Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ...

вироиш

Аввало ассалом,

Ду-се нуқтаҳоро оиди тарҷумаи калимаи "Сайт", ки ба дилхоҳ истифодабарандаи шабакаи интернет ҳамчун "Сомона" шинос мебошад, фикри худро бо асосҳо баён намоям:

Мефаҳмам, ки ҳеҷ мудирони Википедия бар ягон дигар истифодабарандагони сайт зид нестанд, танҳо мехоҳанд аз рух додани хатогиҳо нигаҳ доранд, ки ин хуб мебошад.

Гумон мекунам ва фаҳмидан мумкин аст, ки калимаи Вебгоҳ ҳамчун таҷума ба забони тоҷикӣ аз Википедияҳои эрониҳо وبگاه (Вебгоҳ хонда мешавад) гирифта шудааст.

Шояд эрониҳо ҳамчун калимаи "нав" ба луғаташон дароварда бошанд ҳам, дар асл дар Эрон ҳам калимаи "Сомона"-ро истифода мебаранд (аз системаи ҷустуҷуи Google дидан мумкин аст, ё як намуна سامانه كدال codal.ir).

Дар забони тоҷикӣ истифодабарии калимаи "Вебгоҳ"-ро дидан душвор аст, барои тарафдории калимаи "Сомона" ҳамчун тарҷума ба калимаи "Сайт" чунин далелҳоро меоварам:

  1. Калимаи "Сомона" дар ҷомеа васеъ паҳн шудааст: дар сайтҳо ва воситаҳои ахбори омма калимаи "Сомона"-ро бештар истифода мебаранд.
  2. Калимаи "Сомона" дар китоби "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (дар 2 ҷилд)". — Душанбе, Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакӣ назди АИҶТ. Дар зери таҳрири Назарзода С.. 2008, чунин тафсир шудааст:
 Сомона (форсӣ: [سامانه]) — итт. сайти интернетӣ, шабакаи иттилоотии ягон муассиса ё марказ ва ё шахси воқеӣ

Дар Википедияи эрониҳо калимаи "Система"-ро ҳамчун "Сомона" тарҷума кардаанд, ки он ғалат мебошад ва ягон асосе надорад (форсӣ fa:سامانه).

Дар асоси гуфтаҳои ба аҳли Википедиячиён барои ба ягон хулосаи боандеша омадан, калимаи "Сомона"-ро ҳамчун тарҷума ва ҳаммаънои "Сайт" истифода бурданро пешниҳод менамоям.

Бо эҳтиром,   TajikMaterialist 19:26, 15 ноябри 2019 (UTC)Reply

Далелҳои овардаи шумо қобили қабул нестанд, Фарҳанги Назарзода, фарҳангест пур аз ғалат ва аз ҷониби забоншиносони Тоҷикистон то кунун ҳимоят нашудааст, дар зимн ин ки СОМОНАро дар матуботи ҶТ барғалат ба ҷои САЙТ истифода мекунанд, далел буда наметавонад, ки мо ҳам СОМОНА нависем, ҳамчунин манзур аз СОМОНАЕ ки эрониҳо мегӯянд ҳамон система аст, на сайт! Мо барои ҳамгунсозии забони ҳамаи форсизабонон мекӯшем на фақат Тоҷикистон! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 11:41, 19 ноябри 2019 (UTC)Reply
Return to "Вебгоҳ" page.