Нок
Нок, муруд, амруд (лот. Pýrus) — меваест маъмул.
Нок | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Pyrus L., 1753 | ||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
|
Хосияти ғизоӣ
вироишНок хуштаъму серғизо буда, барои тархӯрӣ истифода мешавад, аз он мураббо, шарбат, компот, мармелад, повидло, моқут, май ва ғайра тайёр мекунанд. Таркиби нок аз сафеда, қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), полисахаридҳо, оҳар, моддаҳои органикӣ, витаминҳои Е,С,Р,В1, В2, В6, каротин (провитамини А), микроэлементҳо иборат аст.
Хосияти шифоӣ
вироишНок дар тибби қадим чун меваи доруӣ маълум буд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино нок ҷароҳатро ба ҳам меорад, меъдаро қувват мебахшад, ташнагиро мешиканад. Нок боиси қулинҷ мегардад, бинобар ин онро бо оби ангубиномехта ё шириниҳо истеъмол кардан лозим аст. Ба қавли Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ нок хусусияти дарунбандӣ дорад. Аз ин рӯ баҳри ихтилоли рӯда муфид аст. Нок табъро болидаю хуш мегардонад, барои дилзанӣ нафъ дорад, меъдаро қувват мебахшад, ба ҳазми хӯрок месоидат менамояд, сӯзиши масона ва иллати шушро аз байн мебарад. Баъди истеъмоли нок нӯшидани оби хунук, инчунин хӯроки сахт ва гӯшт манъ аст. Агар пухтагии онро бихӯранд, майнаро аз камӣ таъмин мекунад, назларо дафъ месозад, баданро фарбеҳ менамояд, дил, меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро қувват мебахшад, дилтапак (дилбозӣ), ташнагӣ ва сӯзиши хичакро дафъ мекунад, ҳолати бади хунро ба эътидол меоварад, дарунро мулоим менамояд. Нок дафъкунандаи заҳри занбӯруғҳо аст. Гули нокро бихӯранд фараҳ меоварад, хун қай карданро манъ мекунад, исҳолро мебандад. Агар онро кӯфта гузошта банданд варами чашмро таҳлил медиҳад. Агар барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷароҳатро хушконда сиҳат мебахшад. Чӯб ва барги нокро сӯхта, чун сурма ба чашм кашанд, таъсираш монанди тӯтиё мебошад. Нокро бисёр хӯранд, бод ба вуҷуд меорад. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «… муфарреҳ ва муқаввӣ ва ҷолӣ ва бо қуввати қабиза ва мулайина ва беҳтар аз себ аст дар аксари мавридҳо. Мураттиби димоғ ва муфарреҳ ва муқаввии дил ва меъда ва (қувваи) ҳозима ва рафъкунандаи таниши дил ва ташнагӣ ва сӯзиши масона ва муаддили (ба эътидол оварандаи) хун ва мулайини табъ ва бо қуввати қобиза (қабзиятовар) баъд аз талъин (нарм кардан). Ва манъкунандаи баромадани бухорҳо ба димоғ, хусусан хӯрдани он баъд аз таом». Дар тибби халқӣ меваи тар, шарбат ва ҷӯшоби меваи хушки нокро чун воситаи пешоброн, зидди сурфа, табшикан ба кор мебаранд. Дар тибби муосир ҷӯшоби меваи нокро барои илоҷи дарди санги масона ва чун давои пешоброн кор мефармоянд. Витаминҳо, макро- ва микроэлементҳои таркиби нок кори системаи дилу рагҳо ва узвҳои ихроҷи пешобро беҳтар мекунанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маълумот дар бораи ҷинси Pyrus дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
Адабиёт
вироиш- Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов, Раҳим Ҳошим), Д., 1975;
- Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.