Бемориҳои кӯдакон — гурӯҳи бемориҳое, ки бештар дар кӯдакон дучор меоянд.

Ба ҳар синни кӯдак бемориҳои муайян хос мебошанд. Дар давраи навзодӣ организми тифл ба шароити нави ҳаёт мувофиқ мешавад. Дар ин давра фаъолияти узвҳои ӯ ноустувор буда, зуд халал меёбад. Бинобар ин, дар организми кӯдак тағйироте ба амал меоянд, ки сабаби он­ҳо ноҷӯриҳои инкишофи ҷа­нин дар батн (бемориҳои модар, амрози ирсӣ ва ғайра) мебошанд. Ба сирояти микробҳо ҳассос будани кӯдакони навзод боиси тез-тез ба бемориҳои римнок, уфунии пӯст ва ноф, амрози шадиди вирусӣ ва бактериявии роҳи нафас гирифтор шудани онҳо мегардад. Дар давраи ширхорагӣ аз сабаби зиёд шудани талаботи кӯдак ба ғизо фаъолияти узвҳои ҳозима, ки ҳанӯз пурра такмил наёф­таанд, якбора меафзояд. Аз ин рӯ, кӯдаки ин синну сол тез-тез ба бе­мориҳои аъзои ҳозима (диспепсия, исҳоли хунин, дистрофия ва ғайра) гирифтор мешавад. Дар ҳамин синну сол бемориҳои илтиҳобии шуш (вирусӣ ва ба­териявӣ) ва рахит (дар натиҷаи тағзияи номураттаб ва нарасидани ҳавои тозаю нури офтоб) низ авҷ мегиранд. Дар давраи аз 1 то 3-солагӣ ва аз 3 то 7-солагӣ бинобар паст шудани титри подтанҳо, ки кӯдак аз модар гирифтааст, инчунин бо зиёд гаштани тамоси кӯдак бо ҳамсолон ва калонсолон бемориҳои сироятии шадид (сурхча, сурфакабудак, махмалак ва тарбод) зиёд мешаванд, бемориҳои марбут ба аллергия тез-тез сар зада меистанд. Дар кӯдакони аз 7 то 12-сола, ғайр аз бемориҳои шадиди си­роятӣ, ихтилоли фаъолияти усораи дарунӣ, бемориҳои дил, системаи асаб ва ғайра рух менамоянд. Дар бачагони 12-15-сола ва 15-17-сола дар давраи ба балоғат расидани онҳо имкон дорад инҳирофи узвҳои ҷинсӣ ба вуҷуд ояд; дар ин синну сол тарбод, асабоният, бемориҳои дилу раг бештар вомехӯранд.

Муҳофизати ҷанин ҳангоми ҳомилагӣ, ваксинатсия бар зидди бемориҳои сироятӣ (сил, гулӯзиндонак, нағзак, сурхча ва ғайра), машғулиятҳои ҷисмонӣ, обутоби организми кӯдак ва ғайра барои пешгирии бемориҳои кӯдакон аҳаммияти калон доранд.

Адабиёт

вироиш