Алфа-табобат (α-табобат) — як тарзи шуоъшифоӣ.

Бо ин мақсад аз изотопҳои кӯтоҳумр, ки аз организм зуд ихроҷ мегарданд, истифода мебаранд (онҳо алфа-, бета- ва гаммашуоъ медиҳанд). Дар мавриди алфа-табобат организм асосан алфа-зарраҳо (тақрибан 90 %)-ро фурӯ мебарад. Алфа-табобат дар шакли обзанҳои радонӣ, ҳамчунин бо роҳи нӯшидани обҳои радондор, микроимола (микроклизма), нафас гирифтани ҳавои радондор, истифодаи бандинаҳои радиоактив ё марҳаму маҳлулҳои торийдор амалӣ мегардад. Алфа-табобат кори системаи асаб, дил, рагҳо ва ғадудҳои усораи дохилиро ба сомон меорад. Алфа-табобат асосан дар курортҳо (масалан, Хоҷаобигарм) таъйин карда мешавад.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш