Беварасп
Беварасп (форсӣ: بیوراسب) — лақаби Заҳҳок дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар осори адабию таърихӣ.
Вожашиносӣ
вироишБеварасп калимаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ: бевар ва асп иборат аст. Бевар дар забони паҳлавӣ-форсии миёна шумораи «даҳ ҳазор» аст; асп – ҷонвари маъруф. Дар маҷмӯъ маънии Беварасп «дорандаи даҳ ҳазор асп» мебошад.
Фирдавсӣ мегӯяд:
Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору чолок буд,
Ҳамон Бевараспаш ҳамехонданд,
Чунин ном бар паҳлавӣ ронданд.
Куҷо бевар аз паҳлавонӣ шумор
Бувад дар забони дарӣ даҳ ҳазор.
Аз аспони тозӣ ба зарринситом
Варо буд бевар, ки бурданд ном.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Беварасп / Г. Саъдиева // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 1. Д., 2007.