Open main menu

Радиоте́хника — илмест дар бораи методҳои генератсия, тақвият, қабул ва истифодаи лаппишу мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон; соҳаи техника аст, ки истифодаи мавҷҳои электромагнитии радиодиапазонро дар радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, радиолокатсия ва радионавигатсия амалӣ ме­гардонад, ба назорату идора намудани мошину механизмҳо, равандҳои технологӣ ва ғайра мусоидат мекунад.

Радиотехника пайваста бо радиофизи­ка, электротехника, физикаи диэлектрикҳо, физикаи нимноқилҳо, электроакустика, электроника, назарияи лаппишҳо, назарияи информатсия ва ғайра инкишоф ёфт.

ТаърихВироиш

Таърихи Радиотехника аз корҳои М. Фарадей ва Ҷ. К. Максвелл ибтидо мегирад. Мавҷҳои электромагнитии (МЭ) радиодиапазонро аввалин бор Г. Ҳертс (1886—1889) ҳосил кард ва омӯхт. Вай қобилияти ин мавҷҳоро ба инъикос, шикаст, ин­терференсия ва поляризатсия нишон дод, аммо татбиқи онҳоро барои интиқоли ахбор пешбинӣ карда натавонист. Дар таҷрибаҳои Гертс ҳодисаи резонанс роли муҳим бозидаанд. А. С. Попов таҷрибаҳои Гертсро ривоҷ дода, масъалаи бо ёрии МЭ муқаррар кардани алоқаи бесимро ҳал намуд ва аппарати ба қайдгирии сигналҳоро сохт. Попов 7 май 1895 аввалин дар ҷаҳон радиоприёмникро бунёд кард. Тақрибан баъди як сол кори чунин аппаратро олими италиявӣ Г. Маркони намоиш дод.

Аввалин радиостансияҳои ирсол ва қабул, ки дар давраи аввали ин­кишофи Радиотехника бунёд гардиданд, бо радиомавҷҳои зудхомӯшшаванда (мавҷҳои кӯтоҳ) кор мекарданд. Ба туфайли гузаштан ба истифодаи мавҷҳои нисбатан дароз, афзудани иқтидори нақлкунакҳо ва андозаҳои антенна, инчунин татбиқи детектор масофаи радиоалоқа тадриҷан зиёд шуд. Истифодаи радиомавҷҳои хомӯшнашавандае, ки бо генераторҳои камонӣ ва мошинии баландбасомад ангезонда мешаванд, зинаи нави инкишофи Радиотехника гардид. Соли 1925 бо ёрии мошини индуктории баландбасомади В. П. Вологдин байни Москва ва Ню-Йорк радиоалоқа муқаррар карда шуд. Ба вуҷуд омадани лам­паи электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои Радиотехника тағйироти куллӣ ба амал овард. Бо истифодаи радиолампаҳо генериронии радиомавҷҳои дарозиашон аз чанд сад м то чанд км имконпазир гардид.

Ибтидои солҳои 20 асри 20 баробари алоқаи радиотелеграфӣ радиошунавонӣ низ ба вуҷуд омад. Афзоиши шумораи радиостансияҳои алоқа ва радиошунавонӣ ва кӯшиши бо мавҷҳои дароз кор кардани онҳо боиси дар эфир зиёд шудани халалҳои тарафайн гардид ва зарурати риоя намудани созишҳои байналхалқиро оид ба тақсимоти радиомавҷҳо ба миён овард. Дар бунёди стансияҳои пуриқтидори радиошунавонӣ ва шабакаҳои синхронӣ СССР дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Пайдоиши телевизиони электронӣ, ки дар миёнаҳои асри 20 маъмул гардид, дар Радиотехника дигаргуниҳои калон ба амал овард. Барои мушоҳидаи просессҳое, ки дар шароити ба инсон дастнорас (дар кайҳон, умқи замин, соҳаҳои радиатсияашон баланд ва ғайра) ба амал меоянд, аппаратҳои телевизионӣ низ истифода мешаванд.

Радиолокатсия ва радионавигатсия соҳаҳои махсуси радиотехника ба ҳисоб мераванд, ки бо методҳои онҳо мавқеъ, суръат ва дигар параметрҳои объектҳои дур аниқ карда мешавад. Ра­диолокатсияи сайёраҳо бомуваффақият ривоҷ ёфта истодааст, барои стансияҳои радиолокатсионӣ радиолампаҳои хосса истеҳсол карда ме­шаванд.

Ба вуҷуд омадани диодҳои нимноқилӣ ба пайдоиши транзисторҳо ва асбобҳои электронӣ-нурӣ боиси пайдоиши телевизиони ранга гардид. Pадиолокатсияи замонавӣ амалан дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон — барқарор кардани алоқа бо радифони маснӯи Замин ва дигар аппаратҳои кайҳонӣ, таъмини парвози инсон ба кайҳон (ниг. Алоқаи кайҳонӣ), системаи идораи автоматӣ, радиометеорология, радиоастрономия, электроакустика, сабти садо ва ғайра мавқеи муҳим дорад.

Дар СССР журналҳои умумииттифоқии «Радиотехни­ка и электроника», «Радиотехника» ва «Радио» мунтазам нашр мешуданд.

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.