nxkssas kdc

   Гар бар фалакӣ, ба хок бозорандат.
   В-ар бар сари нозӣ, ба ниёз орандат.
   Филҷумла, мараз ба ҷаҳл то битвонӣ,
   В-озор маҷӯ, то ба ниёз орандат.
   Май гарчӣ ба шаръ зиштном аст, хуш аст,
   Чун бар кафи соқиву ғулом аст, хуш аст.
   Талх аст ҳаром аст, хушам меояд,
   Дерест, ки ҳар чиз ҳаром аст, хуш аст.
   Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
   Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
   Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ишқ,
   Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.
   Ҳарчанд, ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
   Навмед наям чу бутпарастони куништ,
   Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ боз,
   Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид на куништ.
   Ҳар дил, ки дар ӯ меҳру муҳаббат насиришт,
   Хоҳ аҳли саҷҷода бошаду хоҳ аҳли куништ.
   Дарт дафтари ишқ номи ҳар кас, навишт,
   Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.
   Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
   В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
   Бар хушк касе нест, ҳама дар обанд,
   Бедор якест, дигарон дар хобанд.
   Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,
   Ҳар як паси якдигар якояк бираванд.
   В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
   Рафтанду равему боз оянду раванд.
   Бар синаи гампазири ман рахмат кун,
   Бар чону дили асири ман рахмат кун.
   Бар пои хароботрави ман бахшои,
   Бар дасти пиёлагири ман рахмат кун.
   Хушеди сипехри безаволи ишк аст,
   Мурги чамани хучастафоли ишк аст.
   Ишк он набувад, ки хамчун булбул ноли,
   Хар гах, ки бимирию наноли ишк аст.

Start a discussion with ZéroBot

Start a discussion