Мақолаи такрорӣ, ҳазф гардид вироиш

Мӯҳтарам корбар:TajikPro Минбаъд дар ҷустуҷӯ номи пурраи афрдро гузоред. Масалан: Сафармуҳаммад Айюбӣ. Агар дархостро наёбед баъд ба эҷоди мақола шурӯъ намоед.

Назардошт:
  1. Аз телефони мобилӣ эҷоди мақолаи нав ғайри имкон аст. Чунки, мақоларо викифонидан ва бо сарчашмаи боэътимод вобаста намудан лозим аст, ки ба воситаи истифодаи телефон мушкил аст. Танҳо таҳрири имлои забони тоҷикӣ, ислоҳи камбудиҳо ва иловаҳои муфидро ҳамроҳ намоед.
  2. Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедӣ ягон арзише дорад ё не?
  3. Барои эҷоди мақолаи нав аз мақолаҳои вироишгардидаи Википедиа ҳамчун намуна истифода баред.
  4. Бидонед:мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод), яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо таълифи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд; (мақолаҳои ВП-и русӣ ё англисӣ ба заб. тоҷикӣ тарҷума шуда бошанд, сарчашмаҳои аслиашро нусха намуда гузоред);
  5. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳи мавзӯотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:32, 21 октябри 2018 (UTC)Reply