Табхол
Табхол (юн.-қад. ἕρπης) — бемориҳои вирусие, ки ҳангоми онҳо дар пӯст ҳасба ва обилачаҳо пайдо мешаванд.
| |
МКБ-10 | A60., B00., G05.1, P35.2 |
МКБ-9 | 054.0, 054.1, 054.2, 054.3, 771.2 |
DiseasesDB | 5841 |
eMedicine | med/1006 |
MeSH | D006561 |
Сабабҳои беморӣ
вироишМанбаи сироят шахси бемор ё ҳомили вирус мебошад. Вирус бо роҳи тамос мегузарад. Сабаби беморӣ беҳад хунук хӯрдан (аксари ҳодисоти беморӣ ба мавсими хунуки сол рост меояд), суст шудани қобилияти муқобилияти организм, гиповитаминоз ва диг. омилҳо маҳсуб меёбанд. табхол аксар вақт дар натиҷаи бемориҳои сироятии дигар (грипп, пневмония, вараҷа ва ғайра) пайдо мешавад. Табхоли муқаррарӣ дар мавсими гармо, дар аснои аз тафси офтоб гарм шудани одамон сар мезанад.
Табхоли муқаррарӣ
вироишБо вируси табхоли муқаррарӣ ҳанӯз аз давраи ширхорагӣ сироят ёфтан мумкин аст, аммо беморӣ ба сабаби масунияти модарзодии кӯдак сар намезанад. Дар охири соли якуми ҳаёт масуният кам гашта, ҳангоми номусоидии шароит беморӣ метавонад инкишоф ёбад. Вируси табхоли муқаррарӣ ба организм роҳ ёфта тамоми умр дар он ҷо мемонад (ба истилоҳ ҳомилии музмини вирус).
Табхоли муқаррарӣ одатан дар лаб, параҳои бинӣ, луобпардаи даҳон (ниг. Стоматит), чашм (ниг. Конъюнктивит), узвҳои таносул ва ғ. ба шакли обилачаҳои шаффоф зоҳир мегардад. Пеш аз пайдоиши обилаҳо пӯст андак мехорад ё сӯзиш мекунад, баъзан табларза, беқувватӣ, ихтилоли роҳи меъдаю рӯдаҳо (алалхусус дар кӯдакон) мушоҳида мешавад. Баъзан узвҳои дарунӣ ва системаи асаби кӯдакони хурдсол осеб ёфта, дар чунин ҳолат таби кӯдак баланд мегардад. Одатан, пас аз 7 — 10 рӯз обилачаҳо мехушканд, дар ҷои онҳо мувақатан доғи сурхча ё хокистарранг боқӣ мемонад. Баъзан табхол пас аз муддати кӯтоҳ, одатан, боз дар ҳамон ҷойи баромадааш пайдо мешавад (Табхоли дубора).
Табхоли фарогир
вироишТабхоли фарогирро вируси обакон ба вуҷуд меорад. Ба он фақат калонсолон гирифтор мешаванд; дар кӯдакони то 10 сола ин беморӣ дучор намеояд, аммо онҳое, ки бо ашхоси гирифтори табхоли фарогир алоқа доранд, мумкин аст бемори обакон шаванд. Ангезандаи Табхоли фарогир нафақат пӯст, балки системаи асабро низ хароб мекунад; аз ин рӯ аломатҳои аввалини он дарди асабест, ки вирус ба он зарар расондааст (мас., дарди байни қабурғаҳо, рон, сар). Пас аз чанд рӯз он ҷойҳои пӯст, ки асаби иллатӣ мегузарад (одатан дар як тарафи бадан), газак гирифта варам мекунанд, обилаҳои аввал шаффоф ва баъд мадданок, баъзан хундор пайдо мешаванд. Лимфауқдаҳои ҳамшафат варам карда, ҳарорати бадан баланд мегардад, ҳолати умумии бемор тағйир меёбад. Аз рӯзи 6 — 8-ум сар карда обилаҳо хушкида карахш мебанданд; баъди 2 — 5 ҳафта бемор шифо меёбад. Дар одамони куҳансол ва камқувват дарди асабҳо дергоҳ боқӣ мемонад.
Табхолро духтур муолиҷа мекунад. Ҳангоми сабук гузаштани табхоли муқаррарӣ ва дар лабу параҳои бинӣ пайдо шудани обилачаҳо (агар ҳолати умумии бемор бетағйир монад) бо мақсади пешгирии вирусҳо ба обилаҳо рӯзе 1 — 2 маротиба маҳлули метиленӣ ё марҳами оксалинӣ мемоланд. Агар ҳасба дар узвҳои таносул, чашм ва даҳон пайдо шуда, ҳолати умумии бемор тағйир ёбад, инчунин дар мавриди такроран бемор гаштан муолиҷа бояд дар зери назорати доимии духтур давом кунад. Беморони табхол бояд либоси гарм пӯшанд, аз сармо эҳтиёт шаванд. Онҳое, ки гирифтори табхоли фарогиранд, дар давраи авҷи беморӣ бояд бистарӣ гарданд. Хӯроки онҳо бояд сервитамин (махсусан витамини В) бошад. Ҳангоми осеб ёфтани луобпардаи даҳон даҳонро тез-тез мечайқонанд.
Пешгирии беморӣ
вироишБарои пешгирии беморӣ обутоби организм, алалхусус организми кӯдакон ва мувофиқи мавсими сол пӯшидани либос маслиҳат дода мешавад. Барои аз бемории обакон эмин доштани кӯдакон онҳоро аз маризи табхоли фарогир дур нигоҳ доштан зарур астабхол
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қамардинов Х.Қ. (ва диг.), Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000;
- Қамардинов Х.Қ., Инфекционные болезни человека, Д., 2005;
- Қамардинов Х.Қ., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.