Ба Tohirjoni s иттилооти овардаатон оид ба шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли 2018, бинобар надоштани сарчашмаи боэътимод вогардонида шудааст. Такя ба Маҷмӯаи омории "Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016" . Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 9 овардаатон ғалати маҳз аст, ингуна амалатонро такрор накунед. Баъд аз нашри Маҷмӯаи омории нав Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018, бо ишораи сарчашмаи электронӣ.... тағйиротро оид ба шумораи аҳолии Тоҷикистон ворид намудан мумкин аст.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 16:41، 23 марти 2018 (UTC)

Ба Tohirjoni s Шумо пеш аз нусхабардорӣ намудану гузоштани он нусха ба мақолаҳои Википедияи тоҷикӣ, аввал ба Саҳифаи аслӣ қисмати Роҳнамо, сипас → Равиши вироиши Википедия → Википедиа:Чӣ_тавр_мақола_бояд_сохтВикипедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт. Эҷоди мақола ва Википедиа:Вироиши_мақолаҳо даромада шинос шавед ва омӯзед.

  1. Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедӣ ягон арзише дорад ё не?
  2. Барои вироиши мақола ба саҳифаи Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт ва ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо ‎нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед.
  3. Барои эҷоди мақолаи нав аз мақолаҳои вироишгардидаи Википедиа ҳамчун намуна истифода баред.
  4. Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод), яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо таълифи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд; (мақолаҳои ВП-и русӣ ё англисӣ ба заб. тоҷикӣ тарҷума шуда бошанд, сарчашмаҳои аслиашро нусха намуда гузоред);
  5. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳи мавзӯотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 05:50، 25 марти 2018 (UTC)