Бекназар Тӯйназар
Бекназар Тӯйназар (Бекназар Тӯйназаров, форсӣ: بیکنظر طوینظر; 4 ноябри 1949, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон — адиб, рӯзноманигор. Муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва ахлоқу ҷавонони рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1974-2009). Узви Иттиҳоди журналистони Иттиҳоди Шӯравии собиқ (1980). Ғолиби озмуни ҷумҳурии “Беҳтарин рӯзноманигори сол” ва барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (1999).
Бекназар Тӯйназар | |
Таърихи таваллуд: | 10 ноябр 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Фориш, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон |
Шаҳрвандӣ: | Ӯзбекистон |
Навъи фаъолият: | адиб |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Узви Иттиҳоди журналистони ИҶШС, барандаи медали "Шуҳрат" |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБекназар Тӯйназар дар Ӯзбекистон ҳамчун яке аз адибони варзидаи муосири тоҷик ва рӯзноманигори боистеъдод ба шумор меравад. Ӯ чоруми ноябри соли 1949 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Фориш таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Синтаб ба поён расонда, ду сол дар мактаби миёнаи зодгоҳаш кор мекунад. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм намуда соҳиби дипломи маълумоти олӣ мегардад. Сипас хатти тақдир Бекназари ҷавонро ба деҳаи хушманзари Заркенти вилояти Тошканд мекашад. Дар мактаби миёнаи ин деҳа аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медиҳад ва аз он ҷо дар соли 1973 ба хидмати низомӣ меравад.
Бекназар Тӯйназар дар соли 1974 бо даъвати Шавкат Ниёзов ва Хӯҷамурод Қӯлдошев ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ҷалб мешавад. Дар ин даргоҳ то синни бознишастагӣ, яъне то соли 2009 ҳамчун муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ва ахлоқу ҷавонони рӯзнома ифои вазифа мекунад.
Ҳоло Бекназар Тӯйназар бо хонаводааш зиндагии ободу осудае дорад. Ӯ дар оғӯши меҳру муҳаббати ҳамсари вафодори худ – Сатираапа ва фарзандонаш Фарруху Фозилу Зебо ва наберагони хурсанду шод дар Чилонзори Тошканд даврони пирӣ меронад.
Фаъолияти эҷодӣ
вироишБекназар Тӯйназар ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ ба насру назм ва мақоланигорӣ алоқаи вофир дошт. Агарчи нахустин хабару мақола ва ҳикояю тарҷумаҳои адиб аз соли 1967 инҷониб ба табъ расидаанд, нахустин бор намунаҳои эҷодии ӯ дар китобҳои “Саргузашти Амонбой ва Давлатбой”, “Чакомаи пирӯзӣ” ва “Хумчойнак” гирд омадаанд. Алоқамандони каломи бадеъ ӯро чанд муддат бо тахаллуси адабии Бекназари Дарӣ низ мешинохтанд. Нахустин китоби мукаммали адиб бо номи “Бори дил” дар соли 1999 аз тариқи нашриёти давлатии “Ӯзбекистон” ба ҳайси армуғон дар остонаи панҷоҳумин солгарди зодрӯзаш ба табъ мерасад. Он чанд ҳикоя ва эссеро фаро мегирад. Баъдан, дар соли 2013 китоби дигари мукаммалтари нависанда таҳти унвони “Дар кӯчаҳои шаҳр” аз тариқи нашриёти “Тафаккур қаноти” чоп мешавад, ки ҳовии ҳикояҳои кӯҳнаву нав, ҳаҷвияҳо, силсилаи резасуханҳо, мақолаю очеркҳо дар бораи ҳамкасбу ҳамкорон ва эссею андешаҳои адиб мебошад.
Дӯстдоштатарин мавзӯъҳои достонҳояш аз зиндагии ҳаррӯзаи одамон, бархӯрду муносиботи афроди гуногунхислат, рӯҳияти инсонҳои ранҷу азиятдида, ишқу отифаи одамони ба ҳам наздик маншаъ мегиранд. Ӯ нависандаест, ки тавонистааст образҳои дилписандеро ба монанди “мани шаҳрӣ”, “марди ланг”, “ҳамсоя-сагбон”, “мӯйсафеди газетхон”, “Абдумалики шӯх” дар адабиёт ҷой диҳад ва ибораҳои рехтаи ӯ, ба мисли “Эҳсон медонад”, “ман зиқ не”, “маҳсии занҷирдор”, “нӯшбоди Мавлоно”, “мурғи мода”, “ҳафтоду афтод” ва ғайра дар байни аҳли завқ шоеъ шудаанд.
Адабиёт
вироиш- Имомназар, Юнус. Шогирди зиндагӣ: дар суҳбати адиб // Овози тоҷик, 13.11.1999
- Шодӣ, Муҳаммад. Камолот: мақолаи пажӯҳишӣ-тарғибӣ // Овози тоҷик, 04.11.2009
- Шоалӣ, Матлуба. Деҳи баланд дар шаҳри азим: мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ // Овози тоҷик, 28.12.2011