Маҳмуди Шонакӣ (? — 1498, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда ва донишманди форс-тоҷик, шореҳи «Рисолату-ш-шарафия»-и Абдулмуъмини Урмавӣ.

Маҳмуди Шонакӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Ҳирот таваллуд ёфта­аст. Санъати мусиқиро аз мусиқишиносони маъруфи давраш Амир Муртаз, Хоҷа Юсуфи Бурбон омӯхт. Маҳмуди Шонакӣ чун навозанда ва ҳофизи боистеъдоди марсияхон дар Ҳирот ва ноҳияҳои он машҳур буд. Барий такмили ҳунар ба Астаробод, Шероз, Исфаҳону Табрез сафар кард. Ба «Рисолат-уш-шарафия»-и Абдулмӯъмини Урмавӣ тафсир навиштааст. Мусиқишинос Паҳлавон Абусаиди Румӣ, ҳофизи машҳури ҳамон давр Юсуфи Андиҷонӣ аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Маҳмуди Шонакӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).