Береи Жиффар (лот. Pyrus communis Beurré Giffard) — навъе аз нокҳои пешпазак.

Таърих

вироиш

Дарахташро бори аввал Н. Жиффар дар маҳалли Ангии Фаронса ёфтааст. Аз соли 1825 парвариш карда мешавад. Дарахташ хурди аҳромшакл, шохаҳояш паст, паҳну парешон. Навдаҳояш сиёҳи сурхча, баргаш борики дарозрӯя, бедандона, думчааш борик. Мевааш калон (дарозиаш 70-78 мм, бараш 58-60 мм; вазнаш 70-100 г), ширин, хушбӯй, дар як ҷо 5-6-тоӣ ҷой гирифтааст; пӯсташ нафиси сабзи зардча, тухмаш зарди ҷигаритоб. Дарахтони ҷавон то 100—200 кг ҳосил медиҳанд. Ҳосилаш нимаи дуюми июл баробар мепазад (онро як ҳафта пеш аз пухтан мечинанд). Дарахташ ба сармо тоб намеорад, вале дар шароити иқлими Тоҷикистон хунук задани он мушоҳида нашудааст. Дар заминҳои сернаму ҳосилхез нағз нашъунамо мекунад. Аз ҳад зиёд калак кардан боиси камҳосилии он мегардад. Пас аз 6-7 сол ва ҳангоми ба биҳӣ пайванд кардан баъди 4-5 сол самар медиҳад. Меваашро 7-10 рӯз нигоҳ доштан мумкин. Қариб дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад. Ба касалии қӯтурак тобовар аст; баъзан аз касалии тосак зарар мебинад.

Адабиёт

вироиш
  • Вубдов Г. А. Груша. Л., 1931; Сорта плодовых и ягодных культур. М., 1953;
  • Симиренко Л. П. Помология. Т. 2. Киев, 1962;
  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.Ҷ. 1. Д., 1989.