Brintona
Латофат Кенҷаева
вироишЛатофат Кенҷаева (тахаллуси шоирӣ Сабрин) шоир, рӯзноманигор, ва нависандаи тоҷикӣ аст. Ӯ 8-уми июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №1и ноҳия соли 1967 ба Донишгоҳи Давлатии Миллӣ (ДДМ) дохил мешавад. ДДМ Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (шӯъбаи журналистика)-ро бо дипломи аъло тамом карда (1972), бо роҳхати ДДМ дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шӯъбаи адабӣ-драмавӣ кор кард (1972). Филиали дар Тошканд будаи институти радио ва телевизиони умумииттифоқиро хатӣ намуд (1972). Аз соли 1981 дар маҷаллаи ҷавонону наврасон "Истиқбол" (собиқ "МашъалЭ) ба ҳайси сардабир то имрӯз кор мекунад. Соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи "ИстиқболЭ таъсис дод, ки он соли 2008 номи ТҶБ (Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ)-ро гирифт ва раиси он мебошад.
Ҳанӯз аз давраҳои мактабӣ машқи шеър мекарду шеърҳои бачагона менавишт. Намунаҳои шеъру ҳикояҳои Латофат Кенҷаева зиёд дар матбуоти давр, дар китоби "Тазкираи адабиёти бачагон" ва чандин маҷмӯаи дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Китоби Латофат Кенҷаева "Сандуқчаи марворид" ороста аз тезгӯяку чистон ва бозиҷою кистонҳо дар шакли шеър, барои бачагон эҷод шуда, соли 1997 ба табъ расидю Ин китоб бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 чун дастури омӯзишӣ барои мактаби миёна тасдиқ шудааст. Мактаббачагони тоҷик аз ин китоб зиёд истифода мекунанд, ки гувоҳи он се нашр чоп шуданаш мебошад.
Дигар аз асарҳои назмию насрии Латофат Кенҷаева дар маҷмӯаҳои "Лолаарӯска" (1980), "Таранаҳо" (1982), "Марҷони ранга" (1986), "Шарораи хотираҳо" (1990), "Сандуқчаи марворид" (1997), "Рози шабнам" (2000), "Мусича ва Дурдона" (2003), "Оҳи гусаста" (2003), "Нома ба бародар" (2005), "Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш" (2005), "Наҷотбахши дунё кист?" (2005), "Қофиябозӣ 1-2" (2006), "Шеъро" (2009), "Хилвати гесӯ" (2009), "Фариштае ба нури орзу" (2009), "Афсонаи Тилонур" (2010), "Гаҳвораҷунбон" (2010), "Саргузашти чуҷаи доно" (2012), "Қофиябозӣ - 10" (2013), "Мӯрчаяки баднафс" (2013), "Зиёфат" (2013), "Афсонаи 10" (2013), "Бозии рустшавакон" (2013), "Шукрон, куҷоӣ?" (2014), "Очабузи Шоҳона" (2014), "Садбарги ҳае" (2014) ва дигар фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навчавонон ва ҳам барои насли калонсол офарида шудаанд.
Хуш омадед
вироиш
فارسی | |
Роҳнамои қадамҳои аввалин
Акнун Шумо метавонед на фақат мақолаҳоро дар Википедиа хонед, боз Шумо метавонед мақолаҳоро вироиш кунед ва ё мақолаи худро ба Википедиа ирсол кунед. Барои дар Википедиа чӣ тавр мақола навиштан аз ин ҷо дидан кунед. Муҳтавои Википедиа таҳти иҷозаномаи Creative Commons Attribution-ShareAlike (CC-BY-SA) ва иҷозаномаи GFDL дастрас аст. Шумо метавонед бо литсензияи GFDL дар инҷо ва Creative Commons Attribution-ShareAlike (CC-BY-SA) шинос шавед.
Ёрӣ
Иттилооти бештарро метавонед дар вуруди корбарон пайдо намоед. Шумо боз метавонед саволҳои худро дар ин ҷо нависед Роҳнамо ё дар канали IRC #wikipedia-tg (бевосита аз дигарон бипурсед). Инчунин шумо метавонед бо як аз мудирон дар тамос бошед ё дар саҳифаи баҳси яке аз онҳо саволи худро нависед. |
Чизҳои хуб ва роҳнамоиҳо
Ба хатогие роҳ додед ё дучор шудед?
| |
(P.S. Барои ин паём мехоҳед пешниҳоди худро нависед?) |