Береи Лигел
Береи Лигел, Аморет, Коперечко, Лигел — як навъ нок.
Таърих
вироишМувофиқи ақидаи як гурӯҳ олимон (К. Кох, В. Лаух, А. Розентал) Береи Лигел навъи худрӯй буда, соли 1782 дар атрофи деҳаи Коперечеи Богема ёфт шудааст. Мувофиқи ақидаи дигар олимон (А. Мас, А. Леруа ва Дитрих) Береи Лигелро соли 1788 дар Белгия аз тухм рӯёндаанд. Дарахташ дарозумри тезсабз (дар 4-5-солагиаш самар медиҳад), баланд, шохаҳояш зичи аҳромшакл, навдаҳояш дароз. Баргаш байзашакл, сабзи хокистарранг (баргҳои наврустааш сурхча). Мевааш байзашакли миёнаҳаҷм, вазнаш 120—170 г, баъзан то 300—400 г; думчааш кӯтоҳ, пӯсташ ҳамвори нафис, холчаҳои бӯртобу хокистарранг дорад (рангаш баъди пухтан зарди тилоӣ, тарафи офтобрасаш сурхча мешавад). Мағзи мевааш зардча, хеле нарм, сероби ширин ва хушбӯй. Береи Лигел дар Қафқози Шимолӣ, Украина, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистону Ӯзбекистон фаровон парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон дар вил-ҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор мерӯяд. Ҳангоми бо нок пайванд кардан дарахташ калон мешавад, аз ин рӯ онро бо тартиби 8 ×6 м мешинонанд. Дар сурати бо биҳӣ пайванд кардан дарахташ миёнақад мешавад (тартиби шинондани ниҳол 5 × 4 м). Береи Лигел барои диг. навъҳои нок пайвандтаки хуб низ мебошад. Дарахтони ҷавонаш ҳар сол ва дарахтони солхӯрдааш солдармиён ҳосил медиҳанд. Аз ҳар дарахт 250—300 кг мева мегиранд. Дарахташ сармобардор аст, ба хушкӣ тоб намеоварад. Меваи пухтааш аз таъсири шамол мерезад, аз ин рӯ чидани онро ба таъхир андохтан лозим нест. Меваи барвақт чидаашро 19-25 рӯз нигоҳ доштан ё ба ҷойҳои дур кашондан мумкин. Аз касалии тосак зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Береи Лигел / С. Маҳмадаминов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Симеренко Л. П. Помология. Т. 2. Киев, 1962.