Осиёи Хурд (юн. Μικρά Ασία) ё Анотӯлӣ (юн. ἀνατολή; тур. Anadolu) — нимҷазира дар ғарби Осиё, қисми марказии қаламрави Туркияи ҳозира[1]. Дарозӣ аз ғарб ба шарқ беш аз 1000 км, бар аз 400 км то 600 км. Ҳудуд — тақрибан 506 ҳаз. км².

Таърих

вироиш

Аз қадим (тақрибан аз асрҳои V — IV то милод) Осиёи Хурдро дар маъхазҳо Анталия (Анатолия), (Анатулиё) ном мебурданд. Дар Имперотурии Усмонӣ вилоятеро, ки қисми шимолу ғарбии Осиёи Хурдро дар бар мегирифт ва марказаш Кутоҳиё ( тур. Kütahya) буд, Анатулиё меномиданд. Аз солҳои 20 асри XX танҳо қисми осиёии Туркия Анатулиё номгузорӣ шудааст[2].

  1. Малая Азия. bse.sci-lib.com. Большая советская энциклопедия.. 30 августи 2018 санҷида шуд.
  2. Анталя // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.