Бета-табобат
Бета-табобат — яке аз тарзҳои шуоъшифоӣ.
Бета-табобат ба тавассути электронҳо (бета-зарраҳо), ки ҳангоми бета-коҳиши изотопҳои радиоактив хориҷ мешаванд, сурат мегирад. Бета-табобат чанд хел мешавад: аппликатсиявӣ, дохилибофтавӣ, дохилибаданӣ ва ғ. Ҳангоми бета-табобати аппликатсиявӣ ба қисмҳои осебдидаи бадан аппликаторҳое, ки изотопҳои радиоактиви фосфор (32P) ва таллий (204Tl) доранд, гузошта мешавад. Бета-табобати аппликатсиявиро барои табобати ангиомаи мӯйрагҳо, баъзе бемориҳои музмини чашм, лейкоплакияи луобпардаҳо ва ғ. истифода мебаранд. Бо усулҳои дигари бета-табобат омосҳои бадфарҷомро табобат мекунанд. Дар мавриди бета-табобати дохилибофтаӣ ба бофта маҳлулҳои радиоактиви поллоидии тило (188Au), иттрий (90Y), нуқра (111Ag) ё пайвандакҳои (штифтҳои) дарозиашон 3–4 см-аи дорои изотопи тило (198Au) ё иттрий (90Y) ворид менамоянд. Дар аснои бета-табобати дохилибаданӣ маҳлули коллоидии тило (198Au)-ро баъди ҷарроҳии саратони шуш, тухмдон, меъда ва рӯдаҳо ба ҷавфи шикам ё пардаи шуш мефиристанд. Ҳангоми бемориҳои ғадуди сипаршакл доруҳои йоддор (131J) ва узвҳои хунофар доруҳои фосфор (32P)-ро таъйин менамоянд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бета-табобат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.