Имперотурии Бизонс

(Тағйири масир аз Византия)

Имперотурии Бизонс, Бизонс (юн. Βασιλεία Ῥωμαίων, Ῥωμανία; Империяи Византия, Византия), Имперотурии Руми Шарқӣ (лот. Imperium Romanum Orientale) — идомаи Имперотурии Рум дар самти шарқ ё ҳамон устонҳои шарқии он дар охирҳои даврони бостон ва қуруни вусто буд, замоне, ки Қустантания ё Константинопол пойтахти ин имперотурӣ ба ҳисоб меомад. Ҳар ду истилоҳ «Имперотурии Бизонс» ва «Имперотурии Руми Шарқӣ», истилоҳоте таърихнигорона ҳастанд, ки пас аз даврони ҳукумати онҳо тавассути таърихнигорон вазъ шуд. Шаҳрвандони ин имперотурӣ онро Имперотурии Рум[1] (лот. Imperium Romanum; юн. Βασιλεία τῶν Ῥωμαίων) ё Румониё (Ῥωμανία) мехонданд ва худашонро «румӣ» медонистанд.[2]

Имперотурии Бизонс
лот. Imperium Romanum Orientale, Romania
юн. Βασιλεία Ῥωμαίων, Ῥωμανία
Имперотурӣ

17 январ 395 — 29 май 1453


Дирафш Нишон
Пойтахт Қустантиния
Шаҳрҳои бузургтарин Искандария, Антокия, Эдесса
Забон(ҳо) Medieval Latin[d] ва юнонии бизонсӣ[d]
Воҳиди пул солид[d], сиккаҳои бизонсӣ[d], miliaresion[d], hyperpyron[d], Histamenon[d] ва Stavraton[d]
Аҳолӣ
  • 17 000 000 тан (300)
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d] ва Dominate[d]
Пеш аз он:
Ба дунболи он:
Имперотурии Рум
Латинская империя
Никейская империя
Трапезундская империя
Эпирский деспотат
Османская империя
Кипрское королевство
Венецианская республика
Княжество Готия
Морейский деспотат
Королевство Фессалоники
Ахейское княжество
Герцогство Афинское
Наксосское герцогство
Киликийское царство
Второе Болгарское царство

Вазъи иқтисодӣ

вироиш

Иқтисодиёти Имперотурии Бизонс нисбатан пешрафта буда, дар аксари музофоти он анъанаи чандинасраи зироаткорӣ вуҷуд дошт. Кишоварзони баъзе музофот дар як сол то 2-3 ҳосил меғундоштанд. Бо усули обёрии сунъӣ, ба ғайр аз парвариши зироат, инчунин боғдорию сабзавоткорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Умуман, истеҳсолоти кишоварзии Бизонс нисбат ба Руми Ғарбӣ ривоҷ ёфта буд. Лекин дар Бизонс назар ба Руми Ғарбӣ раванди ташаккулёбии заминдории хусусӣ суст ҷараён дошт. Дар Бизонс мулкҳои калони замин бештар дар ихтиёри императору ҳокимон, калисою дайрҳо қарор дошт. Дар ин ҷо заминдории хурди деҳқонӣ ва низоми колониявӣ бештар паҳн гардида, деҳқонони озоду вобаста бисёр вомехӯрданд.

Дар Бизонс ҳунармандӣ ва тиҷорат дар асрҳои 4-6 ба авҷи тараққиёт расида буданд. Шаҳрҳои Антиохия, Александрия, Бейрут, Тир, Қустантания ва ғайра марказҳои бузурги ҳунармандӣ ва тиҷоратии Бизонс ба шумор мерафтанд. Дар корхонаҳои ҳунармандии Қустантания матоъҳои абрешимӣ, пашмӣ, маҳсулоти зардӯзӣ, зарфҳои шишагӣ, силоҳ ва ҳар гуна ашёи заргарӣ истеҳсол карда мешуданд. Дар тиҷорати байни кишварҳои ғарбу шарқ пойтахти Бизонс нақши миёнаравро дошта, «пули тилоии байни ғарбу шарқ» ном гирифт. Пешрафти ҳаёти иқтисодӣ барои густариши муносибатҳои феодалӣ дар Бизонс мусоидат намуд. Дар асри 5 бар асари буҳрони дохилӣ ва ҳуҷуми қабилаҳои олмонӣ Имперотурии Ғарбии Рум барҳам хӯрда, Имперотурии Шарқии Рум, яъне Бизонс ҳамчун давлати мутамарказ пойдор буд.

Асрҳои 4-6 дар Бизонс калисои масеҳӣ ба яке аз ташкилоти сарватманди мустақил табдил ёфта, аз ҷиҳати сохтор нисбат ба калисои Руми Ғарбӣ вобастаи император буд. Барои роҳбарӣ намудан аз пайравони дини насронӣ байни ин ду ниҳоди калисои насронӣ муборизаи доимӣ мерафт.

Таърих

вироиш

Пешина

вироиш

Дар музофотҳои шарқии Имперотурии Рум деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва савдо бештар ривоҷ ёфта, аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳволи мардум хуб буд. Дар натиҷаи буҳрони сохти ғуломдорӣ ва авҷгирии ҳаракатҳои мардумӣ фарқи пешрафти байни музофоти Руми Шарқӣ ва Ғарбӣ боз ҳам аёнтар шуд. Император Константин оромии музофоти шарқиро ба эътибор гирифта, солҳои 324—330 шаҳри Бизонтаро, ки дар соҳили аврупоии гулӯгоҳи Босфор воқеъ гардида буд, пойтахти нави Имперотурии Рум эълон кард. Дертар Константин номи шаҳри Бизонтаро ба Қустантания иваз намуд ва ба қисми Имперотурии Шарқии Рум номи Бизонс гузошта шуд. Баъди фавти император Феодосий (395) писарони ӯ империяро ба ду қисм ҷудо намуда, шарқии онро Аркадий (395—408) ва қисми ғарбиашро Гонорий (395—423) роҳбарӣ мекарданд. Ҳамин тариқ қисми Имперотурии Шарқии Рум аз қисми ғарбии он соли 395 комилан ҷудо гардид. Ба ҳудуди Имперотурии Бизонс нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, қисми Байнаннаҳрайн ва Арманистон, Миср, Киренаика, ҷазираҳои Кипр, Крит, Родос ва дигар минтақаҳои шарқии Имперотурии Рум дохил мешуданд.

Бизонс дар асрҳои 6-10

вироиш

Имперотурии Бизонс дар давраи ҳукмронии император Юстиниан (527—565) ба марҳилаи авҷи тараққиёт расид. Юстиниан шахси мағруру худписанд, шуҳратпараст ва сиёсатмадори зирак ва ислоҳотгари таҷрибадор буд. Таърихнигори дарборӣ Прокопийи Қайсариявӣ дар асараш «Таърихи махфӣ» дар бораи ӯ чунин навишта буд: «Юстиниан метавонист бо овози нарму форам ба қатли даҳҳо одами бегуноҳ фармон диҳад».

Юстиниан мехост сарҳадҳои собиқи Имперотурии Румро барқарор намояд. Сарлашкарони ӯ Велизарий ва Нарсес давлати вандалҳоро соли 534 дар Африқои Шимолӣ, ҷазираи Ситсилия (соли 535), давлати остготҳоро дар Итолиё (соли 554), тамоми Итолиё (соли 555) ва соҳилҳои ҷанубии Испанияро забт карда, баҳри Миёназаминро таҳти назорати Бизонс қарор доданд. Дар соҳилҳои ҷанубии Қрим ва қисми минтақаи Пасиқафқоз заминҳои собиқи Румро аз нав бозпас гардониданд. Лекин дар самти шимол хатари ҳуҷуми славянҳо ба марзҳои Бизонсро рафъ намуданд ва Юстиниан маҷбур шуд, ки бо шоҳаншоҳи Эрони Сосонӣ сулҳ баста, як қисми Байнаннаҳрайнро баргардонад. Бо вуҷуди ин, сарҳадди империя дар давраи Юстиниан хеле вусъат ёфта, тоҷирони Бизонс бо мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, кишварҳои Осиё ва давлатҳои славянӣ тиҷоратро ба роҳ монданд.

Робитаи тиҷоратии Осиёи Миёна бо Бизонс аз давраҳои қадим ривоҷ дошт. Дар «Номгӯи халқҳо» («Нав номак») ва дигар ҳуҷҷатҳои хаттии суғдӣ дар қатори дигар халқҳо аз византиягиҳо ва суриёниҳо ёдоварӣ шудааст. Миқдори зиёди сиккаҳо ва брактеатҳои византиягии асрҳои 5-8 ёфтшуда баёнгари алоқаҳои васеи Бизонс бо халқҳои Осиёи Миёна мебошанд. Чунин брактеатҳо дар ёдгориҳои бостонии Шаҳристон, Куркат, Панҷакент, Самарқанд ва Қирғизистон ёфт шудаанд. Дар деҳаи Пок ровскийи водии Чу кӯзаи нуқрагини асрҳои 7-8, ки дар он ба тақлиди тамғаҳои византиягӣ аломатҳои салибмонанд кандаанд, инчунин табақи византиягӣ бо тасвири Венераву Анхиз ва катибаи суғдӣ ёфт шуданд. Робитаҳои Осиёи Миёнаву Бизонс, ки аз асри 4 вуҷуд доштанд, дар нимаи дуввуми асри 6 ва асри 7 муттасил идома ёфтанд. Мувофиқи хабари муаррихи византиягӣ Менандр солҳои 60-и асри 6 сафорати хоқони турк Дизибул бо сардории марди суғдӣ Монияҳ ба Қустантания меравад ва дар бозгашт ҳамроҳи ӯ сафорати Зимарх ба Осиёи Миёна меояд. Пас аз ин сафар ирсоли сафоратҳо мунтазам меафзояд. Чунончи, аз соли 568 то 576 ҳафт бор Бизонс ба Осиёи Миёна ҳайати сафорат фиристода, робитаҳои тиҷоратӣ хеле мустаҳкам гардид. Пайдо шудани миқдори зиёди сиккаҳои мисии византиягӣ дар Осиёи Миёна дар ин бора гувоҳӣ медиҳад.

Тибқи иттилои маъхазҳо Осиёи Миёна бо Сурия, ки ба ҳайати Бизонс дохил мешуд, алоқа дошт. Дар ин бора маъхазҳои хаттию бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна паҳншавии дини масеҳиро ба фаъолияти насрониёни суриёӣ вобаста медонанд.

Дар Бизонс мактабҳои зиёд вуҷуд доштанд ва олимони византиягӣ дар бораи ҷуғрофиё, таърих, математика, грамматика, риторика (ҳусни баён), нуҷум ва дигар соҳаҳои илм китобҳои дарсӣ менавиштанд. Худи Юстиниан ҳуқуқшиноси машҳури замони худ ба шумор рафта, бо супориши ӯ ду ҳайати ҳуқуқшиносон дар солҳои 528—534 «Маҷмӯаи ҳуқуқи гражданӣ»-ро тартиб доданд, ки он аз 3 қисм иборат буд. Қисми аввал «Кодекси Юстиниан» ном дошта, тамоми қонунҳои императорони Румро аз давраи император Адриан то давраи Юстиниан дар бар мегирифт ва аз 12 ҷилд иборат буд. Қисми дуввуми маҷмӯа — «Пандектҳо» аз 50 китоб иборат буд, ки дар онҳо порчаҳо аз асарҳои ҳуқуқшиносони машҳури Рум ҷамъоварӣ шуда буданд. Қисми севвуми маҷмӯа «Институтсия» (панду насиҳат) ном дошта, китоби мухтасари ҳуқуқшиносӣ барои кормандони суд ва дигар хонандагон буд. Баъдтар қисми чоруми маҷмӯа тартиб дода шуд, ки он «Новеллаҳо», яъне «Қонунҳои нав» ном дошта, қонунҳои баровардаи Юстинианро фаро мегирифт.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳои сиёсию фарҳангии замони Юстиниан аҳволи оммаи меҳнаткаш бад буд. Маросимҳои дабдабаноки дарбории Юстиниан аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳои зиёд тартиб дода мешуд. Андозҳои вазнин соли 532 боиси дар шаҳри Қустантания сар задани шӯриш гардид, ки таҳти шиори «Ника», яъне, «Зафар кун! Ғалаба намо!» гузашт. Шӯриш 5 рӯз давом карда, Юстинианро ба ҳарос афканд. Шӯриш бераҳмона пахш гардида, тақр. 30 ҳазор шӯришгар кушта шуд. Пас аз шӯриши «Ника» Юстиниан ҳокимияти ҳарбӣ ва полисро пурзӯр намуда, идораи империяро мутамарказ гардонид.

Баъди фавти Юстиниан (565) вазъи дохилию хориҷии Бизонс хеле вазнин гардид. Дар охири асри 6 ва ибтидои асри 7 ба нимҷазираи Балкан чанд бор славянҳо ҳуҷум карда, то Пелопонес расиданд. Соли 679 дар нимҷазираи Балкан давлати славянии Булғорҳо таъсис ёфт. Илова бар ин, арабҳо ҷазираҳои Кипр ва Родосро забт намуда, солҳои 717—718 Қустантанияро муҳосира карданд. Сарлашкари империя Леви III Исавр бо ёрии булғорҳо мудофиаи Қустантанияро таъмин кард ва арабҳо ақибнишинӣ намуданд. Пас аз ин Леви III императори нави Византия ва асосгузори сулолаи исавриҳо гардид. Леви Ш ва ворисаш Константини V тамоми империяро ба музофотҳои ҳарбӣ — фемҳо тақсим намуд ва роҳбарии онҳоро ба стратегҳо (сардори ҳарбӣ) вогузор кард. Стратегҳо на фақат ҳокимияти ҳарбӣ, балки салоҳиятҳои ғайринизомӣ низ дошта, ба сипоҳиён (стратиотҳо) барои хидмат ба ғайр аз музд замин низ дода мешуд. Дар аввали асри 9, баъди аз байн рафтани хатари ҳуҷуми арабҳо, намояндагони табақаи ҳарбӣ — феодалии навбунёд бо ҳар роҳ заминҳои деҳқононро гирифта, онҳоро ба деҳқонони вобаста табдил медоданд. Чунин амал боиси норозигӣ ва сар задани шӯришҳо мешуданд. Соли 820 дар Антиохия шӯриши деҳқонон бо сардории Фомаи Славянӣ ба амал омад, ки тамоми Осиёи Хурдро фаро гирифт. Шӯришгарон Фомаро император эълон намуда, ба тарафи Қустантания ҳаракат карданд ва тақр. як сол онро муҳосира намуданд. Ҳукумат бо роҳи ришва ва ваъдаҳои бардурӯғ дар байни шӯришгарон ихтилоф ва парокандагӣ ба вуҷуд оварда, соли 823 шӯришро шикаст дод. Пас аз марги Фома муборизаи деҳқонон ва камбағалони шаҳр то соли 825 идома ёфт.

Аз миёнаи асри 9 то нимаи асри 11 дар Бизонс сулолаи македониҳо ҳукмрон буд. Намояндаи аввалини ин сулола Василий I Македонӣ (867—886) буд. Дар асри 10 якчанд императори ин сулола дар сари қудрат буданд, ки машҳуртаринашон Константини VII (927—959), Никифор Фока (963—969), Иоанни Тсимисхӣ (969—978) ва Василийи II (976—1025) буданд. Дар давраи ҳукмронии ин сулола Қустантания ба маркази бузурги тиҷорат табдил ёфта, дар байни кишварҳои Аврупо ва Осиё нақши асосиро мебозид. Дар ин давра муносибатҳои тиҷоратии Бизонс бо давлати Рус беҳтар гардида, муборизаи якҷои онҳо ба муқобили печенегҳо, хазарҳо ва половесҳо вусъат ёфт.

Бизонс дар асрҳои 11-15

вироиш

Сохти иқтисодию иҷтимоӣ. Дар охири асри 11 ва ибтидои асри 12 дар Бизонс муносибатҳои феодалӣ вусъат ёфта, заминдории калон ба вуҷуд омад. Ба амалдорони давлатӣ ва ҳарбӣ ҳадя кардани замин (прония), ба расмият даромад. Ҳукумат баъзан феодалонро аз пардохти андоз ва назорати давлатӣ озод мекард ва онҳо метавонистанд андозро дар мулки худашон ҷамъ оварда, мурофиаҳои судиро ҳал намоянд. Дар асри 13 — нимаи якуми асри 15 раванди побандшавии деҳқонон ба замин заиф гардида, рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва бо пешрафти ҳаёти иқтисодӣ муносибатҳои молию пулӣ дар Бизонс густариш ёфт. Шаҳрҳои Монемвасия, Фессалоника, Родесто ва ғ. ба марказҳои бузурги тиҷорати ғалла табдил ёфта, маҷбуриятҳои деҳқонон қисман бо пул пардохт мешуданд. Дар байни деҳқонон гурӯҳҳои осудаҳол ва коргарони кироя пайдо шуда, судхӯрӣ ривоҷ ёфт. Ҳунармандӣ ва савдо низ дар асри 9 инкишоф ёфта, дар шаҳрҳо ва назди калисоҳои калон бозору ярмакаҳо барпо карда мешуданд. Яке аз калонтарин ярмакаҳо дар Фессалоника баргузор мешуд, ки ба он аз нимҷазираи Балкан ва дигар минтақаҳои империя савдогарон меомаданд. Аз охири асри 11 тоҷирони Венетсия, Генуя, Пиза ва дигар шаҳрҳои Итолиё дар Бизонс бе пардохти боҷ фаъолияти тиҷоратии худро ба роҳ монданд. Рақобатнопазирӣ бо хориҷиён сабаби бад шудани вазъияти иқтисодии шаҳрҳои Бизонс гардида, дар асрҳои 13-14 баъзеи онҳо рӯ ба таназзул оварданд.

Вазъи дохилӣ ва хориҷии Бизонс дар давраи ҳукмронии Комнинҳо (соли 1057 ба сари қудрат омаданд) нисбатан бад гашта, нуфузи туркҳои салчуқӣ, ки тақр. тамоми Осиёи Хурдро ишғол карда буданд, хеле афзуд. Соли 1176 император Мануили I Комнин (1143—1180) ба муқобили туркҳои салчуқӣ бархоста, дар муҳорибаи назди Мириокефал мағлуб гардид. Соли 1183 маҷорҳо Далматсияро забт намуда, соли 1185 Булғористони Шимолӣ ва соли 1190 Сербия озод шуданд ва Бизонс мустақилияти ин давлатҳоро эътироф намуд. Дар чунин вазъият соли 1202 ба муқобили Қустантания юришҳои чоруми салибӣ оғоз ёфтанд. Апрели 1204 салибдорон пойтахти Бизонсро забт карданд ва дар ҷойи он давлати худ — Имперотурии Лотиниро таъсис доданд. Соли 1261 Император Никея Михаил Палеолог бо ёрии флоти Генуя Қустантанияро аз салибдорон озод кард, аммо қудрати пешинаи Бизонс дигар барқарор нагардид.

Ҳуҷуми туркҳо ва таназзули Бизонс

вироиш

Тохтутози пай дарпайи туркҳо боиси тавсеаи давлати онҳо гардида, марзҳояшон аз баҳри Сурх то баҳри Сиёҳро фаро мегирифт. Туркҳо ба Балкан ҳамла оварда, соли 1362 Адрианополро ишғол намуданд ва онро пойтахти худ қарор доданд. Баъдтар императорони Бизонс ба туркҳо вобаста шуданд. Туркҳо ҳамзамон Сербия, Булғористон, Маҷористон ва чандин мулки дигарро забт карданд. Соли 1402 амир Темур лашкари туркҳоро шикаст дода, даҳҳо шоҳзодаву сарлашкар, аз ҷумла султон Боязидро асир гирифт. Темур ҳудуди давлати Усмониро байни фарзандони Боязид тақсим карда, аз ҳаракат кардан сӯйи Аврупо даст кашид. Шикасти туркҳо дар муҳорибаи Анқара (1402) муддате ҳуҷуми онҳоро ба Қустантания боздошт. Баъдан султон Муроди I (1421—1451) мавқеашро дар Осиёи Хурд мустаҳкам намуда, ба кишварҳои назди Дунай ҳуҷум намуд. Соли 1444 туркҳо дар наздикии Варна лашкари муттаҳидаи маҷору чехҳоро шикаст дода, забткориҳои худро давом доданд. Соли 1452 султон Маҳмади II муҳосираи Қустантанияро оғоз намуд. Туркҳо дар Босфор истеҳкомҳои пойдор бунёд карда, пойтахти Бизонсро иҳота намуданд. Танҳо Венетсия ва Генуя теъдоди ками сарбозонро барои ёрӣ ба Бизонс равон карданд, ки онҳо рафти набардро тағйир дода натавонистанд. Ба урдуи бузурги туркҳо (артиши 200-ҳазора), ки тайёрии ҳамаҷониба дош танд, дар пойтахт танҳо 60 ҳазор сарбоз муқобилият мекард. Баъди задухӯрдҳои зиёд 29-уми майи 1453 сарбозони турк ба Қустантания ворид шуданд. Император Константини XII Палеолог дар рафти ҷанг кушта шуд ва Қустантания ба дасти Маҳмади Фотеҳ гузашт. Номи Қустантания ба Истанбул иваз шуда, пойтахти давлати Туркияи Усмонӣ қарор гирифт ва ба мавҷудияти Имперотурии Бизонс хотима ёфт.

Фарҳанг

вироиш

Маданияти Бизонс бо таъсири анъанаҳои Рум, Юнон ва Шарқ (эллинӣ) ба вуҷуд омада, баъдан ҳамчун маданияти насронӣ шакл гирифт. Византиягиҳо маданияташонро комёбии олии инсоният мешумурданд, ки дар пояи анъанаҳои маданияти эллинию румӣ ва фарҳанги халқҳои империя ташаккул ёфтааст. Дар асрҳои миёна Имперотурии Бизонс яке аз марказҳои бузурги маданияти моддӣ ва маънавӣ ба шумор мерафт. Маданияти Бизонс на танҳо тамаддуни юнониҳо, балки дастоварди фарҳангии тамоми халқҳои империя мебошад. Дар рушди фарҳанги Бизонс ба ғайр аз юнониҳо, инчунин суриягиҳо, мисриён, халқҳои Осиёи Хурд, Пасиқафқоз, қабилаҳои Қрим ва славянҳои тобеи империя саҳми худро гузоштаанд.

Дар давраҳои аввал марказҳои маърифатии антиқӣ- Афина, Александрия, Бейрут ва Ғазза маҳсуб мешуданд. Аммо бар асари фишори калисои масеҳӣ баъзе аз ин марказҳо рӯ ба таназзул ниҳоданд. Дар асри 4 маркази илми шаҳри Александрия несту нобуд карда шуд ва баъди сӯхтор аз китобхонаи машҳури шаҳр — Мусейон чизе боқӣ намонд. Соли 529 Юстиниан барои бастани охирин маркази илмии давраи антиқӣ — мактаби олии Афина амр дод. Баъдтар маркази маърифатии Бизонс Қустантания гардид. Дар асри 9 дар Қустантания мактаби олии Магнавр ташкил ёфт, ки дар баробари фиқҳ фанҳои ғайридинӣ омӯзонда мешуданд. Аз асри 11 дар Бизонс ба омӯхтани математика ва тибби арабу аҷам, тарҷумаи асарҳои адабии халқҳои Шарқ шавқу ҳавас зоҳир намуданд. Соли1045 Донишгоҳи Қустантания таъсис ёфт, ки аз ду факулта: ҳуқуқшиносӣ ва фалсафа иборат буд. Дар Қустантания мактаби олии тиббӣ вуҷуд дошт. Дар дайрҳои калони динии Бизонс китобхонаҳо ва скрипторияҳо (нусхабардорӣ) мавҷуд буда, нусхаҳои нодири китобҳои динӣ нигоҳдорӣ мешуданд.

Дар соҳаи техника, алалхусус техникаи ҳунармандӣ (кулолӣ, шишасозӣ, заргарӣ, шоҳибофӣ ва ғ.), Бизонс дар ибтидои асрҳои миёна нисбат ба Аврупои Ғарбӣ хеле пешрафта буд. Дар ин давра фанҳои табиатшиносӣ инкишоф ёфта, асрҳои 9-11 дар Бизонс ҳисоби ҳиндӣ-арабӣ кор фармуда мешуд. Дар асри 9 олими бузург Лев Математик низоми телеграфии шуоъ (нур)-ро ихтироъ карда буд. Ӯ барои ифодаи рамзӣ аломатҳои ҳарфиро истифода бурда, ба илми алгебра асос гузошт.

Баробари рушди донишҳои илми алхимия дар Бизонс дастовардҳои аввалини илми кимиёӣ назаррас буд. Дар Бизонс анъанаҳои қадимии тайёр кардани шиша, олоту асбобҳои сафолӣ, сир ва рангҳо маҳфуз дошта мешуданд. Дар асри 7 дар Бизонс «оташи юнонӣ» ном моеи оташангез ихтироъ гардид, ки алангаи он бо об хомӯш намегашт. Таркиби ин моеъ аз омехтаи нафт, оҳаки нашукуфта ва қатрон иборат буд, ки бисёр вақтҳо махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Ба воситаи ин «силоҳ»-и оташангез византиягиҳо дар муҳорибаҳои баҳрӣ пирӯз мегаштанд.

Дар соҳаи тиб византиягиҳо ба комёбиҳои бузург ноил гардиданд. Олимони ин соҳа на фақат асарҳои Буқрот ва Ҷолинусро тафсир мекарданд, балки худашон ҳам таҷрибаҳои амалӣ ҷамъбаст менамуданд. Робитаҳои тиҷоратӣ ва дипломатии Бизонс барои ривоҷ ёфтани донишҳои ҷуғрофиёӣ таъсири бузург дошт. Дар «Топографияи насронӣ» ном китоби Касма Индикоплов ва асарҳои дигар сайёҳону зоирони Бизонс доир ба мамлакатҳои зиёди ғарбу шарқ маълумоти нодир вуҷуд доранд. Дар асри 10 энсиклопедияи кишоварзии «Геопоника» тартиб дода шуд, ки он комёбиҳои фанни агрономияи давраи антиқаро ҷамъбаст кардааст. Баробари афзудани нуфузи дини масеҳӣ дар Бизонс фанни фиқҳшиносӣ ба пешравиҳо ноил гардид. Фақеҳон Василий Кесари, Григорий Богослав (асри 4), Иоанн Златоуст (асрҳои 4-5) дар асарҳои худ кӯшиш карданд, ки асосҳои фиқҳи православиро тартиб диҳанд. Дар Бизонс мактаби фалсафаи мантиқӣ бар хилофи Аврупои Ғарбӣ рушд ёфт, ки асосан таълимоти калисоро дастгирӣ мекард. Фалсафаи Бизонс монанди схоластикаи Аврупои Ғарбӣ танҳо дар асоси назарияҳои Арасту инкишоф намеёфт, балки ақидаҳои фалсафии ҳамаи мактабу равияҳоро инъикос менамуд. Асарҳои файласуфони Бизонс бештар ба тафсири асарҳои файласуфони давраи антиқӣ бахшида мешуданд. Дар Бизонс таърихнигории антиқӣ нисбат ба дигар давлатҳои асримиёнагии Аврупо устувортар буд. Аксари муаррихони Византия бештар ба асарҳои классикони Юнон — Ҳеродот, Фукидид ва Полибий пайравӣ мекарданд.

Таърихнигории асрҳои 6-7-и Бизонс бо фаъолияти муар рихони машҳур Прокопий Кесарӣ, Агафий Миринейский, Менандр, Феофилакт Симокатти ва дигарон алоқаманд буд. Ҳамасри Юстиниан муаррих Прокопий Кесари муаллифи асарҳои «Таърихи ҷангҳои Юстиниан бо форсҳо, вандалҳо ва готҳо», «Рисола дар бораи сохт мон» ва «Таърихи махфӣ» мебошад. Дар ду асари аввал Прокопий давраи ҳукмронии Юстинианро тавсиф карда, дар асари охирин тарафҳои норавшан ва манфии ин давр ро инъикос намудааст. Император Констанини VII Баг- рянородний (913—959) муаллифи китобҳои «Дар бораи идораи давлат», «Дар бораи ташрифоти дарбори Византия» ва «Дар бораи фемҳо» мебошад.

Асрҳои 11-12 ҳам давраи нашъунамои таърихнигории Бизонс ба шумор рафта, дар ин замон Анна Комнина, Михаил Псел, Никита Хониат ва дигарон фаъолият кардаанд. Анна Комнина «Алексиада» (дар бораи ҳукмронии падараш император Алексей I Комнин) ва Никита Хониат «Таърихи ромейҳо» (дар бораи фоҷиаҳои лашкаркашии чоруми салибӣ) ном асарҳо навиштаанд. Дар ин давра дар Бизонс инчунин солноманависӣ ривоҷ ёфта буд, ки Иоанн Малала, Феофан ва Георгий Амартол устодони ин мактаб буданд.

Адабиёти Бизонс

вироиш

Адабиёти Бизонс жанрҳои гуногун ва намояндагони намоёни худро дошт ва дар он ду ҷараён рушд меёфтанд: 1) ҷараёни анъанаҳои маданияти антиқӣ; 2) ҷараёни ҷаҳонбинии калисо. Адабиёти Бизонс ба 4 давра тақсим мешавад. Адабиёти давраи якум (асрҳои 4-7) давраи ташаккули маданияти насронӣ, ки дар мубориза бо таълимоти антиқаи тонасронӣ инкишоф меёфт. Тарғибгарони дини насронӣ дар публитсистика (Афанасии Александриягӣ, Василий Кесарӣ, Иоанни Златоуст), гимнография (Ефрем Сирин), агиография (Афанасии Александриягӣ, Палладий) ва дар таърихнигорӣ (Иоанн Малола) ба майдон омаданд. Дар давраи дуввум (асрҳои 7-9) адабиёти динӣ инкишоф ёфт. Дар рушди назм Андреи Критӣ, Фёдор Студит ва намояндаи равияи муҳофизакорон Иоанни Димишқӣ, дар агиография Никита (Давиди Пафлагонӣ), дар воқеанигорӣ Георгий Амартол саҳм гузоштаанд. Дар давраи севвум (асрҳои 9-12) дар адабиёти Бизонс хусусияти адабиёти то давраи Эҳё, яъне, таваҷҷуҳ ба хислатҳои мураккабии инсон, ҷаҳонбинии субъективӣ, муносибати мусбат ба атиқа ба назар мерасад. Назми дунявӣ низ минбаъд тараққӣ карда (Христофори Митиленӣ, Фёдор Продром), эпоси қаҳрамонӣ («Дигенис Акрит») ва романи ишқӣ, ки дар он ғояҳои насронӣ ба таври рамзӣ ифода меёбанд («Макремволит»), ба вуҷуд меоянд. Дар асрҳои 11-12 дар байни адабиёти Руси Киевӣ ва Бизонс робита пайдо гардида, воқеаномаҳои Иоанн Малола ва Георгий Амартол, «Дигенис Акрит» ва ғ. ба забони русии қадим тарҷума шудаанд.

Дар ҳифзи ёдгориҳои маданияти эллинӣ хидматҳои патриарх Фотийи Константини VII Багрянородний ва дигарон хеле бузург мебошад. Патриарх Фотий дар бораи 280 асари муаллифони давраи антиқӣ маҷмӯаи мулоҳизахо навиштааст, ки он «Мириобиблион» ном дошт. Бисёр китобҳои нобудшудаи олимону нависандагони қадим дар ин маҷмӯа то имрӯз расидаанд. Асрҳои 10-11 дар Бизонс зимни сурудҳои достонӣ дар бораи қаҳрамонҳои муборизи зидди арабҳо достони машҳур дар бораи Дигенис Акрит ба вуҷуд меояд, ки он бо забони славянӣ тарҷума шудааст. Асарҳои беҳтарини адабиёти Бизонс ба адабиёти булғор, Руси Қадим, серб, гурҷӣ ва арманӣ таъсири бузург расондаанд. Дар байни адабиёти Бизонс ва адабиёти форс-тоҷик низ баъзе умумиятҳо мушоҳида мешаванд. Ин умумият дар инкишофи равияҳои дидактикӣ, рамзу тамсил (асарҳои манзуму мансур дар бораи ҳайвонот ва наботот), воқеанигорӣ (таърихнависӣ) ва ғ. ба назар мерасад, ки ин аз робитаи ҳар ду адабиёт шаҳодат медиҳад. Масалан, асари оламшумули «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), ки яке аз қадимтарин таълифоти дидактикии адабиёти форс-тоҷик аст, маҳз аз хоки Бизонс сайри ҷаҳонӣ кардааст. Дар асри 8 ин асар аз забони паҳлавӣ ба арабӣ ва дар асри 9 аз арабӣ ба сурёнӣ тарҷума шуд. Дар асри 11 матни сурёнии асар ба забони юнонӣ тарҷума шуд, ки он ба ин восита дар тамоми Аврупо паҳн гардид. Баъдҳо «Китоби Синдбод»-ро Андреопулуси Мелитенӣ бори дигар ба забони юнонӣ тарҷума кард.

Меъморӣ ва ҳунарҳои таҷассумӣ

вироиш

Дар санъатҳои тасвирӣ ва меъмории Бизонс услуб ва равияҳои махсуси византиягӣ падид омаданд. Санъати Бизонс марҳалаи муҳимми инкишофи маданияти асримиёнагии Шарқу Ғарб ба шумор меравад ва дар заминаи маданияти давраи охири антиқа (асрҳои 4-5) ба вуҷуд омада, дар аҳди Юстиниани I ташаккул ёфтааст. Авҷи тараққиёти санъати меъмории Бизонс ба асри 6 рост омад. Дар ин давра истеҳкомҳои сершумор, қасру ибодатхонаҳо бунёд гардиданд. Дар меъмории биноҳои динӣ тарзи нави сохтани ибодатхонаҳои насронӣ — базилика ва биноҳои гунбаддор ба вуҷуд меояд. Барои ба ҳам пайвастани ин ду шакли меъморӣ ҳунармадон базиликаҳои гунбаддор сохтаанд (калисои Софияи Муқаддас дар Қустантания, солҳои 532—537, меъморон Анфими Траллӣ ва Исидори Милетӣ). Дар миёнаи асрҳои 9-12, ки давраи гулгулшукуфии меъморӣ ва санъати Бизонс мебошад, тарзи маъбадсозии гунбадии салибдор ба ҳукми анъана даромад (калисои Бибӣ Марям дар Салоники, 1028). Деворҳои берунии ибодатхонаҳо бо нақшу нигор оро дода шуда, он шакли мукаммали меъмории Бизонс ба шумор меравад.

Ёдгориҳои ҳайкалтарошӣ ба давраи ибтидоии санъати Бизонс тааллуқ доранд. Шакли асосии санъати наққошии Бизонс фреска (сурати рӯйи девор) ва ҳайкалтарошӣ ба шумор мерафт. Дар асрҳои 7 — 8 рассомӣ рушд намуд. Калисоҳо бо рамзу аломатҳои мазҳаби насронӣ ва нақшу нигори назаррабо оро дода мешуданд. Девор, шифт ва гунбади калисоҳо саросар бо хотамкориву нақшу нигор фаро гирифта мешуд. Дар хотамкории асрҳои 7-9 анъанаи хосси атиқа — тасвири инсон, ишқи зиндагӣ ва зебоӣ инъикос меёбад (калисои Успений дар Никея, асри 7). Санъати рассомии Бизонс ғояҳои худро дар тимсоли (образи) инсон ифода намуда, сифатҳои хос ва ҳолату авзои онро мекушояд. Бинобар ҳамин санъати Бизонс нисбат ба дигар санъатҳои оламшумули асрҳои миёна бештар дунявию инсонпарварона буд.

Дар асрҳои 5 — 6 меъморони Бизонс тарҳи нави шаҳрсозиро ба вуҷуд оварданд, ки мувофиқи он дар маркази шаҳрҳо майдон ва калисои ҷомеъ сохта шуда, аз чаҳор самти он кӯчаҳо монанди нурҳои офтоб ба ҳар тараф вусъат меёфтанд. Дар ин давра дар Қустантания хонаҳои серошёна сохта мешуданд. Солҳои 532—537 дар пойтахти империя бо фармони император Юстиниан ибодатхонаи Софияи Муқаддас сохта шуд, ки он асари барҷастаи санъати меъмории Бизонс буда, то замони мо маҳфуз мондааст. Дар маҷмӯъ маданият ва илму фарҳанги Бизонс дар замони худ ба авҷи аъло расида, дигар тамаддунҳо низ аз он баҳра гирифтаанд.

Мусиқӣ

вироиш

Мусиқии Бизонс унсурҳои санъати сурудхонии сурёнӣ (асри 4), арабӣ (асри 8) ва славяниро дар бар мегирад. Муттаҳид шудани ҳокимияти диниву давлатӣ дар шахси император боиси наздик шудани мусиқии дунявӣ ва динӣ гардид. Мусиқии динии Бизонс вокалӣ ва яковоза буд, ки баъдтар он ба гимн табдил меёбад. Дар ҷамъ омадҳо гимнҳо ба забони сурёнӣ иҷро карда мешуданд. Устоди гимнсаро Ефрем Сирин (асри 4) ва шоиру оҳангсоз Романи Хушгуфтор (асри 6) шуҳрати зиёд дош танд. Нашъунамои минбаъдаи санъати мусиқии Бизонс дар асрҳои 14-15 ба фаъолияти Иоанн Кукузел, ки услуби шеърҳои оҳангдори Романи Хушгуфторро аз нав зинда карда буд, вобастагӣ дорад. Истилои туркҳо ба инкишофи санъати мусиқии Бизонс таъсири манфӣ расонд.

  1. Kazhdan, Epstein, p. 1.
  2. Millar 2006, pp. 2, 15; James 2010, p. 5; Freeman 1999, pp. 431, 435–437, 459–462; Baynes & Moss 1948, p. xx; Ostrogorsky 1969, p. 27; Kaldellis 2007, pp. 2–3; Kazhdan & Constable 1982, p. 12; Norwich 1998, p. 383.

Адабиёт

вироиш