Белград
Белгра́д (сербӣ: Бео́град, Beograd) — пойтахт ва калонтарин шаҳри Сербия. Дар соҳили рости дарёи Дунай (назди резишгоҳи дарёи Сава) воқеъ аст. Аҳолиаш 1136 ҳазор нафар, бо аҳолии канори шаҳр (агломератсия) 1670000 нафар (2011). Зичии миёнаи аҳолӣ 506 нафар/км². Масоҳаташ 359,92 км². Маркази роҳи оҳан (аз Будапешт, Истамбул, Солоников), бандари дарёӣ, аэропорти байналмилалӣ (Сурчин) дорад. Иқлимаш муътадили континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ — феврал-0,60С + 3,10С, июл — 21,80С. Боришоти миёнаи солона-700 мм. Гармтарин моҳҳо — июл, август, хунуктарин — декабр, январ.
Шаҳр | |||||
сербӣ: Београд, Beograd | |||||
|
|||||
44°49′ с. ш. 20°28′ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Сербия | ||||
Роҳбар | Aleksandar Šapić[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Аввалин номбарӣ | асри III то м. | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 117 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Номи қавмӣ | Белгра́дец, белгра́дка, белгра́дцы; белградча́нин, белградча́нка, белградча́не[1] | ||||
Забони расмӣ | Забони сербӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | +381 Шаблон:Без начала | ||||
Нишонаи почта | 11000 | ||||
Коди мошин | BG | ||||
beograd.rs | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишБелград дар замони қадим маҳалли аҳолинишини келтҳо- Сингидунум буд. Онро дар садаи I то милод римиҳо забт намуданд. Аз садаи VI тобеи Византия шуд. Шаҳр садаи IX номи сербии Белградро гирифт. Асрҳои 9-15 пайи ҳам ба тасарруфи Булғория, Византия, боз Булғория, венгерҳо ва сербҳо, соли 1521 ба дасти туркҳо гузашт. Пас аз шӯриши сербҳо (1806 ва 1815) шаҳр аз асорати туркҳо озод карда шуда, пойтахти князии (аз 1882 — шоҳии) Сербия гардид. Белградро се маротиба (1688—1690, 1717—1739, 1789—1791) австриягиҳо ишғол карданд. Аз 1 декабри 1918 пойтахти шоҳии сербҳо, хорватҳо ва словакҳо (аз 1929-Югославия). 13 апрели 1941 Белградро Олмони фашистӣ забт кард. 20 октябр 1944 онро Артиши Шӯравӣ ва Қувваҳои озодихоҳии Югославия озод карданд. Аз ноябри 1945 пойтахти РХФЮ (аз 1963 — РСФЮ). Аз соли 1992 пойтахти Ҷумҳурии Иттифоқии Югославия (аз соли 2003 Сербияи Черногорӣ), аз соли 2006 пойтахти Сербия.
Иқтисодиёт
вироишДар Белград ва атрофи он корхонаҳои мошинасозӣ (автомобил ва самолётсозӣ, мошинаҳои хоҷагии қишлоқ, электротехникӣ), саноати кимиё, бофандагӣ (асосан пашмина), чарму пойафзор, хӯрокворӣ (орд, консерваи гӯшт, қанд ва ғайра), табъу нашр, чӯбгарӣ ва ғайра мавҷуданд.
Дар Белград АИ (1886), Академияи низомӣ, боғи ботаникӣ (1887), осорхонаи миллӣ (1844) ҷой гирифтааст. Донишгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ, санъати татствирӣ, санъати амалӣ, мардумшиносӣ, инчунин нигористон, боғи ҳайвонот дорад. 20 км ҷанубтар аз Белград дар кӯҳи Авала ба аскари номаълум ёдгорие гузошта шудааст. Дар соҳили чапи дарёи Сова маҳалҳои нав (Белгради Нав) бунёд мегардад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.