Баҳҷату-р-рӯҳ

(Тағйири масир аз Баҳҷат-ур-рӯҳ)

«Баҳҷату-р-рӯҳ» (ар. بهجةالروح‎) — рисолаи мусиқист аз таълифоти Абдулмуъмин Сафиуддини Гургонӣ.

Баҳҷату-р-рӯҳ

Тахмин меравад, ки муаллиф онро дар садаи 11 барои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ эҷод кардаасту дар садаҳои минбаъда (13-16) ҳангоми китобат маълумоти оид ба мусиқии ин асрҳо ба он дохил гардидаанд. Нусхаи мукаммали рисола, ки соли 1968 дар Эрон ба табъ расидааст, аз муқаддима, 10 боб ва хотима иборат аст. Дар муқаддима манбаъ ва сабаби навишта шудани рисола оварда шудааст. Дар боби якум — «Дар мабдаи ин илм» муаллиф баъзе ақидаҳои динии афсонавиро доир ба пайдоиши мусиқӣ ҷой дода, чӣ гуна ба рӯҳ нишот бахшидани мусиқиро қаламдод намудааст. Дар боби дуюм — «Дар ақовили баъзе ҳукамо дар ин илм» фикру андешаҳои ҳакимону бузургон доир ба ин илм ва чигунагии одоби ҳунарварию касб кардани он шарҳ ёфтааст. Дар боби сеюм — «Дар нисбати ин илм дар вуҷуди инсон» муаллиф аз нуқтаи назари тиббӣ фикру андешаи Абуалии Синоро оварда қайд мекунад, ки мусиқӣ дар бадани инсон дар шакли ситораи Арқанӯъ ба манзилаи об ва хун ҳаракат менамояд. Бинобар ин наббозон бояд аз рӯи набз он ситораро муайян намоянд ва ба тавассути мусиқӣ ба бемор шифо бахшанд. Боби чорум — «Дар нисбати ин улум ва кавокиби сабъа ба ҳасби кура ва сайри он» доир ба ақидаи мусиқидон Маҳмуди Шонакӣ, ки 12 мақоми асл бо 12 бурҷи афлок иртиботе доранд, баҳс мекунад. Дар он мураттаб сохтани 24 шуъба вобаста ба 28 манзили Қамар (Моҳ) дар як шаборӯз ва робитаи 48 гӯша бо шуъбаҳо аз рӯйи кавокиби Устурлоб, инчунин муштақи 6 овоза аз рӯйи кавокиби ҳафтгона муфассал қаламдод шудааст. Дар боби панҷум — «Дар баёни буҳури усул ва ҳаракати ҳар як ба қадри ҳол ба ҳасби заработ» вазни ҳар усули заработ, шумора ва шиддати (тезию сустӣ) онҳо дар 24 навъи усул зикр ёфтааст. Илова бар ин 7 усули барои табболон ва нақорачиён эҷодшуда ва 7 усули дигар, ки Ҳусайни Ихлотӣ тасниф кардааст, низ ёдрас мегарданд. Боби шашум «Дар баёни илм-ул-адвор-ил-мусиқӣ бинназм» ном дошта, аз хусуси таркиботи 12 мақоми асл, шуъбаҳои онҳо ва гӯшаҳо, инчунин доир ба доираҳои алҳонии ин мақомҳо баҳс мекунад. Боби ҳафтум — «Дар таркиби парда ба ҳасби сайри ситораи Уторид ва Қашар ва Зуҳра» назарияи таркиботи пардавии ҳар мақом ва шуъбаро дар бар мегирад, ки бо кадом роҳ аз дигар мақому шуъбаҳо ҳосил мешавад ва таркиби оҳангии он ба чанде аз онҳо мансуб аст. Боби ҳаштум «Дар бораи он ки дар маҷолис ҷиҳати ҳар кас чӣ бояд хонд» ном дошта, дар он аз рӯйи хусусият ва табиаташ ҳар оҳанг ба шахсони гуногун чӣ гуна таассуроте дорад, низ шарҳ ёфтааст. Муаллиф дар боби нуҳум — «Дар баёни он ки ҳар мақом чанд бонг аст, аз қавли устодон» аз рӯйи ақидаи устодони мусиқӣ нишон медиҳад, ки ҳар мақом, шуъба ва гӯша аз чанд бонг (октава) таркиб ёфтааст. Дар боби даҳум — «Дар сулуки соҳиби ин фанни шариф» муаллиф ба соҳибон ва донандагони ин фанни шариф 15 панд медиҳад, ки иборат аз одобу ахлоқи мусиқидонист. Дар «Хотима» муаллиф оид ба пайдоиши 7 мақоми аввал аз тарафи пайғамбарон ва дар асрҳои миёна ба он афзудани 5 мақоми дигар аз тарафи мусиқишиносон, ҳосил шудани ҳар оҳанг аз садои кадом ҳайвон ва иҷрои он барои ҳар табақаи мардуми соҳиби касбу кори гуногун сухан рондааст. Инчунин доир ба созҳои мусиқӣ ва номи баъзеи онҳо маълумот медиҳад. Дар охир ҷадвали силсилаи «Дувоздаҳмақом»-ро бо шуъбаву гӯшаҳо ва заработаш меорад, ки барои тадқиқи назария ва амалияи мусиқии асрҳои миёнаи форс-тоҷик аҳаммияти бузурге дорад. Як нусхаи «Б.» дар нашри Эрон — иборат аз сарсухан ва ёддошт (14 саҳ.), матни худи рисола (саҳ. 17-93) ва феҳристи истилоҳоти ин рисола, ки Ҳ. Л. Рабино де Баргомале тартиб додааст (саҳ. 97-142), таҳти рақами 5751 дар шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш