Бемориҳои вирусӣ
Бемориҳои вирусӣ — бемориҳое, ки онҳоро вирусҳо меангезанд. Нағзак, табхол, сурхча, обакон, грипп, полиомиелит, энсефалитҳо, трахома, зардпарвин, СПИД, ханозир, гепатити вирусӣ, ҳорӣ ва ғайра аз қабили бемориҳои вирусии одам мебошанд.
Тартиби инкишоф ва зуҳуроти бемориҳои вирусӣ ба табиати вирус ва роҳҳои ба организм ворид гаштани он, инчунин муҳофизати табиӣ ва садди организм (пӯст, пардаи луобӣ, ҳуҷайра ва узвҳои дохилии он) вобаста аст. Бемориҳои вирусӣ ба воситаи ҳаво, хӯрок, нӯшокӣ, газидани пашшаву кана ва ғайра низ сироят мекунанд. Омили асосии ҳифзи табиии ҳуҷайра аз вирус интерферон аст (муқовимати ҳуҷайраро нисбат ба таъсири вирус афзун мегардонад).
Солҳои 50-60 садаи XX вирусҳои парагрипп, зукоми сироятӣ, сироятҳои аденовирусӣ, бронхити шадид ва ғайра ошкор карда шуданд. Баъзе бемориҳои роҳи нафасро вирусҳои рӯда, ки айни замон ангезандаи сарсом ва ихтилоли меъдаю рӯда низ мебошанд, ба вуҷуд меоваранд. Бемориҳои ҳорӣ, оқсил, энсефалити вогир, табларзаи хунрез ба одам аз чорво, орнитоз ва пситтакоз аз мурғон мегузаранд. Давраи ниҳонии бемориҳои вирусӣ аз 2-3 (масалан, грипп) то 30 рӯз (масалан, ҳорӣ) ва бештар мебошад. Роҳи асосии пешгирӣ аз бемориҳои вирусӣ ташхиси саривақтӣ ва дар беморхона бистарӣ кунонидани бемор аст. Бемориҳои вирусиро асосан бо подзаҳр ва давоҳои зидди илтиҳоб муолиҷа мекунанд. Антибиотикҳо ба вирус таъсир намерасонанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қамардинов Х. Қ. Бемориҳои сироятӣ. Душанбе, 2000;
- Қамардинов Х. Қ. Инфекционные болезни человека. Душанбе, 2005;
- Қамардинов Х. Қ. Инфекционные и паразитарные болезни человека. Душанбе, 2009.
Сарчашма
вироиш- Бемориҳои вирусӣ / Ҳ. Почоҷонова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.