Беккерел
Беккере́л (ишораи тоҷикӣ: Бк; байналмилалӣ: Bq) — воҳиди андозакунии фаъолияти манбаи радиофаъол дар силсилаи СИ.
Таърихи таъсис | 1975[1] |
---|---|
Номида ба шарафи | Беккерел Антуан Анри |
Нишондиҳандаи ченак | Bq[2][3][4], Бк, Bq, Bq ва Bq |
Conversion to SI unit | 1 Беккерел |
Measured physical quantity | activity[d][3][4] |
Derived from base unit | сония |
Парвандаҳо дар Викианбор |
1 Бк фаъолнокии манбаест, ки дар он дар 1 с ба ҳисоби миёна 1 коҳиши радиофаъол ба вуҷуд меояд. Азбаски 1 беккерел бузургии хеле хурд аст, дар амалия воҳидҳои каратии Б. истифода мешаванд: килобеккерел (кБк), мегабеккерел (МБк), гигабеккерел (ГБк) ва ғ. 1 Бк = 3,7×10-10 Ки (Кюри) = 10-6 Рд (Резерфорд). Беккерел ба шарафи физикадони маъруфи фаронсавӣ аз авлоди Беккерелҳо — Антуан Анри Беккерел (1852—1908), дорандаи Мукофоти нобелӣ, ки с. 1896 ҳодисаи радиоактивиятро кашф кардааст, гузошта шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Bureau international des poids et mesures Le Système international d’unités, The International System of Units (фр.) — 8 — Sèvres: BIPM, 2006. — ISBN 978-92-822-2213-3
- ↑ http://www.wurvoc.org/vocabularies/om-1.8/becquerel
- ↑ 3.0 3.1 6.5.3 // Quantities and units—Part 1: General (ингл.) — 1 — ISO, 2009. — P. 19. — 41 p.
- ↑ 4.0 4.1 SI A concise summary of the International System of Units, SI (ингл.) — 2019.
Адабиёт
вироиш- Беккерел / А.Комилӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.