Бозиҳои олимпӣ
Бозиҳои олимпӣ — калонтарин маҷмӯи мусобиқаҳои байналмилалии замони ҳозира. Асосгузори Бозиҳои олимпии муосир – шаҳрванди Фаронса Барон Пйер де Кубертен мебошад. Шарт, қоида ва низомномаҳои Бозиҳои олимпиро конгресси байналмилалии соли 1894 шаҳри Порис, ки дар он намояндагони 34 кишвар ширкат доштанд, муайян кардааст. Мақоми роҳбарикунандаи Бозиҳои олимпии муосир Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Нахустин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар шаҳри Афина (Юнон) баргузор гардид. Аз соли 1924 то имрӯз Бозиҳои олимпии зимистона низ баргузор мегарданд. Бозиҳои олимпии VI (1916), XII (1940) ва XIII (1944) аз сабаби ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ баргузор нашудаанд.
Бозиҳои олимпии бостонӣ
вироишБозиҳои олимӣ, ид ва мусобиқаҳои оммавӣ дар Юнони Қадим. Мувофиқи анъанаи таърихӣ аз соли 776 то милод ҳар 4 сол як бор дар шаҳрчаи Олимп (шимолу ғарбии Пелопоннеси вилояти Элида) баргузор мегардид. Ба ин муносибат дар ин ҷо варзишгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, гимнасия (машқгоҳ), ҳарамҳо ва ғайра сохта мешуданд. Дар майдони махсус маҳсулоти хоҷагии халқ намоиш дода мешуд. Дар рафти Бозиҳои олимпӣ баробари варзишгарон олимон, файласуфон, навозандагону рассомони машҳур ва арбобони давлатӣ низ ҷамъ меомаданд. Рӯзҳои омад ва бозгашти варзишгарон дар Бозиҳои олимпии Юнони Қадим оташбасти муқаддас эълон карда мешуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯйи вазнбардорӣ, шамшерзанӣ, найзапартоӣ, камонварӣ, муштзанӣ (бокс), давидан ва ғайра қувваозмоӣ намуда, анъанаҳои гуногунро иҷро мекарданд. Дар мусобиқа фақат мардҳо иштирок менамуданд. Барои занҳо бозиҳои алоҳида ташкил мекарданд. Ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегардиданд. Туҳфаи асосӣ тоҷи сари аз навдаҳои дарахти зайтун бо корди тилоӣ буридашуда буд. Баргузории Бозиҳои олимпӣ дар асри IV баъди ба ҷойи бутпарастӣ густариш ёфтани дини масеҳӣ манъ карда шуд.
Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ
вироишАввалин ширкатдори Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон варзишгар – қаиқрон Иброҳим Ҳасанов (соли 1960, дар Бозиҳои олимпии XVII шаҳри Руми Итолиё) мебошад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозиҳои олимпии XX Мюнхен (1972) оид ба қаиқронӣ ғолиб омад. Зебунисо Рустамова дар Бозиҳои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонварӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои олимпии XXII Маскав (1980) Анатолий Старостин оид ба панҷҳарбаи муосир соҳиби ду медали тило (дар ҳайати даста ва шахсӣ) ва Юрий Лобанов соҳиби медали биринҷӣ гаштаанд. Соли 1992 варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпии шаҳри Барселона (Испониё) шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии XXIX Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов оид ба гӯштини тарзи озод ҷойи 2-юм, Расул Боқиев оид ба куштии ҷуду ҷойи 3-юм ва муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон (2013) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Бозиҳои Олимпӣ
вироишАдабиёт
вироиш- Бозиҳои олимпӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.