Вазнинии сунъӣ
Вазнинии сунъӣ Бевазнӣ — дар кайҳон, ҳолати физикиест, ки ҳангоми парвози дурударози киштии кайҳонӣ шароити муътадили ҳаётгузаронии кайҳоннавардонро таъмин мекунад, инчунин ба кор андохтани муҳаррики реактивии моеии киштиро осон мегардонад. Вазнинии сунъии кӯтоҳмуддатро ҳангоми ба кор андохтани муҳаррикҳои реактивӣ, ки ба маркази массаи киштӣ суръат мебахшанд, ҳосил кардан мумкин аст. Вазнинии сунъии дарозмуддатро бо роҳи дар атрофи яке аз меҳварҳояш чарх занондани киштӣ ҳосил мекунанд. Ҳангоми бо симтаноб ба ҳамдигар пайваста, дар атрофи маркази умумии масса чарх занондани ду киштии кайҳонӣ низ Вазнинии сунъӣ ҳосил мешавад.
Сарчашма
вироиш- Вазнинии сунъӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.