Бевазнӣ
Бевазнӣ — ҳолати ҷисми моддӣ, ки дар он қувваҳои берунаи ба ҷисм таъсиркунанда ва ё ҳаракати ҷисм боиси пайдоиши фишори мутақобилаи зарраҳо намегарданд.
Дар майдони ҷозиба
вироишДар майдони ҷозибаи Замин ба ҷисми ором қувваи вазнинӣ ва қувваи аксуттаъсир (реаксия)-и такягоҳ, ки самти акс дорад, таъсир мекунад — дар ин сурат зарраҳои ҷисм аз тарафи якдигар фишори мутақобил мебинанд. Ин фишорро организми инсон чун вазн ҳис мекунад. Ин ҳол дар лифти бо шитоби а≠g поёнфароянда (g=9,81 м/с2, шитоби афтиши озоди ҷисм) низ ҳис мешавад. Аммо дар сурати а=g будан, ҷисму лифт озод меафтанд ва ба якдигар таъсири мутақобил намерасонанд. Ҳамин гуна ҳолатро ҳолати бевазнӣ меноманд. Ҷисмҳои дохили радифи маснӯъ (ё киштии кайҳонӣ) дар ҳолати бевазнанд, зеро онҳо ва зарраҳояшон ҳамроҳи радифи маснӯъ суръати яксон гирифта, дар майдони ҷозиба то шитоби яксон ҳаракат мекунанд ва ба якдигар таъсири мутақобила намебахшанд.
Умуман, ҷисм дар зери таъсири қувваҳои беруна он гоҳ дар ҳолати бевазнӣ буда метавонад, ки агар:
- қувваҳои беруна танҳо қувваҳои ҷозиба бошанд;
- майдони ин қувваҳо локалӣ якҷинс бошад, яъне қувваҳои майдон ба зарраҳои ҷисм дар ҳар як мавқеи он шитоби якхела (аз ҷиҳати бузургӣ ва самт) бахшанд;
- суръати ибтидоии ҳама зарраҳои ҷисм аз ҷиҳати бузургӣ ва самт яксон бошанд (ҳаракати ҷисм пешраванда мешавад).
Ҳамин тариқ, ҳар гуна ҷисми андозааш аз радиуси Замин хурд, ки дар майдони ҷозибаи Замин дар мавриди набудани қувваҳои беруна озодона ба пеш ҳаракат мекунад, дар ҳолати бевазнӣ мебошад. Муаммои бевазнӣ яке аз муаммоҳои муҳимми кайҳоннавардӣ мебошад, зеро шароити бевазнӣ аз шароити муқаррарии заминӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ин махсусан барои силсилаҳое, ки зарфҳои нимпури моеъ доранд, муҳим аст. Мас., дар дастгоҳи муҳаррикҳои мушакии моеӣ (ки ҳангоми парвоз онро чанд карат ба кор андохтан лозим меояд) дар ҳолати бевазнӣ моеъ дар зарф мавқеи номувофиқ гирифта, кори муътадили силсила (мас., аз бакҳои сӯзишворӣ ҷорӣ шудани ҷузъҳо)-ро вайрон карда метавонад. Бинобар ин, барои дар шароити бевазнӣ таъмин намудани кори муътадили муҳаррикҳои мушакии моеӣ яке аз усулҳои зеринро истифода мекунанд: дар зарфҳои сӯзишворӣ ҷудо кардани фазаҳои моеъ ва газ бо ёри ҷудокунакҳои эластикӣ (мас., дар пойгоҳи автоматии байнисайёравии «Маринер»); бо ёрии муҳаррикҳои мушакии иловагӣ то ба кор андохтани муҳаррикҳои асосӣ ба вуҷуд овардани «вазнинии сунъӣ»-и кӯтоҳмуддат ва ғ.
Дар парвози кайҳонӣ
вироишҲолати бевазнӣ ба функсияҳои ҳаётии кайҳоннавардон (силсилаи асаб, худкорҳои вестибулярӣ ва шараёни хун) таъсири ғайримуқаррарӣ мерасонад. Дар парвози дарозмуддати кайҳонӣ таъсири ғайримуқаррарии бевазниро бо ёрии усулҳо ва воситаҳои гуногун (машқҳои мушакҳои бадан, электростимулятсияи мушакҳо, пешгирии фармакологӣ ва ғайра) пешгирӣ ё кам кардан мумкин аст. Бевазнӣ инчунин дар иҷрои баъзе равандҳои технологӣ, ки дар шароити заминӣ имконнопазиранд (мас., ҳосил кардани маводди композистсионии сохторашон дар тамоми ҳаҷм якҷинс ё ҷисмҳои комилан куравӣ ва ғайра), аҳаммияти зиёд дорад. Кафшери электрикии маводди гуногун дар шароити бевазнӣ ва халоъ бори нахуст ҳангоми парвози киштии кайҳонии «Салют-6» (1969) доир карда шуд. Дар пойгоҳҳои мадории амрикоии «Скайлэб» (1973) низ як қатор таҷриба оид ба кафшер, омӯхтани хосияти ҷоришавӣ ва шӯшабандии мавод-ди гудохта доир карда шуд. Бештар нестшавии вазнро бо нестшавии кашиши ҷозибавӣ алоқаманд мекунанд, ки ин нодуруст аст. Намунаи ин ҳолро дар мисоли пойгоҳи кайҳонии байналмилалӣ (СКБ), ки дар баландии 350 км нисбат ба Замин воқеъ ва дар парвоз мебошад, дидан мумкин аст. Дар ин баландӣ бузургии шитоби афтиши озод g=8,8 м/с2 буда, аз сатҳи Замин (g=9,81 м/с2) ҳамагӣ 10 % кам аст. Ҳолати бевазнӣ дар СКБ аз ҳисоби ҳаракати он аз рӯйи мадори доиравӣ бо суръати якуми кайҳонӣ ба вуҷуд меояд. Дар Замин ҳолати кӯтоҳмуддати (40 с) Б.-ро бо мақсади таҷрибавӣ ҳангоми парвози тайёра аз рӯйи масири параболавӣ (аниқтараш — баллистикӣ) ҳосил менамоянд. Барои ба вуҷуд омадани ин ҳодиса тайёра бояд шитоби доимии (g-и)ба самти Замин равонашударо доро бошад. Ин ҳолат ҳангоми машқи кайҳоннавардон дар Россия ва ИМА васеъ истифода мешавад.
Сарчашма
вироиш- Бевазнӣ / Ш. Туйчиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.