Бедили Шерозӣ
Ҳоҷӣ Мирзо Муҳаммадраҳим Бедили Шерозӣ (форсӣ: بیدل شیرازی ; Шероз — 1841) — пизишк, ҳакимбошӣ, шоир ва надими дарбори Фатҳалишоҳи Қоҷор.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1841 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар баъзе манбаъҳо бо нисбаи Ҷаҳрамӣ (мавзее дар вилояти Форси Эрон) ёд шудааст, чунки аҷдодаш аз ин ҷо будаанд ва баъдан ба Исфаҳон, пас аз муддате ба Шероз кӯчидаанд. Бедили Шерозӣдар Шероз ба дунё омада, дар ҳамин ҷо касби камол намуд. Аз ашхоси бомаърифати асри хеш буд, дар илми тиб дасти тавоно дошт. Анвои хатро хуб менавишт. Дар замони ҳукмронии Фатҳалишоҳи Қоҷор аз Шероз ба Теҳрон кӯчид ва аз муқаррабону надимони шоҳ, ҳакимбошии дарбор (табиби хосси духтари шоҳ) гардид. Соли 1830 ба Шероз баргашт.
Дар манбаъҳо (тазкираҳо) чун шоири қасидасаро ва ғазалгӯй тавсиф шудааст. Гоҳ-гоҳе абёти маснавӣ ба тарзи Ҷалолуддини Румӣ месуруд. Дар ғазал пайрави Саъдию Ҳофиз будааст. Як нусхаи дастнависи девони Бедили Шерозӣ дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Россия зери рақами 235 маҳфуз аст. Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои ӯянд:
Дардманди ғами ӯ кай талабад дармонро,
Кофари ишқи накӯён чӣ кунад имонро?
Ба сарат к-аз сари тоҷу кулаҳ осон гузарад,
Гар гадоии дарат даст диҳад султонро...
Бедил аз ҷаври фалак мурду касе ҳеч нагуфт,
Ҳоли бечора муқимони дари султонро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бедили Шерозӣ / Б. Раҳимӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.