Берг, Аксел Иванович

А́ксел Ива́нович Берг (29 октябр (10 ноябр) 1893, Оренбург — 9 июли 1979, Маскав) — радиотехники шӯравӣ, муҳандис-адми­рал, академики АИ ИҶШС (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сотси­алистӣ (1963).

Берг, Аксел Иванович
русӣ: Аксель Иванович Берг
Таърихи таваллуд 29 октябр (10 ноябр) 1893
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 июл 1979(1979-07-09) (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Радиотехника
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Шогирдон Bashir Rameyev[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Академияи Ҳарбии Баҳрии Ленинградро хатм кардааст (1925). Солҳои 1924–43 муаллими мактаб­ҳои олии Ленинград (аз соли 1930 профессор). Солҳои 1932–43 сардори Институти тадқиқоти илмии алоқаи қувваҳои ФҲБ-и Артиши Сурх, аз июли 1943 то окт. 1944 ҷонишини комиссари халқии саноати электрикӣ, 1943–47 ҷонишини раиси Шӯро оид ба радиолокатсия. Аз 1951 директори Институти радиотехника ва электроникаи АИ ИҶШС. Солҳои 1953–57 ҷонишини Вазири мудофиа. Аксел Берг яке аз олимони барҷастаи соҳаи кибернетика, муаллифи корҳои илмии сершумор оид ба радиотехника буд. Оид ба генераторҳои лампавии электронӣ, радиоқабулкунак, радиопеленгатсия, радиолокатсия ва ғ. таҳқиқот бурдааст. Бо ташаббус ва роҳбарии Б. чандин институтҳои тадқиқоти илмӣ ва з-дҳо сохта шуданд. Солҳои 1950–60 Аксел Берг раиси Шӯрои умуми­иттифоқии АИ ИҶШС оид ба радиофизика ва радиотехника буд. Аз соли 1959 Раиси Шӯро оид ба муаммои «Ки­бернетика»-и назди Раёсати АИ ИҶШС буда, ҳамоҳанг­созии таҳқиқотро дар соҳаи киберенитка сар­варӣ мекард. Барои рушди бионика, кибернетикаи техни­кӣ, «шуури сунъӣ» дар ИҶШС саҳми калон гузоштааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо 4 ордени Ленин, 6 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. Берг Аксель Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт

вироиш