Бектоши, ё крижовник (лот. Ríbes úva-críspa) — як навъ буттамева.

Бектошӣ
Гунаи умумии рустании мевадошта дар табиат
Гунаи умумии рустании мевадошта дар табиат
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ribes uva-crispa L., 1753

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш
 
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби К. А. М. Линдман «Bilder ur Nordens Flora», 1917—1926

Аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Барги думчадори сабз ва гули зангӯлашакли сабзтоб дорад. Мевааш мудаввар ё байзашакли зард, арғавонии сертухм. Бектошӣ аз қаламча зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон чанд навъи бектоширо, ки дар натиҷаи дурага кардани он бо навъҳои бектошии америкоӣ рӯёнида шудааст, мепарваранд. Дар шароити Тоҷикистон бектошӣ аз апр. — май то авв. июл гул мекунад. Бектошӣ рустании асаловар аст. Тирамоҳ аз он қаламча (15-30 см) гирифта, барои зуд реша баровардан дар маҳлули гетероауксин (50 мг дар 1 л об) ё кислотаи никотинат (100 мг дар 1 л об) мегузоранд.

Парвариш

вироиш

Бектоширо аз фарғуч низ зиёд кардан мумкин аст. Ниҳоли бектоширо аз рӯйи тартиби 2,5-3 × 0,7-1 м ба ҳар га 3,3-5,7 ҳазор бех мешинонанд. Дар хоҷагиҳои калон як сол пеш аз шинондани бектошӣ ба замин нурии органикӣ (120—150 т/га) ва минералӣ (ба 1 га 600 кг P2O5 ва 400 кг K2O) меандозанд. Дар хоҷагиҳои хурд ба хоки чуқурчаи ниҳол андохтани пору, суперфосфат, хлориди калий ва хокистар кофист. Бектошӣ зуд реша ронда, дар 2-3-солагӣ мева медиҳад. Мевааш 8-11 % қанд, 1,2-1,7 % кислотаҳои органикӣ, 0,88 % моддаҳои пектинӣ, витаминҳои B, C, P, каротин, намакҳои оҳан ва фосфор дорад.

Корбурд ва истеъмол

вироиш

Меваи бектоширо тару тоза мехӯранд; аз он инчунин мураббо ва нӯшоба тайёр мекунанд.

Корбурид тиббӣ

вироиш

Меваи бектошӣ мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва ғалаёни хунро паст менамояд; истеъмоли он барои беморони гирифтори амрози меъдаву рӯдаҳо нафъ дорад, қабзияти музминро мекушояд. Табибон истеъмоли меваи бектоширо дар мавриди бемориҳои гурда ва пешобдон низ тавсия медиҳанд. Меваи ухтарасидаи бектошӣ хосияти зиддиомосӣ дошта, ба рагҳои хунгард устуворӣ мебахшад. Ҷӯшоби онро дар мавриди гиповитаминозҳо, норасоии оҳан, фосфор, мис, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (мас., дар аснои фарбеҳӣ), истисқо, хуншорӣ таъйин мекунанд. Бектошӣ аз ширинча, тортанаккана, гулхӯраки рапс, зиреҳаки бед ва ғ. зарар мебинад. Дар давраи нашви Бектошӣ алафҳои бегонаро нест карда, шохчаҳои касал ва хушкидаи онро буридан лозим аст.

Синонимҳо

вироиш
Синонимы

Адабиёт

вироиш
  • Губанов И. А., Киселёва К. В. Крыжовник отклонённый. М., 2003.

Сарчашма

вироиш