Бенҷамин Ҳенри Ширс

Бенҷамин Ҳенри Ширс (англ. Benjamin Henry Sheares ; 12 августи 1907, Сингапур, Стрейтс Селментс - 12 май 1981, Сингапур ) — арбоби давлатии Сингапур, табиб, муаллим, профессор, доктори илмҳои тиб . Президенти дуюми Сингапур (1971-1981).

Бенҷамин Ҳенри Ширс
чинӣ: 本杰明·亨利·薛尔思
2 январ 1971 — 12 май 1981
Пешгузашта Юсуф ибн Исҳоқ
Ҷонишин Деван Наир
Таваллуд 12 август 1907(1907-08-12)[1]
Даргузашт 12 май 1981(1981-05-12)[1] (73 сол)
Мадфан
Ҳамсар Yeo Seh Geok[d][2]
Фарзандон Dr Joseph Henry Hinggiam Sheares[d] ва Constance Sheares[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод масеҳият
Ҷоизаҳо
Knight Grand Cross of the Order of the Bath
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аввалин ректори Донишгоҳи миллии Сингапур .

Зиндагинома

вироиш

Дар оилаи омехтаи Аврупоиву Осиёӣ таваллуд шудааст. Падари ӯ Эдвин Ҳ. Ширс, инглис, ки дар Ҳиндустон ба воя расидааст, дар шӯъбаи корҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси нозири техникӣ кор мекард. Модараш зодаи Сингапур, Лилиан Гомес аз авлоди омехтаи чинӣ-сингапурӣ-испанӣ аст.

Вай таҳсили худро дар мактаби Эндрюи Муқаддас, Институти бонуфузи Раффлес (Raffles Institution) гирифтааст. Соли 1922 барои таҳсил ба институт рафт. Институт, ягона мактабе буд, ки бо лабораторияҳои илмӣ муҷаҳҳаз шуда буд, ки он ҷои беҳтарин барои амалӣ кардани орзуҳои табиб шуданаш гардид. Соли 1929 ӯ Коллеҷи тиббии шоҳ Эдварди VII дар Сингапур (ҳоло Донишгоҳи миллии Сингапур ) -ро хатм кардааст. Вай акушер-гинеколог шуда кор мекард.

 
Қабри президент Б. Ҳ. Ширс

Соли 1940 барои ду соли таҳсили баъдидипломӣ дар Бритониёи Кабир соҳиби стипендияи шоҳона гардид. Ба ӯ стипендияи шоҳона дода шуд, ки ба ӯ шароит дар ду соли таҳсили баъдидипломӣ дар Бритониёи Кабирро фароҳам овард. Аммо сар задани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба таҳсили ӯ халал расонд.

Дар замони ишғоли Сингапур аз ҷониби Ҷопон дар солҳои 1942-1945 ӯ бузургтарин беморхонаи занон ва кӯдакони ҷазираро сарварӣ мекард. Дар ин давра бори нахуст аз ҷониби ӯ ҷарроҳие ҷорӣ карда шуд, ки дар натиҷа маргу маризии занони ҳомила камтар шудааст. Пас аз анҷоми ҷанг, ӯ аввалин табиби сингапурӣ гардидааст, ки ба ҳайси профессори соҳаи табобати акушерӣ ва гинекология дар Коллеҷи тиб ба номи шоҳ Эдвард VII таъин шуда буд.

Соли 1947 барои баланд бардоштани тахассуси худ ба Мактаби тиббии шоҳона дар Британиёи Кабир дохил шуд. Ӯ аспирантураро дар Лондон ба итмом расонд ва дар моҳи январи соли 1948 ӯ аввалин акушер аз Сингапур буд, ки ба унвони узви Коллеҷи шоҳии акушерҳо ва гинекологҳои Англия мувофиқат кард. Дар моҳи марти соли 1948, бо унвони дараҷаи мутахассиси Коллеҷи шоҳии ҷарроҳӣ дар Эдинбург, ӯ ба Сингапур даъват карда шуд ва дар он ҷо профессори акушерӣ ва гинекология гардид. Дар моҳи июни соли 1948 ӯ инчунин мушовири фахрии беморхонаи низомии Бритониё таъин карда шуд.

Соли 1950 ӯ доктори илмҳои тиб шуд. Ширс сарвари беморхонаи генералии Сингапур шуд. Аз январи соли 1950 то июни соли 1960 профессори акушерӣ ва гинекологияи Донишгоҳи Малая дар Сингапур буд. Баъдтар ба амалияи тиббии хусусӣ машғул шуд. Саҳми назарраси ӯ дар тиб технологияи вагинопластика буд, ки баъдан дар тӯли даҳсолаҳо дар ҷарроҳии тағир додани ҷинс истифода мешуд.

Акушер - гинекологи машҳур. Узви Коллеҷи шоҳии акушерҳо ва гинекологҳо ( Бритониё ). Узви Коллеҷи ҷарроҳони Амрико . Вай дар ИМА ва Бритониёи Кабир лексияҳо мехонд ва барои маҷаллаҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ мақолаҳои зиёде навиштааст. Вай акушер ва гинекологи шахсии баъзе аъзоёни оилаҳои шоҳии Малайзия буд. Дар Сингапур оид ба масъалаҳои банақшагирии оила кор кардааст. Ибтидои соли 1970 ӯро ба Комитети оид ба ихтисоси тиббӣ таъин карданд.

Аз соли 1971 то соли 1981 ба ҳайси президенти Сингапур, ки аз ҷониби Маҷлиси қонунгузор интихоб шуда буд, кор кардааст. Вай то дами маргаш 12 май соли 1981 се муддат пай дар пай президент буд. Бар асари бемории саратон фавтидааст.

Ӯ дар қабристони давлатӣ дафн карда шудааст.

Мукофот ва унвонҳо

вироиш
  • Ҷумҳурии Индонезия Ситораи Адипурна ( Индонезия ) (1974).
  • Занҷири ордени Сикатуна ( Ҷумҳурии Филиппин ) (1976).
  • Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Сингапур (1970).
  • Корманди фахрии Ҷамъияти шоҳии тиббӣ (1975).
  • Корманди фахрии Коллеҷи шоҳии акушерҳо ва гинекологҳо (1976).

Хотира

вироиш
  • Пул ва бинои Sheares Hall дар Донишгоҳи миллии Сингапур ба номи Бенҷамин Ҳенри Ширс гузошта шудааст.

Пайвандҳо

вироиш