk) 10:04، 6 Феврал 2014 (UTC)
- Will have an, thank you.--AryanSogd 15:15، 31 январи 2014 (UTC)
- Okay, thank you. When you use the block page, please remember to include in "Reason:" field something useful for reviewing. Ciao, M7 (talk) 15:07، 31 январи 2014 (UTC)