Берн
Бе́рн (олмонӣ: Bern [ˈbɛrn], фр. Berne, итол. Berna, румш. Berna) — пойтахти Швейтсария, маркази маъмурии округи Берн. Дар ду соҳили дареи Ааре, дар баландии 572 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳ. 51,60 км2. Аҳолиаш 123 466 нафар (2009). Забони расмӣ — олмонӣ. Аэропорти байналмилалӣ дорад. Роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард Бернро бо шаҳрҳои Аврупо пайваст мекунад.
Шаҳр | |||||
---|---|---|---|---|---|
олмонӣ: Bern | |||||
![]() | |||||
|
|||||
Кишвар | Швейсария | ||||
Кантон | Берн | ||||
Округ | Берн | ||||
Координатаҳо | 47°00′00″ с. ш. 07°27′00″ в. д.HGЯO | ||||
Мэр | Александр Шаппат | ||||
Масоҳат | 51,6 км² | ||||
Забони расмӣ | олмонӣ | ||||
Аҳолӣ | ▲ 131 554[1] нафар (2015) | ||||
Номи қавмӣ | бернӣ, берниҳо | ||||
Коди телефон | 031 | ||||
Сайти расмӣ |
bern.ch (олмонӣ)(фр.)(ит.)(англ.) |
||||
ТаърихВироиш
Берн соли 1191 бунёд шудааст. Аз соли 1848 пойтахти Швейтсария. Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX маркази инқилобгарони муҳоҷири рус буд.
СаноатВироиш
Маркази калони саноатии мамлакат (баъд аз Сюрих ва Базел). Соҳаҳои асосии саноаташ: радиоэлектроника, электротехника ва мошинаҳои дақиқ (телефон, таҷҳизот, асбобҳои барқӣ, мошинаҳои полиграфӣ ва ғайра), бофандагӣ, дорусозӣ, кимиёӣ, хӯрокворӣ (консерв, орд, шоколад, пиво), чӯбгарӣ, табъу нашр ва ғ.
ИқтисодВироиш
Берн бонкҳои калонтарин (Фолксбонк, бонки миллӣ) ва ғ. ҳастанд. Дар он қароргоҳи созмонҳои байналмилалӣ мавҷуданд. Берн маркази сайёҳии байналмилалист. Дар Берн Академияи илмҳои дақиқ (1815), донишгоҳ (1834), Калисои ҷомеаи Винсенти Муқаддас (1421—1588) ва ратуша (1406—1417), бинои парламент (1852—1901), китобхонаи миллӣ, боғи ботаникӣ, театр (1903) ва Осорхонаи Алберт Энштейн ҷойгир аст.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Берн // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
ПайвандҳоВироиш
Берн дар Викианбор |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |