Бедони Бедак
Бедони Бедак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ. Аз Бедонибедак то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1516 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Панҷ |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳвар |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1450 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3552 |
Нишонаи почта | 735140 |
Бедони Бедак мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дармонгоҳи деҳотии кумаки аввалияи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, 2 осиёи хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Кулдиман обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бедони Бедак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2