Бектошия (ар. بیکتاشیه‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуф, ки дар Осиёи Хурд арзи вуҷуд намуда буд.

Таърих

вироиш

Баъзе маъхазҳо муассиси бектошияро Ҳоҷӣ Бектоши Валӣ ва баъзеи дигарашон Балам Бобо (ваф. 1516) донистаанд. Бино ба маълумоти маъхазҳо Ҳоҷӣ Бектоши Валӣ дар давраи ҳукмронии султони турк — Урхон сарвари силсилаи инкишория будааст ва баъдтар силсилаи бектошияро таъсис намудааст.

Таълимот

вироиш

Асоси таълимоти бектошия аз ташаййуъ ва гароишҳои тозаи ирфонӣ иборат буда, дар Туркия ба таври васеъ интишор ёфта, минбаъд доираи фаъолияташ тавсиа ёфта, дар Эрон, Курдистон ва Албания паҳн гардид. Пайравони бектошия ҳамаи динҳоро баробар эълон намуда, худашон одобу русуми диниро хуб риоя намекарданд ва ба зикр машғул намешуданд. Баъзе анъанаву одоби ойинии дар байни мардум роиҷро бо мақсади ба онҳо наздик шудан ба бахши амалии таълимоти худ дохил карда буданд. Қудрату нуфузи бектошия дар аҳди салотини усмонӣ зиёд буд, вале минбаъд пайравони силсилаи мазкур мавриди бадгумонии фармонравоёни давр қарор гирифтанд ва мавқеашон дар ҳаёти иҷтимоӣ суст шуд. Аз ин рӯ, Бектошиён маркази силсилаи худро ба Албания кӯчонданд.

Дар таълимоти бектошия баъзе унсурҳои аҳли суннат мушоҳида мешуданд, вале рукни асосии онро таълимоти аҳли шиа ташкил мекунад.

Пайравон

вироиш

Пайравони бектошия ба Алӣ эътиқод доштанд ва се халифаи аввали рошидиро ҳамчун халифҳои хилофати араб намепазируфтанд. Онҳо ҳамаи 12 имоми шиаи исноашариро эътироф карда, ба имом Ҷаъфари Содиқ таваҷҷуҳи хос доштанд. Чаҳордаҳ саҳобаи шаҳиди Алиро маъсум мешумурданд. Ҳангоми ҷашну маросимҳо пайравони бектошия нону панири қудсӣ истеъмол менамуданд. Бектошиён силсилаи шайхони худро аз ёд медонистанд. Дар байни онҳо хулф раво буд ва занҳо ҳиҷоб намегирифтанд. Гурӯҳе аз онҳо ҳаёти муҷаррадона ба сар мебурданд ва ба зуҳд майли зиёд доштанд. Бектошиён ба адади 4 алоқаи фавқулода доштанд, ки инро муҳаққиқон таъсири бевоситаи таълимоти пифагориён медонанд. Онҳо таносухро эътироф мекарданд, шайхонашонро Бобо ном мебурданд ва шогирдони ӯро мурид меномиданд. Аксаран ҷомаи сафед ва кулоҳи дароз мепӯшиданд, дар гирди кулоҳ аз матоъи сабз салла мебастанд ва ба гарданашон санг меовехтанд, ки он «таслиси тош» ном дошт. Муҷаррадон дар гӯшашон ҳалқа меовехтанд. Бектошиён бештар дар дайрҳо зиндагӣ мекарданд, онҳо дар ошӯбҳои сершумори инкишориён фаъолона ширкат доштанд. Султон Маҳмуди II ҳангоми пахши ошӯби инкишориён соли 1836 бисёр пайравони бектошияро ба қатл расонд. Дар охири садаи 19 бектошия нуфузи назарраси сиёсӣ дошт, пайравон бо яничарҳо робита доштанд. Баъди барҳам хӯрдани яничарҳо пайравони силсилаи бектошия то соли 1925 ҳаёти дарвешонаро ихтиёр карда буданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти бектошия боз каме ҷон гирифт. Пайравони он ҳоло дар Осиёи Хурд, Албания ва кӯҳҳои Муқаттами Қоҳира фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳазратқулов М. Тасаввуф. Д., 1988;
  • Кныш А. Исламский мистицизм. М., 2008.