Бедаки сиёҳ (навъи ангур)
Бедаки сиёҳ, Бедаки сиёҳи ҷаъфарӣ, Сиёҳи катта — навъе аз ангурҳои маҳаллии дерпаз; селексияи халқист.
Бештар дар деҳаи Дегрези вилояти Хатлон паҳн гардидааст. Токаш зудсабз буда, ниҳолаш баъди соли сеюми шинондан самар меоварад. Навдаҳояш нисбатан ғафси кӯтоҳбуғум (фосилаи байни буғумҳояш 7-9 см), пӯсташ сурхи ҷигарӣ (32-35 дарсади навдаҳояш самаровар). Баргаш калон (дарозиаш 17,5 см, бараш 16,5 см), 5-парраи чокдор, рӯяш суфта, рангаш сабзи баланд, думчааш дароз (9-11 см), сурхтоб; гулаш дуҷинса. Хӯшааш миёнаҳаҷм, махрутшакл (дарозиаш 19-21 см, бараш 14-15 см, вазнаш 450—500 г); шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд; ғужбаш зич, калони лӯнда (вазни 100-тоаш 476 г), рангаш сиёҳи ҷигарӣ; ғужмаш ғафс. Дилааш хамираки сероб, хуштаъм ва хушбӯй.
Тухмаш (3-4 дона) каҳваранг. Ҳангоми комилан пухтан, мевааш 21-22 % қанд ва 6-8 г/л туршӣ дорад. Б. с. навъи серҳосил буда, ҳангоми 5-8 буғум монда буридан аз ҳар га то 150—200 сентнер самар медиҳад. Навъи хеле сармобардор аст, нартҳояш ба хунукии 16-170С тоб меоваранд. Дар ҳар гуна хок, аз ҷумла заҳзамин ва шӯрзамин низ месабзад. Ҳосилашро тар мехӯранд, дар шаробкашӣ ва истеҳсоли шампан истифода мебаранд. Токаш ба касалиҳои қарасон ва гарда тобовар аст.
Адабиёт
вироиш- Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. 1. М., 1963;
- Рубан Н. Г. Сорта винограда Средней Азии,. Ташкент, 1972.
Сарчашма
вироиш- Бедаки сиёҳ / Ҳ. Маҳмадқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.