VASHGIRD
Thank you for being a medical contributors!
вироишThe 2024 Cure Award | |
In 2024 you were one of the top medical editors in your language. Thank you from Wiki Project Med for helping bring free, complete, accurate, up-to-date health information to the public. We really appreciate you and the vital work you do!
Wiki Project Med Foundation is a thematic organization whose mission is to improve our health content. Consider joining for 2025, there are no associated costs. Additionally one of our primary efforts revolves around translating health content. We invite you to try our new workflow if you have not already. Our dashboard automatically collects statistics of your efforts and we are working on tools to automatically improve formating. |
Thanks again :-) -- Doc James along with the rest of the team at Wiki Project Med Foundation 06:24, 26 Январ 2025 (UTC)
Басташавии Āriyān Xurāsān
вироишДуруд, рафиқ.
Метавонед бештар сабаби басташавии манро шарҳ диҳед?
Ман худам корбари бетаҷриба ҳастам ва намедонам дар куҷо дастури қонунҳои Википедияи тоҷикӣ омадааст, ва аз он қонунҳо ман бохабар нестам. Хоҳишмандам манро ба он дастури қонунҳо шарик созед ва шарҳ диҳед кадом моддаи он дастурро ман ғалат кардам, ки баста шудам? Āriyān Xurāsān (баҳс) 13:27, 14 апрели 2025 (UTC)
- Дуруд! Барои ҳарзакорӣ ва ворид кардани иттиилооти бидуни манбаъ ҳисоби корбарии шумо ба муддати як ҳафта баста шуд. Дастуру роҳнамоҳо 90 % барои кулли фаслҳои Википедия ягона аст. Дӯстмурод Саид (баҳс) 16:13, 14 апрели 2025 (UTC)
- Ман гумон дорам, ки гап дар бораи мақола "Оиша бинти Абубакр" растаистодааст. Дар ин маврид мегӯям, ки иттилооте, ки ман талош кардам онро ба мақола ворид кунам, чун шумо навиштед "ҳарзакорӣ" ё ин ки "ҳарзанок" набуд, он иттилоот иттилооти зиндагиномаи шахсияте, ки дар борааш ин мақола эҷод шудааст буд.
- Агарки чун шумо навиштед "Дастуру роҳнамоҳо 90 % барои кулли фаслҳои Википедия ягона аст.", пас чаро дар Википедияҳои бо дигар забон иттилооте, ки ман онро талош кардам ворид кунам озодона ҷо шудааст? Дар дигар Википедияҳо ин иттилоотро гузоштан мумкин будааст, дар Википедияи тоҷикӣ на??
- Ва дар мавриди - иттилоот "бидуни манбаъ" суол дорам - пайваст кардани манбае, ки ба дигар забон аст дар Википедияи тоҷикӣ шоям аст ё на?
- Шумо ба суоли пешинаам посухи муайяне надодед. Куҷост дастури қонунҳои Википедия тоҷикӣ, ки ман онро нигарон кунам, ва боз ба ҳолати басташавӣ наафтам?
- Боз дар марвриди ҳамон воридкунии иттилоотам - ба назар гузоред, ки чунин иттилоот(дар бораи синни издивоҷгарон) дар мақолаи "Хадиҷа бинти Хувайлид" дар банди "Издивоҷ бо Паёмбари Худо"(вой ҳаяҷон дорам. Дар кадом асос шумо Аллоҳро дар энтсиклопедия Худо эътироф кардед?) аз тарафи худатон гузошта шуд, яъне шумо иттилооти воридкардаи худро, ки ба иттилооти ман феълан монанд аст "ҳарзанок" мехонед. Шумо зидди худатон баромад доред, дурӯягӣ доред(бахшиш, ман талоши таҳқир надорам, балки муқаррар кардани воқеият). Иттилооти феълан як дар бораи синни издивоҷгарон аз тарафи шумо ворид кардан мумкин будааст, вале аз тарафи ман не?
- Хуш бошед! Āriyān Xurāsān (баҳс) 19:15, 14 апрели 2025 (UTC)
- Замоне ки мақола комил сохта мешавад, шароит каме фарқ мекунад, ман зид нестам, дар бораи 5 ё 6-солагии издивоҷи Оишаву Муҳаммад бинависед, фақат ки бо зикри сарчамаи муътамад бояд оварда шавад. Ҳамчунин шумо дар мақолаи Охунзода ҳам бидуни сарчама ва аз руи таасуб навиштаед. Мақолаи Хадиҷа кори 10 сол пеши ман буда (он замон дар мавриди масъалаҳои баҳсӣ чандон махлумот надоштам), он ҳам тарҷума аз русӣ аст. Ба умеди овардани сарчашма дар мақолоти баҳсӣ, Дӯстмурод Саид (баҳс) 19:26, 14 апрели 2025 (UTC)
- Хуб шуд дар мавриди мақола Оиша бинти Абубакр, ман ҳатман манбаъҳоро вобаста ба иттилооти синни издивоҷи ин шахсият ёфт мекунам ва мепайвандам, иттилооти воридмекардагиам хеле аҷибе аст, на "ҳарза".
- Оид ба вироиши ман дар мақола Ҳайбатуллоҳ Охундзода ман аз таҳти дил узр мепурсам аз ҷамъияти Википедия, ин вироишро ман дар ҳолати ҳаяҷон анҷом додам, пас аз он, ки дар интернет хабарҳое дар бораи хости гуруҳи террористӣ Толибон ҳамла кардан ба Ватани олиқадрамон хонда будам ва чанде навор дар YouTube, ки дар онҳо таблиғ мекарданд "бо муҷоҳидин ҳамроҳ шуда Тоҷикистонро фатҳ кунанд" дида будам, дан он дам ман воқеанд дилам ноҷо шуд, гуё воқеан Толибон ҳозир ба Тоҷикистон ҳамла мекунанд, давлатамон нобуд мегардад ва озодиҳои башарӣ поймол мешаванд, бонги хатар дар дилам зада буд. Ман албатта мефаҳмам, ки дар Википедия набояд иттилоот ҳамчун таҳқир ҷо шавад, ва аз он вироишам пушаймон ҳастам.
- Ман дар Википедия навкор ҳастам ва аз ҳамин сабаб ғалат карданам мумкин аст(ба чанде суолҳоям шумо чашм пушидед, ман нохости ҳамкории шуморо дарк кардам).
- Хуш бошед! Āriyān Xurāsān (баҳс) 20:05, 14 апрели 2025 (UTC)
- Агар шумо воқеъан навкор ҳастед (аммо ингуна наменамояд), пас аз Эҷоди мақола шурӯъ кунед, кулли мароҳил нишон дода шудааст. Дӯстмурод Саид (баҳс) 20:12, 14 апрели 2025 (UTC)
- Хуб шуд дар мавриди мақола Оиша бинти Абубакр, ман ҳатман манбаъҳоро вобаста ба иттилооти синни издивоҷи ин шахсият ёфт мекунам ва мепайвандам, иттилооти воридмекардагиам хеле аҷибе аст, на "ҳарза".
- Замоне ки мақола комил сохта мешавад, шароит каме фарқ мекунад, ман зид нестам, дар бораи 5 ё 6-солагии издивоҷи Оишаву Муҳаммад бинависед, фақат ки бо зикри сарчамаи муътамад бояд оварда шавад. Ҳамчунин шумо дар мақолаи Охунзода ҳам бидуни сарчама ва аз руи таасуб навиштаед. Мақолаи Хадиҷа кори 10 сол пеши ман буда (он замон дар мавриди масъалаҳои баҳсӣ чандон махлумот надоштам), он ҳам тарҷума аз русӣ аст. Ба умеди овардани сарчашма дар мақолоти баҳсӣ, Дӯстмурод Саид (баҳс) 19:26, 14 апрели 2025 (UTC)
- Дуруд, рафиқ.
- Ман дар мавриди иттилооти дохил мекардагиам ба мақола Оиша бинти Абубакр манбаъҳои муътамадро ёфт кардам.
- Вале читавр онҳоро дар код ҷо бикунам ва ба нашр расонам - намедонам.
- Манбаъҳои ман - "Саҳеҳи Бухорӣ ҳадис 5133" ва "Саҳеҳи Бухорӣ ҳадис 3894".
- Илтимос, бифаҳмонед читавр корро ба анҷом расонам! Āriyān Xurāsān (баҳс) 16:26, 15 апрели 2025 (UTC)
- Дуруд! Дидам, ки зиёд ба ҳамин мавзӯъ "завқ" доред, худам ба факту рақам илова кардам. :) Агар манбаъау далели муътамади дигаре доред, монанди иловаи ман вироиш кунед. Дӯстмурод Саид (баҳс) 17:21, 15 апрели 2025 (UTC)
- Хеле хуб шуд. Сипосгузорам, ки ин иттилооти муҳимро дохили мақола кардед.
- Хуш бошед! Āriyān Xurāsān (баҳс) 18:54, 15 апрели 2025 (UTC)
- Саломат бошед!--Дӯстмурод Саид (баҳс) 03:51, 16 апрели 2025 (UTC)
- Дуруд! Дидам, ки зиёд ба ҳамин мавзӯъ "завқ" доред, худам ба факту рақам илова кардам. :) Агар манбаъау далели муътамади дигаре доред, монанди иловаи ман вироиш кунед. Дӯстмурод Саид (баҳс) 17:21, 15 апрели 2025 (UTC)
AWB
вироишСалом, оё ман ҳуқуқ дорам аз AutoWikiBrowser барои вироишоти омма (вироишоти хастакунандаи монанд) аслан барои ислоҳи номҳои гурӯҳҳои ҷамоатҳои деҳоту шаҳракҳои тағйири ном карда, ва пайвандҳои онҳо дар мақолаҳои мутобиқ (дар ҷиҳати аввал) ва дигар масъалаҳо, ки дар оянда ба вуҷуд хоҳанд омад, истифода кунам. Агар не, сабабҳо. Агар ҳа - ӯҳдадориҳо, ва кӯмак дар қадамҳои аввал ва ҳоказо. Чунонки ман медонам шумо аз ин олот ба таври васеъ истифода мебурдед. -- Rumsor (баҳс) 15:09, 5 май 2025 (UTC)
- Салом. Барои истифодаи AutoWikiBrowser аслан, шумо бояд парчами бот ё ҳуқуқи корбарии мудирро дошта бошед, аммо бидуни ин ҳам бо иҷозаи мудинро метавонед аз ин абзор истифода кунед. Ҳангоми истифода аз ин абзор дастури зерро риоя кунед.
- Ҳар як вироишро пеш аз захира кардан бисанҷед.
- Зуд-зуд вироиш накунед. Агар, ки суръати вироишатон аз 1—2 вироиш дар як дақиқа зиёд бошад — соҳиби бот шавед.
- Ба воситаи AWB, вироише накунед, ки дар оянда байни корбарон низоъ сар шавад.
- Бисёр вироишҳои хурдро бо ёрии AWB ба монанди нест кардани сатрҳои холии изофӣ ё хориҷ кардани ишораи зерхатт аз истинодҳо анҷом надиҳед. Такмили чунин вироишҳо арзиши ҷалби таваҷҷуҳи корбарон ба феҳристи назаротро надорад.
- Комилан, ҳама дастур, пешниҳод ва суннатҳои Википедияро риоя кунед.
- Вайрон кардани ин дастур метавонад боиси қатъи истифодабарӣ бидуни огоҳӣ гардад.
- БАРОРИ КОР! Дӯстмурод Саид (баҳс) 05:24, 6 май 2025 (UTC)
- ташаккур барои фаҳмондан. Rumsor (баҳс) 15:23, 8 май 2025 (UTC)
- боз як савол доштам - оё қонунҳои вп доштани ботро барои ёфтан ва тағйир додан (найти и заменить)-и матн манъ намекунанд? Rumsor (баҳс) 15:58, 8 май 2025 (UTC)
- На, иҷоза аст. Дӯстмурод Саид (баҳс) 11:37, 12 май 2025 (UTC)