Белова, Елена Дмитриевна
БЕЛÓВА Елена Дмитриевна (Новикова; тав. 28.07.1947, Хабаровск, Иттиҳоди Шӯравӣ), варзишгари белорус (шамшербозӣ), Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС (1968). Чемпиони ИҶШС дар мусобиқаи инфиродӣ ва дастаӣ (1969–1978). Чемпиони ҷаҳон дар мусобиқаҳои инфиродӣ (1969), чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон дар мусобиқаҳои дастаӣ (1970–79). Дар мусобиқоти инфиродии Бозиҳои олимпӣ як бор (1968) медали тило ва бори дигар (1976) медали биринҷӣ ва дар мусобиқоти дастаӣ се бор (1968, 1972, 1976) медали тило ба даст овардааст.
Белова Елена Дмитриевна | |
Таърихи таваллуд | 28 июли 1947 |
Зодгоҳ | Хабаровск, Иттиҳоди Шӯравӣ |
Кишвар | |
Пеша | варзишкор, coach, устоди донишгоҳ |
Ҳамсар | Vyacheslav Belov[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |